Рўдакишиносии даврони Истиқлол

Бо ташаббуси  шуъбаҳои такмили адабиёт ва коркарди адабиёт мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Рўдакӣ  доир гардид.

Саидҷаъфар Саидов - муовини аввали Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани муқаддамотии худ зикр кард, ки 22-уми сентяр бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Рӯдакӣ эълон

Дар маҳфили навбатии «Равшандилон» шеъри навқаламон таҳлил шуд

Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи  хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 15 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор гашт.

Шоири маъруф Хайрандеш, ки бо суханони ифтитоҳи маҳфилро кушод, эълон кард, ки анъанаи деринро идома медиҳем ва дар оғоз ба таҳлил эҷоди навқаламони маҳфил мепардозем.

Дар бораи Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавон хонд?

Аз ҷумлаи машҳуртарин чеҳраҳои илмиву адабӣ ва динии тоҷик аст. Соҳибмактаб ва соҳибкитоб. Файласуфи машҳур, шоире борикназар, носире хушсухан. Дар сафарноманависӣ беҳамто, пандномааш бӯйи Қуръону Ҳадис мекунад. Хондани осораш ҳаловати хос дорад.

Носири Хусрави Қубодиёни шоири форс-тоҷик, файласуф, арбоби дин соли 1004 дар деҳаи Юмгони Бадахшон дар оилаи давлатманди  асилзода ба дунё омадааст. Аз айёми кўдакӣ ба омўзиши илмҳои замони худ, аз қабили сарфу наҳв, забони арабӣ, илми адаб, фалсафа, табииёт, тиб, ҷуғрофия, нуҷум , фиқҳ ва ғайраҳо машғул шудааст.  Дар солҳои ҷавонӣ дар дарбор дабирӣ  кардааст.

Хусрави сармаст андар соғари маънӣ бирехт...Аз даргузашти Амир Хусрави Деҳлавӣ 692 сол сипарӣ мешавад

Сухан аз Амир Хусрави Деҳлавист, ки 27-уми сентябри соли равон ба вафоташ 692 сол мешавад. Амир Хусрав яке дигар аз суханварони форсигӯи ҳавзаи адабии Ҳинд аст.

Ва матлабро аз ин ғазали зебо оғоз кунем. Ғазале, ки як замон дар Тоҷикистон ҳам гуруҳҳои гуногуни Шашмақом месуруданд. Ва чӣ навои дилангезе дошт оҳанги ин ғазал:

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар,
Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Сухани рӯз

«Гоҳо аз мо мепурсанд, ки чаро мо дар замони истиқлолият ба рушду такомули забони давлатӣ ин қадар эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Ин тасодуфӣ нест, чунки забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад.»

Кӯлоб бе Маҳтоб монд...

“Шеъри Маҳтоб содда аст, аммо соддаи пур  аз ҳузну сурур, пур аз мураккабиҳои зиндагии пуртазод ва дилнишин”.

Гулрухсор, сарсухан ба китоби
«Барги сабз», Душанбе, нашриёти
«Адиб», соли  1987

Ин матлаб аз умеду ноумедист. Аз рӯзгори бонуи сухан Маҳтоби Зокир. Агар умр барояш вафо мекард, 20-уми сентябр ба 61 қадам мегузошт. Ва соле пеш шастсола буд...

Маҳтоби Зокир.  Оне, ки умре порсо зист, оддӣ ва миёни анбӯҳи мардум танҳо зист. Ва бо ҳамин танҳоӣ аз ин олам

Страницы