Дар шуъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дастони моҳир» гузашт, ки бачаҳо дар бораи офтобпараст суҳбат карданд ва расми онро кашиданду аз коғазҳо сохтанд. Аввал муаллима чун ҳамеша ба бачаҳо дар бораи офтобпараст ва хосиятҳои он, таърихи пайдоиш ва фоидаи он барои инсон нақл кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки офтобпарасте, ки бо нурии менералии дар таркибаш кадмий дошта парвариш карда шудааст, ба саломатӣ зарари калон дорад. Зеро микдори ками кадмий хусусияти паст кардани иммунитет ва суст кардани кори гурдаро доро мебошад.
Мегӯянд сабатчаи хӯшагули офтобпараст ҳамеша рӯ ба ҷониби офтоб нигаронида шудааст. Аммо ин афсонае беш нест. Афсонае, ки даҳсолаҳост аз китоб ба китоби дигар бе ҳеч далели илмӣ кӯч мебандад. Баъзе муаллифони ин китобҳо табиатшиносонанд (дар бораи шоирон ҳоҷати гап ҳам нест) ва ба назар мерасад ҳатто боре ботаваҷҷуҳ ба зиндагии зоҳирии ин рустанӣ нанигариставу мушоҳида накардаанд. Дар асл хӯшагули офтобпараст ба шарқ нигаронида шудааст ва ба ҳеч самти дигар тоб намехӯрад.
Офтобпарасти яксолае, ки аз Амрико оварда буданд, муддати тӯлонӣ чун рустании ороишӣ буд, ҳарчанд медонистанд, ки ҳиндуҳо донаи онро дар ғизои худ истифода мебурданд.
Ватани офтобпараст Амрикои Шимолӣ мебошад. Вай дар он ҷо ба таври худруй вомехўрад. Бори аввал офтобпарастро испаниҳо соли 1510 ба Аврупо оварданд. Сипас, Пётри I онро аз Голландия ба Русия овард. Дар Русия онро аввал чун рустании ороишӣ парвариш мекардан. Тақрибан баъди дуюним аср хусусияти равған диҳандагии онро ошкор карданд.
Аз соли 1829 ҳама чи тағйир ёфт. Деҳқони паймонкор Данил Бокарёв аз деҳаи Алекссевскии вилояти Воронеж дар дастгоҳи дастии равғанкашӣ бори аввал равғани офтобпараст гирифт. Соли 1833 бошад дар ҳамон русто аввалин дар ҷаҳон корхонаи равғанбарорӣ сохта шуд, ки равғани офтобпараст истеҳсол мекард. Ва ин иқдом баъдтар аз Русия ба Амрико гузашт. Ҳоло мо ҳаёти худро бе равғани офтобпараст ҳатто тасаввур ҳам карда наметанем, чун яке аз равғанҳои рустанигӣ ҳамон офтобпараст аст, ки дар борааш маълумот додем.
Баъдан хонандагон ба сохтани гули офтобпараст аз коғазҳои ранга шуруъ карданд. Ҷумла аз онҳо дар коғаз онро наққошӣ намуданд.
Малика Абдуллоева