Васфи тиб ва табибон дар "Маснавии маънавӣ"

Як муҳаққиқи тасаввуф ва орифи машҳури ҳинд ҳазрати Иноятхон дар бораи донишманд ва адиби бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ (1207-1273) сухан гуфта, дар китоби худ «Ирфони овозу садо» таъкид доштааст, ки «осори Румӣ чунон бузург аст, ки касе онро бихонад ва бифаҳмад, дониши тамоми фалсафаи ҷаҳониро мегирад». Дар ҳақиқат ҳам, дар осор ва таълимоти Мавлоно, аз ҷумла дар асари машҳури ӯ «Маснавии маънавӣ», доир ба тамоми масъала ва мавзӯъҳои ҳаётӣ маводи мушаххас пайдо кардан имкон дорад. Барои исботи ин суханон дар поён чанд андешаи ин мутафаккири нобиғаро оид ба тиб ва табибон мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Бояд таъкид намуд, ки Мавлоно оид ба тиб ва табибон дар се самт сухан мегӯяд. Аввалан, ӯ ҳамчун намояндаи тасаввуф ва ирфон тибро ҳамчун ишқи маънавие медонад, ки ба Ҳақиқати мутлақ мебарад ва табиб барои мутафаккир дар ин сайру сулук роҳнамо ва муршиди инсон маҳсуб аст:

Шод бош, эй ишқи хушсавдои мо,

Эй табиби ҷумла иллатҳои мо!

Дар ин ҷода Мавлоно ҳисси инсониро ба ду навъ тақсим карда, якеро муҳтоҷ бар табиби рӯҳ ва дигареро эҳтиёҷманд бар табиби бадан шинохтааст:

Ҳисси дунё нардбони ин ҷаҳон,

Ҳисси динӣ нардбони осмон.

Сиҳҳати ин ҳис биҷӯед аз табиб,

Сиҳҳати он ҳис биҷӯед аз ҳабиб.

Сиҳҳати ин ҳис зи маъмурии тан,

Сиҳҳати он ҳис зи тахриби бадан.

Дар маҷмуъ бошад, Мавлоно табиби ҳақиқӣ он шахсеро медонад, ки ҳам рӯҳу равон ва ҳам тану бадани инсонро илоҷ мекунад. Аз ин рӯ маҳз чунин табибон дар «Маснавии маънавӣ»-и мутафаккир сазовори мадҳу ситоиш ва арҷгузорӣ қарор гирифтаанд:

Ин табибонро ба ҷон банда шавед,

То ба мушку анбар оганда шавед!

Сониян, дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно сухан аз мақоми табибон дар ҷомеаи инсонӣ рафта, нақши оно хеле баланд баҳогузорӣ шудааст. Ва ниҳоят, дар ин китоби ҷовидонии Мавлоно қиссаҳо дар барои табибон бо тариқи ҳазл оварда шуда, дар асоси онҳо хулосаҳои муҳимми ирфонию фалсафӣ бардошта шудаанд.

Аз мақоми табибон дар ҷомеаи инсонӣ сухан гуфта, Мавлоно инсонро ҳамеша ниёзманд бар табиб медонад, аз ин ҷост, ки тарғиб мекунад, ки дар илоҷи бемориҳои худ ҳеч як инсон бояд ба худ душманӣ накунад ва аз иршоду дастурҳои табиб берун наравад, чунонки ҳар як таълимгирандаро барои боодобу хушахлоқ будан зарур аст, ки аз гуфтаҳои омӯзгору тарбиякунандаи худ бояд ҳатман пайравӣ намояд:

Гар шавад бемор душман бо табиб

В-ар кунад кӯдак адоват бо адиб,

Дар ҳақиқат раҳзани ҷони худанд,

Роҳи ақлу ҷони худро худ заданд.

Барои Мавлоно тиб илми ҳақиқиест, ки бо истифода аз «қорура» (пробирка) бемории инсонро ташхис мекунад, бо санҷиши набзи қалб оид ба саломатии инсон ба хулосае меояд, дар асоси ранги рӯи инсон ба ҳолати сиҳҳатмандии ӯ баҳогузорӣ менамояд, бо таҳлили нафаскашии бемор табиб вазъи тану бадани ӯро беҳтар аз худи бемор таҳлил мекунад ва амсоли он:

Ин табибони бадан донишваранд,

Бар сиқоми ту зи ту воқифтаранд.

То зи қорура ҳамебинанд ҳол,

Ки надонӣ ту аз он рӯ эътилол.

Ҳам зи набзу ҳам зи рангу ҳам зи дам,

Бӯ баранд аз ту ба ҳар гуна сақам.

Табиб барои Мавлоно ҳамчу боғбонест, ки шоху навдаҳои дарахтонро аз ҷузвҳои зараровар пок мекунад, аз замин гиёҳҳои бегонаро хишова мекунад ва бо ин роҳ ба нашъу нумуи дарахтони боровар шароит фароҳам месозад. Табиб ҳам бо ҳамин василаҳо тани инсонро табобат мекунад, то рӯҳи ӯ шоду озод бошад:

Боғбон з-он мебурад шохи музирр,

То биёбад нахл қоматҳову бирр.

Мебурад аз боғ доно он ҳашиш,

То намояд боғу мева хуррамиш.

Меканад дандони бадро он табиб,

То раҳад аз дарду беморӣ ҳабиб.

Тиб аз нигоҳи Мавлоно илмест, ки тӯли таърихи дурударози инсоният бо ҷамъ овардани маводи гуногун ва озмоиши гиёҳҳои шифобахш дар табобати инсон рушд кардааст. Дониши инсоният дар китобҳои зиёде доир ба табобати рӯҳу тани инсон гирд ва сабт шудааст. Мутафаккир тибро ҳатто ба монанди илмҳои дигар аз ваҳйи паямбарӣ донистааст. Шояд ин мавқеи ӯ аз он реша мегирад, ки тибқи иттилооти баъзе манбаъҳои таърихӣ худи паямбари ислом ҳам шахсияти илмпарвар буда, то нубуввати худ аз донишмандони Академияи Гундишопур, ки дар ҷануби сарзамини ниёгони мо ҷой дошт, тиб омӯхта буд. Мавлоно дар ин боб мефармояд:

Пас табибон аз Сулаймон, з-он гиё

Олиму доно шудандӣ муқтадо.

То кутубҳои табибӣ сохтанд,

Ҷисмро аз ранҷ мепардохтанд.

Ин нуҷуму тиб ваҳйи анбиёст,

Ақлу ҳисро сӯйи бесӯ раҳ куҷост?

Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» таъкид мекунад, ки гирифтор гаштан ба беморӣ барои ҳар як инсон ҳамчун имтиҳон аст. Инсон бояд аз ин беморӣ бо кӯмаки табибон раҳоӣ ёбад, вале ин таҷрибаи бемории худро минбаъд истифода кунад, то боз аз нав ба чунин ранҷҳо гирифтор нагардад. Ба ибораи дигар, бемории рӯҳу тан барои инсон таҷрибаи талхест, ки ақлу зеҳни ӯро минбаъд дар нисбати чунин ҳолатҳо зиракию бедорӣ мебахшад:

Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст,

Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст.

Он замон, ки мешавӣ бемор ту,

Мекунӣ аз ҷурм истиғфор ту.

Менамояд бар ту зиштии гунаҳ,

Мекунӣ нийят, ки боз оям ба раҳ.

Пас яқин гашт ин ки беморӣ туро

Мебибахшад ҳушу бедорӣ туро.

Пас бидон ин аслро, эй аслҷӯ,

Ҳар киро дард аст, ӯ бурдаст бӯ.

Ва ниҳоят, чунонки таъкид кардем, дар бораи тиб, табибон ва беморон дар «Маснавии маънавӣ» чанд ҳикоятеро дар шакли латифа ҳам дучор меоем. Дар ин самт қобили зикр аст, ки дар ин китоб қиссаҳои гуногун бо таҳлилоти илмӣ аз аввал то охир дар омезишанд. Мавлоно чунин як роҳу усули таълиму тарбияро пеш гирифтааст, ки ба усули таълими «аз кейс-стади ба матн» дар замони муосир шабоҳат дорад: дар ин усули таълим як ҳодисаи ҳаётӣ, порае аз осори адабию фарҳангӣ ва амсоли он оварда мешавад ва дар иртибот бо ин матни назариявие барои муҳокима ба шогирдон пешниҳод мешавад. Дар «Маснавӣ» ҳам дар ибтидо қиссае, воқеаи муқаррарие ё худ латифае оварда мешавад ва баъди он муаллиф андешаҳои назариявии худро дар мушкилтарин масоили тасаввуфу ирфон ва амсоли он баён мекунад. Ба ибораи дигар, камтарин таҷрибаи инсонӣ ҳам барои Мавлоно воситаи таълим аст. Ин аст, ки ӯ ба латифаҳои овардаи худ дар «Маснавӣ», ки аксарият аз анъанаҳои ғайрирасмии мардуманд, ишора карда, менависад: «Ҳазл таълим аст, онро ҷид шунав!».

Доир ба тиб ва табибон ду ҳикояте аз «Маснавӣ» ҷолибанд: «Шикоят гуфтани пирмарде ба табиб аз ранҷуриҳо ва ҷавоб гуфтани табиб ӯро» ва «Ба иёдат рафтани кар бар ҳамсояи ранҷури хеш». Бо мақсади дар шакли мукаммал фаҳмидани ҳадафи муаллифи ин қиссаҳо ва канда нагаштани сюжети дохилияшон мо инҷо онҳоро дар шакли муфассалтаре иқтибос мекунем. Ҳикояти аввал чунин аст:

Гуфт пире мар табиберо, ки ман

Дар заҳирам аз димоғи хештан.

Гуфт: «Аз пирист он заъфи димоғ»,

Гуфт: «Бар чашмам зи зулмат ҳаст доғ».

Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи қадим!»

Гуфт: «Пуштам дард меояд азим».

Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи низор!»

Гуфт: «Ҳар чӣ мехурам, набвад гувор».

Гуфт: «Заъфи меъда ҳам аз пирӣ аст»,

Гуфт: «Вақти дам маро дамгирӣ аст».

Гуфт: «Оре, инқитоъи дам бувад,

Чун расад пирӣ, дусад иллат шавад».

Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардӯхтӣ?

Аз табибӣ ту ҳамин омӯхтӣ?

Эй мудаммағ, ақлат ин дониш надод,

Ки Худо ҳар ранҷро дармон ниҳод?

Ту хари аҳмақ зи андакмоягӣ,

Бар замин мондӣ зи кӯтаҳпоягӣ».

Пас табибаш гуфт: «Эй умри ту шаст,

Ин ғазаб в-ин хашм ҳам аз пирӣ аст.

Чун ҳама авсофу аҷзо шуд наҳиф,

Хештандориву сабрат шуд заъиф.

Барнатобад ду сухан, з-ӯ ҳай кунад,

Тоби як ҷуръа надорад, қай кунад».

Дар ин қисса, агарчи ҳозирҷавобию зиракии табиб васф шудааст, вале мақсади Мавлоно тамоман чизи дигар аст. ӯ таъкид мекунад, ки одамӣ ҳеч гоҳ бояд зоҳирбин набошад, балки тамоми ҳодисаҳоро аз рӯи моҳияти ботинии онҳо баҳогузорӣ намояд. Аз ин рӯ Мавлоно ин қиссаро ба таври зайл хулоса кардааст, ки тибқи он на худи масҷид ҳамчун бино, балки ақидае муҳимтар аст, ки онҷо аз ҷониби ягон муршиди хирадманде баён мегардад:

Аблаҳон таъзими масҷид мекунанд,

Дар ҷафои аҳли дил ҷид мекунанд.

Он маҷоз аст, ин ҳақиқат, эй харон,

Нест масҷид ҷуз даруни сарварон.

Дар ҳикояти дуюм оид ба аёдати бемор аз ҷониби як марди ношунаво, ки дар «Маснавии маънавӣ» омадааст, мехонем:

Он кареро гуфт афзунмояе,

Ки туро ранҷур шуд ҳамсояе.

Гуфт бо худ кар, ки бо гӯши гарон

Ман чӣ дарёбам зи гуфти он ҷавон?

Хоса ранҷуру заифовоз шуд,

Лек бояд рафт он ҷо. Нест буд.

Чун бибинам, к-он лабаш ҷунбон шавад,

Ман қиёсе гирам онро ҳам зи х(в)ад.

Чун бигӯям: «Чунӣ, эй меҳнаткашам?»

Ӯ бихоҳад гуфт: «Некам ё х(в)ашам».

Ман бигӯям: «Шукр, чӣ хӯрдӣ або?»

Ӯ бигӯяд: «Шарбате ё мошбо».

Ман бигӯям: «Сиҳҳа нӯшат кист он,

Аз табибон пеши ту?» Гӯяд фалон».

Ман бигӯям: «Бас муборакпост ӯ,

Чунки ӯ омад, шавад корат накӯ».

Пойи ӯро озмудастем мо,

Ҳар куҷо шуд, мешавад ҳоҷат раво».

Ин ҷавоботи қиёсӣ рост кард,

Пеши он ранҷур шуд он некмард.

Гуфт: «Чунӣ?» Гуфт: «Мурдам». Гуфт: «Шукр»,

Шуд аз ин, ранҷур пурозору нукр.

К-ин чи шукр аст? Ӯ магар бо мо бад аст?

Кар қиёсе карду он каж омадаст.

Баъд аз он гуфташ: «Чӣ хӯрдӣ?» Гуфт: «Заҳр»,

Гуфт: «Нӯшат бод». Афзун гашт қаҳр.

Баъд аз он гуфт: «Аз табибон кист ӯ,

Ки ҳамеояд ба чора пеши ту?»

Гуфт: «Азроил меояд. Бирав»,

Гуфт: «Пояш бас муборак. Шод шав».

Кар бурун омад, бигуфт ӯ шодмон:

«Шукр, к-иш кардам муроот ин замон».

Гуфт ранҷур: «Ин адувви ҷони мост,

Мо надонистем, к-ӯ кони ҷафост».

Мақсад аз ин ҳикоя низ барои Мавлоно тамоман чизи дигар буда, ӯ инсонҳоро барои худдорӣ кардан аз тақлиди кӯр-кӯрона дар корҳо даъват мекунад.

Ба ҳамин тариқ, дар «Маснавии маънавӣ» тибби рӯҳонию тибби ҷисмонӣ, табиби маънавию табиби бемориҳои инсонӣ мақоми хеле баланд доранд. Инсони талабгори шифои маънавию ҷисмониро бошад, донишманд ва орифи ҷаҳонгири тоҷик Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ ҳамеша ба сӯи тарки ноумедиҳо ва боварӣ ба раҳоӣ аз ҳар гуна иллатҳои рӯҳу тан ҳидоят менамояд:

Не, машав навмеду худро шод кун,

Пеши он фарёдрас фарёд кун.

К-эй муҳибби афв, аз мо афв кун,

Эй табиби ранҷи носури куҳун!

Ин суханон идомаи мантиқии ҳамон хушбинии Мавлоноянд, ки дар дафтарҳои аввал ва сеюми «Маснавии маънавӣ» ду бор дар шаклҳои гуногун ба такрор оварда шуда, имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам ба кулли башарият умеди ғолибият ба вабои аср – коронавирусро боз ҳам тақвият бахшидаанд:

Кӯйи навмедӣ марав, уммедҳост,

Сӯйи торикӣ марав, хуршедҳост!

***

Баъди навмедӣ басе уммедҳост,

Аз паси зулмат басе хуршедҳост!

Хуршед Зиёӣ

доктори илми фалсафа, профессор,

директори Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бознашр аз саҳифаи Қиёмиддин Сатторӣ дар Фейсбук

 
Барчаспҳо: