Китоб ва китобат дар таърихи кўҳан. Бахши охир
Омўзиши хатти паҳлавӣ аз сўи ҳамин хирбадон, ки аз омўхтани хатти Авесто тўшаи охират меандўзанд, гуноҳи кабира ба шумор рафта ва хатоест нобахшиданӣ. Ба эътиқоди баъзе аз пажўҳандагон ин ду матлаб алорағми қарор гирифтани билофосила дар канори ҳам ҳар як маълуми давраи фарҳангиву таърихии хосе буда ва аз назари замонӣ дорои фосилаҳои бисёре мебошад.
Мушкили хатти паҳлавӣ ва набудани имкони тасаллут бар он.
Гузашта аз матолибе, ки гузашт набудани ривоҷи суннати китобат дар Ирони Сосонӣ далели дигаре низ дорад ва он мушкил будани беш аз ҳадди хатти паҳлавӣ аст. Ба иборати ба иборати дигар, ин хат ба эътибори мушкилоти навишторӣ ва низ хондани он дорои мушкил аст ва чунончи ба фарзе агар ҳам бар омўхтани хатти паҳлавӣ тавсия мешуд, боз эҳтимоли тўдаи мардум иштиёқе дар истифода аз он нишон намедоданд ва шояд ҷойгузинии сареъи хатти арабӣ ба ҷой он пас аз зуҳури ислом дар Ирон битавонад яке аз далоили ҳамин амр ба шумор ояд.
Гироиш ба суннати шифоҳӣ ба унвони яке аз вижагиҳои фарҳангӣ.
Далелҳои номбурда аз як сў ва асосан гароиш ба суннати шифоҳӣ дар маҷмўъ, аз сўи дигар сабаб шуд, ки суннати китобат дар Ирон Сосонӣ шакл нагирад. Вуҷуди ин суннати шифоҳӣ дар Ирони қабл аз ислом ҳатто дар барҳе аз мутуни мактуби он давра низ ба хубӣ пайдост. Аз ҷумлаи ин мутун бояд ба матни порти сосонишудаи «Ёдгори Зарирон» ва матни портии «Дарахти осурӣ» ишора намуд. Дар ин мутун бавижа дар «Ёдгори Зарирон» ҷанбаҳои наққолӣ комилан рўшан буда ва метавон онҳоро аз дигар бахшҳо фарқ кард.
Таърих яке аз маводи муҳиме буд, ки ба сурати шифоҳӣ сина ба сина нақл мешуд. Ба иборате Сосониён дорои як таърихи ривоӣ буданд, ки реша дар рўзгорони кўҳан дошта ва умдатан аз роҳи нақли шифоҳӣ нақл гирифт. Ин таърих иборат аст бар достонхое дар бораи шоҳони асотирӣ, қиссаҳое дар бораи шахсиятҳои афсонаӣ ва низ таърихи воқеъӣ.
Яке дигар аз умдатарин матолиб ба сурати шифоҳӣ дар Ирони бостон шеър буд, зеро унвони шеър бисёр аз мафоҳими ахлоқӣ, ҳамосӣ, ишқӣ,андарзӣ ва ғайра баён мегардид ва ҳамин суннат дар давраи Портиён сабаб шуд, ки хунёгарӣ ба гунаи худ шакл гирад.
Мэри Бойс мегўяд: «Албатта, шавоҳиде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад хунёгарии ҳирфаӣ дар Ирон қабл аз давраиАшконӣ низ вуҷуд доштааст. Авестоиён навъе адабиёти ривоии саргармкунанда доштаанд, ки маълум он аст, ки онҳоро ба шакли назмӣ, ки ба овоз хонда мешуд, тасаввур намоем.
Қитъаоти боқимонда аз он ба қадре ҳаст, ки битавон собит кард ин адабиёт ба гунае ҳирфаӣ парварда мешудааст. Эҳтимолан афсонаҳои скоии Рустам, ки бо маводи каёнӣ робитаи танг – танг дорад, аз ин гунаанд».
Бидуни шак, ин суннати хунёгарӣ аз ҳимояти китобат бебаҳра буд ва эҳтимолан хунёгарон ба бадеҳасароӣ даст мезадаанд ва овози мавҷуд дар «Вис ва Ромин» низ зоҳиран навъи бадеҳасароӣ аст.
Бар асоси аснод ва мадорик метавон гуфт, ки дар Ирони бостон суннати хунёгарӣ на танҳо аз тариқи хунёгарони ҳирфаӣ, балки ба василаи ҳамагон парварда мешуд. Страбон аз корбурди васеи овозҳои ривоӣ дар таълиму тарбият назди оммаи мардум дар асри Портиён сухан ба миён оварда мегўяд, ки омўзгорон рафтори эзидон ва ашрофро бо овоз ва ҳам бидуни овоз шарҳ медонанд.
Ҳатто шоҳони Сосонӣ низ худ ба суннати шифоҳӣ иштиёқ доштанд ва бештар тарҷеҳ медоданд, ки барои дар ҷараён қарор гирифтани умур аз муҳандисони гуногун баҳра гиранд, то гузориши мактубиро бихонанд.
Кўтоҳи сухан ин, ки вуҷуди суннати шифоҳӣ ва иштиёқ ба дониши ривоӣ амрест, ки дар ҳар сурат яке аз вижагиҳои боризи фарҳангии ин марзу бум буда ва бояд онро ба хубӣ шинохта ва тавсиф намуд.
Аз он ҷое, ки як падидаи фарҳангӣ метавонад алорағми ҷанбаҳои мусобид дорои аворизи нисбӣ бошад ва суннати шифоҳӣ низ ба унвони як хасисаи фарҳангӣ аз ин амр мустасно нест, чун ҷо дорад, ки ба бархе аз ин авориз ишорае гузаро намуд.
Яке аз муҳимтарин аворизи шифоҳӣ набудани вуҷуди табақабандӣ дар улум аст. Дар Ирон пеш аз ислом табақабандии улум дида намешавад. Ба иборати дигар, наметавонем асареро ба таври мустақим, масалан зери унвони фалсафа, нуҷум, таърих ва ё ҷуғрофиё, табақабандӣ кунем. Ин амр сабаб шуд, ки ҳатто бархе тасаввур намоянд, ки дар Ирони бостон шохаҳои гуногун улум вуҷуд надоштааст. Дар ҳоле ки бар аҳли фан комилан равшан аст, ки ин тасаввур нодуруст буда ва сиҳҳат надорад. Балки ҳамон тавр ки гуфта шуд, дар Ирони бостон табақабандии улум анҷом нагирифта ва мо барои ҳар илми хос ба осори мустақил ва мудавване таҳти ҳамон унвон бархурд намекунем ва яке аз бузургтарин илали ин амр ҳамоно вуҷуди суннати шифоҳӣ аст. Муҳимтарин ва бузургтарин кутуб ва осори марбут ба Ирони пеш аз ислом ба ҷуз котибаҳо ва мутуни монавӣ монанди: Бундаҳишт, гузидаҳои Зода аспарам, номаҳои Манучеҳр, Динкард ва ғайра ҳудудан дар қарни саввум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ ба китобат даромадаанд, ки худ нишон медиҳад, ки суннати китобат пас аз зуҳури ислом дар Ирон роиҷ мегардад ва ин дар ҳоле аст, ки бо барасии ин асар дармеёбем, ки ҳар як аз онҳо ҷомеи улуми гуногун ҳастанд. Ба таври мисол,Бундаҳишт якҷо ба устура, ҷуғрофиён, таърих, охиратшиносӣ, офариниш, нуҷум ва ғайра ишора дорад. Динкард ё Доират – ул – маъорифи маздаясно низ ба ҳамин равишт, вале густурдатар тадвин шудааст. Осоре монанди: «Вис ва Ромин», «Ҳазор афсона», «Достони Рустам», «Синдбод нома», «Тўтинома», ва ғайра, ки баъд аз ислом ба китобат даромаданд, пеш аз ислом ба сурати достонҳои ривоӣ нақл мешудаанд.
Аризаи дигари суннати шифоҳӣ ин аст, ки бахши бештари достонҳо, ашъор, таърих ва асотир пас аз гузашта замони дароз аз байн рафта ва танҳо порае аз онҳо, ки тавфиқи ҳимоят аз китобатро ёфтанд, ба дасти мо расидаанд.
Ин амр сабаб шуд, ки ба таври куллӣ дар Ирони бостон китобхона он гуна, ки масалан дар Миср вуҷуд дошт, шакл нагирад. Дар ин ҷо зикри ин нуқта зарурати том дошта ва таъкиди бисёреро талаб мекунад, ки агарчи дар Ирони бостон суннати шифоҳӣ бар суннати китобат ғалаба дорад, аммо ҳамон тавр ки омад, ин ба ҳеч ваҷҳ, ба он маънӣ нест, ки Ирони пеш аз ислом бо илм, донишу хирад бегона будааст. Ирониён ҳам пеш аз ислом ва ҳам пас аз ислом пайваста дар адаб, шеър, таърихнигорӣ, мутолиоти забонӣ, фалсафа, ҳунар ва шохаҳои гуногуни улум дар таърихи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ нуқтаи атф будаву ҳастанд. Арзиши ҳар як аз осоре, ки ба сурати шифоҳӣ нақл мешуд, камтар аз замоне, ки ба китобат даромадаанд, набудааст. Андарзномаҳое, ки пас аз ислом мустақилан ё ба таври зимнӣ мактуб шуданд, дар замони нақли ривоӣ ҳамон таъсиреро доштанд, ки пас аз китобат. Вуҷуди ин амр ба ҳеҷ сабаб аз таваҷҷўҳу гироииши ирониёни бостон ба хирад, андеша ва улум намекоҳад.
С. Сулаймонӣ, профессор
Бознаш аз китоби “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” (Китоби 4), Душанбе, 2013
Китобати Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос