Сад шукр, Тоҷикистон ваҳдатсаро шуд аз нав...

 Дар маҳфили “Дастони моҳир” сохтани кабӯтар чун рамзи сулҳу ваҳдат супориш шуд. Дастони моҳир” дар остонаи ҷашни Ваҳдат баргузор шуд ва мавзуъи сохтани кабӯтар ҳам рамзӣ буд. Гузаштагони мо ин парандаи зеборо ҳамеша ба унвони пайғомрамони сулҳу оштӣ муаррифӣ кардаанд ва ҳар ҷо агар сухан аз сулҳ равад, ҳатман дар он расми кабӯтар кашида мешавад. 

Тоҷикистон баъди ҷанги панҷсолаи дохилӣ 27-уми июн созишномаи Сулҳ ва ризоятӣ миллӣ имзо шуд ва аз он рӯз ба инҷониб ин рӯз чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. 

Сад шукр, Тоҷикистон ваҳдатсаро шуд аз нав,

Ҳар хонаву дари он мулки вафо шуд аз нав.

Рўзи Ваҳдати Миллӣ ва истиқрори сулҳ ҳамчун яке аз хушрўзиҳои халқи тоҷик дар солномаи ҷашнҳои шарифу муборак таърихан сабт гардидааст. Сарзамини тоҷиконро дар ин рўзи таърихӣ сулҳу субот, дўстию сафо ба таври ҷовидона фаро гирифтааст.

 Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукумфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кушишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд,  имрўз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, якдигарфаҳмӣ падидор аст.   

 Дар маҳфил муаллима бо  хонандагон  дар бораи Сулҳ саволу ҷавоб намуд. Маълум шуд, ки хонандагон дар ин бора маълумоти кофӣ доранд ва ҳамчунин рамзи сулҳу осоиш будани кабӯтарро низ медонанд.  Ин буд, ки онҳо хеле ба хубӣ аз уҳдаи кашидани расми кабӯтар ва бо истифода аз картону ширеш сохтани он баромаданд.

Шаҳноза Дониёрова.