Хатлон. Раҳнамои гардишгарон ба ду забон: тоҷикӣ ва англисӣ

 Дар иртибот ба мавзеҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳнамо барои сайёҳон бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки ҳамакнун ба Китобхонаи миллӣ расид. Дар роҳнамои мазкур бо тартиби муайян  дар бораи  ба ҳар як шаҳру ноҳия, таърих, мавзеҳои ҷолиби сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ, вижагиҳои минтақа  маълумоти фишурдае оварда шудааст, ки бешубҳа барои ҳар як сайёҳи дохилу хориҷ ҳазорҳо розро бозгӯ ва сайёҳати онҳрор ҷолибу осон месозад.

Вилояти  Хатлон яке аз минтақаҳои таърихии меҳан ба ҳисоб рафта, 17 фоизи ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.  Дар вилотяи Хатлон айнизамон 21 ноҳия ва  4 шаҳр мавҷуд аст, ки ҳар кадом дорои мавзеҳои таърихию сайёҳи махсус мебошад.

Имрӯз дар қаламравӣ вилояти Хатлон 795 ёдгориҳои фарҳангӣ, бостонӣ, меъморӣ, монументалӣ ва мавзеъҳои сайру саёҳат  мавҷуд мебошанд, ки аз инҳо 117 адад ёдгориҳои меъморӣ, 515 адад ёдгориҳои бостонӣ ва 163 адади онҳоро монументалӣ ташкил медиҳад, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.

Дар вилоят 73 меҳмонхонаҳо, 31 осорхона, 60 мавзеъҳои табиӣ, 27 истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 125 тарабхона, 31 осорхона, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 80 зиёратгоҳ, 22 адад боғҳои фарҳангӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, ки шароити хубест барои тамошо.

Хатлон макони фарҳангу ҳунар аст. Миёни мардум ҳунарҳои чакандузию гулдузӣ, чубтарошию заргарӣ ва ҳамин гуна ҳунарҳои миллӣ рӯ ба инкишоф буда, маҳсули дастони гулофарини ҳунармандони водӣ чандин намоишгоҳу фестивалҳои чаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст. Манзараҳои дилфиреби Хатлон диққати сайёҳонро ба худ ҷалб хоҳад кард.

 

А.Абдуқаҳҳор

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.