Ёде аз устод Рӯдакӣ дар намоиши китоби Шуъбаи библиографияи миллӣ

Субҳи имрӯз Шуъбаи библиографияи миллӣ фаъолияти худро аз баргузории намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз кард. бахши дар Рӯзи Рӯдакӣ намоиши китоб доир кард.
Хонанадгони толори хониши ин шуъба имрӯз имкон доштанд бо китобҳое чун “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ”, “Ёдномаи устод Рӯдакӣ”, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, “Девони Рӯдакӣ”, “Ишқи Рӯдакӣ”, “Одамушшуаро Рӯдакӣ” ва ғайра аз наздик ошно шаванд.
Имрӯз дар сар то сари кишвар Рӯзи устод Рӯдакӣ буд. Аз сари субҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон ҳамдигарро ба ин рӯзи муборак табрик мекарданд, қитъаҳои шеърӣ аз устод мегузоштанд, дар бораи ӯ ҳарф мезаданд.
Рӯзи Рӯдакӣ ва шеъри Рӯдакӣ, Рӯзи гиромидошти хотираи устоди шоирони олам буд.

Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист...

Дар ғариби ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ,во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб.

Иқтибосе аз машҳуртарин ғазали Хоҷа Комоли Хуҷандӣ. Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ— маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ буд. Дар Хуҷанд зода шуд, вале дар Табрез фавтид. Аз шуароест, ки сафаркарда. Баъди як сафари

Аз авали моҳи ҷорӣ то 20-уми сентябр 3 ҳазору 721 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1160 нафар зиёд аст.

Аксари касоне, ки ки нав узвияти Китобхонаи миллиро ба даст оварданд, донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар ва хонандагони макотиби миёна мебошанд.

Дар ҳамин ҳол оморҳо баёнгари онанд, ки теъдоди хонандагони дар ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ афзудааст. Кормандони толори хониш то зарфи 20 рӯзи моҳи сентябр ба 7 ҳазору 192 нафар хонандагон хизмат расондаанд.

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист...

22-уми сентябр Рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Ин матлаб ба ҳамин муносибат аст. Дар бораи устоди ҳама шоирони олам. Дар бораи азизе, ки зиёда аз даҳ аср аст шеъраш вирди забонҳост. Шахсе, ки дар ин беш аз ҳазор сол ҳам қиммати як байташ кам нашуд. Шоири шоирон, устоди устодон. Шоире, ки ба таври ҳамешагӣ номи устодӣ дар шеърро ба худ ихтисос дод ва ин беш аз ҳазор сол вай барои шоирони ҳамаи наслҳо устод монд.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад машҳур ба Рўдакӣ шоир, асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик соли 858 дар деҳаи Рўдак,

Муаллифи Суруди миллӣ 72-сола шуд

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи шоирони саршиноси кишвар аст. Ҳам шеър гуфтаву мегӯяд ва ҳам насри эътирофшуда дорад. Барои бачаҳо низ ашъори сара сурудааст ва дар ин ҷода ҳам муваффақ будааст.

ГУЛНАЗАР (Гулназар Келдӣ) 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст.

Баъди бо нишони тилло фарҷом бахшидани мактаби

“Нақши дастхатҳои форсу тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ»

Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки баъди зуҳри имрӯз бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон, устодони донишгоҳҳои кишвар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Профессор Абдусалом Мирализода-Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони ифтитоҳии худ дастхатҳоро бузургтарин сармояи фарҳангии кишвар унвон кард ва гуфт садҳо номгӯ

Страницы