Бахшҳое аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ. Ҷунайдуллоҳ-Махмуд Ҳозиқи Ҳиротӣ

Дар аҳди амир Ҳайдар (баъд аз соли 1216 ҳиҷрӣ) ба Бухоро омада, баъд аз чанд гоҳ ба Хўқанд, ба хидмати Умархон шитофта. Дар муноқашаҳои Бухорову Ҳўқанд аз забони Умархон ба амир Ҳайдар ин байтро навишта:

Фард

Сазад, ки шоҳи Бухоро мутеъи ман гардад,

Умар ба тахти хилофат – муқаддам аз Ҳайдар.

Баъд аз фавти Умархон, дар аҳди амир Насруллоҳ ба Бухоро бозгашта омада. Дар сайри Самарқанд дар рикоби амир Насруллоҳ шеъре мушъир бар золимии ў хонда. Чун ин шеър ба воситаи ҷосусон ба гўши амир расида, илова бар кинаи деринашуда оташи ғазаби амирро шўълавар гардонида.

Чун Ҳозиқ ба воситаи дўстони худаш аз моҷаро хабар ёфта, аз ҷони худ ба андеша афтода, ба Шаҳрисабз, ки он гоҳ истиқлол дошт, фирор намуда.

Бо ин ҳама сари худро ба саломат бурда натавониста. Амир Насруллоҳ дуздеро ба Шаҳрисабз фиристонда, ки дар хобгоҳш ба қатлаш расондааст. (Таърихи вафоташ маълум нашуд, гумон меравад, ки дар байни 1246 - 1250 бошад).

Гўянд, ки аз иттифоқони аҷиба шеъре шаби мақтул шуданаш иншод кардааст, ки ин ғазал он шеър аст:

Ғазал

Чи сайдам ман, ки на бисмил шудам, на зеби фитроке,

На аз хунам замин олуда шуд, на домани поке.

Нигоҳамро тамошои гулу шабнам намебояд,

Ману дар кунҷи узлат ёди рухсори арақноке.

Дилам аз бетамизиҳои абнои замон хун шуд,

Набудӣ кош лавҳи хотирамро нақши идроке.

Фалак гар сифларо иззат диҳад, хораш кунад охир,

Ҳаво зад бар замин, бардошт боло чун кафи хоке.

Маро шўри ҷунун аз панди носеҳ кам намегардад,

Чи имкон аст роҳи шўъла бандад мушти хошоке.

Набошад ҳеҷ доғ аз доғи ҳаҷри ёр сўзонтар,

Ба васли шамъ кай парвонаро з-оташ бувад боке?

Надидам дар баҳори зиндагӣ, Ҳозиқ, дар ин саҳро

Ба ранги лола ҷуз доғи дилеву синаи чоке.

***

Ҳозик мустазоди мукаррар иншод карда, ки матлаъаш ин аст:

 

                        Бо ноз аҷаб рост ба бар карда қаборо бо рўи чу моҳе,

                                                                                                            каҷ карда кулоҳе,

                        Ҳар рўз нишон карда дили аҳли вафоро бо тири нигоҳе,

                                                                                                             аз ҳар сари роҳе.

Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ,

 мутахасисси шуъбаи кўдакон ва наврасон.