Чанд сухан аз ҳунарманди асил Бобоҷон Азизов
Нашр шуд 2020-06-26 15:49
Бобоҷон Азизов, ки имрӯз ба синни мубораки 70 қадам гузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон.
Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кўлоб (1971). Дар хизмати ҳарбӣ (1972-74).
Корманди Хонаи маданияти шаҳри Кўлоб (1974-76), сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ш. Кўлоб ба номи С. Вализода (1976-89).
Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон».
Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дорад. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда», «Ёди Ватан», «Ҳарфи дигар мазан», «Нолаи Кова», «Хори макун», «Модар», «Ту ширинлаб» ва ғайра, ки Азизов сурудааст, хеле дилнишинанд. Азизов маҳорати хуби актёрӣ низ дорад; дар як зумра намоишҳо нақшҳои асосиро бозидааст: Муҳаммадалии Ашқар («Карим Девона» - и Т. Аҳмадхонов), Фарҳод («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А.Деҳотӣ) ва ғайра.
Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии театрҳои халқӣ дар ш. Москва (1969), Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар ш. Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983). Бо ордени Дўстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи милии тоҷик. – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – С. 210.
Дар бораи Бобоҷон Азизов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам бихонед:
Аюбзода, С. Подоши хизмат. Ба солистони Театри драмаи мусиқии ба номи С. Вализода Бобоҷон Азизов ва Давлат Холов додани унвони баланди Артисти Хизматнишондодаи республикаи РСС Тоҷикистон.
// Роҳи Ленинӣ. – 1983. – 7 ноябр.
Аюбзода, С. Суруд қисмати ўст: Дар бораи фаъолияти эҷодии Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Бобоҷон Азизов // Адабиет ва санъат. – 1988. – 4 феврал.
Азизов Бобоҷон: Ҳаёт ва фаъолият // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.1. – С. 111.
Баротов, Н. Азизи санъати тоҷик: Роҷеъ ба фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони варзидаи Қасри фарҳанги шаҳри Кўлоб Бобоҷон Азизов // Адабиет ва санъат. – 2018. – 20 декабр.
Таҳияи Манижа Раҷабова
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.