Нисор Шакармамадов соли 1960 баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси корманди хурди илмӣ фаъолияташро таҳти роҳбарии профессор Раҷаб Амонов дар шуъбаи фолклори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе оғоз карда, сипас баъди таъсиси шуъбаи помиршиносии Академии Улуми Тоҷикистон дар Вилояти худмухтори Бадахшони куҳистонӣ ба шаҳри Хоруғ кучидааст.
Ў соли 1969 бо унвони номзади илм сазовор гашта, соли 1997 унвони доктори илмҳои филологиро соҳиб шудааст.
Ба қалами ў зиёда аз 200 мақола ва асарҳои кўчаку бузург тааллуқ дорад. Бештар аз даҳ китоб ба нашр расондааст, ки машҳуртарини онҳо чандҷилдаи «Фолклори Бадахшон», «Куллиёти фолклори Помир», «Сурудҳои туёнаи Помир», «Наврӯз дар Бадахшон», «Ривоёти Помир» ва ғайраҳо мебошанд.
Бисёре аз асарҳои илмии профессор Нисор Шакармамадов дар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ў беш аз даҳ шогирдро тарбия кардааст, ки дар ҳоли ҳозир соҳиби унвонҳои гуногуни илмиянд.
Нисор Шакармамадов олими фолклоршинос, профессор, доктори илмҳои филологӣ, сармутахассиси Пажўҳишгоҳи улуми инсонии бахши Помири Академии Улуми (АУ) Тоҷикистон бар асари марги ногаҳонӣ дар синни 76-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.
Ҷасади профессор Нисор Шакармамадов дар зодгоҳаш деҳаи Сипонҷи водии Бартанги ноҳияи Рўшон ба хок супурда шуд.
Аз Нисор Шакармамадов дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон. – Душанбе: Ирфон, 1965. – 119 с.
Сарсухан: Дар бораи эҷодиёти даҳанакии халқии Бадахшон / Рубоиёт ва сурудҳои халқии Бадахшон. – Душанбе, 1965. – С. 3-9.
Ҳиссаи арзандаи олим: Баробари таҳқиқу ба нашр ҳозир кардани мероси гаронбаҳои таърихи адабиёти форсу тоҷик ва ғайра. Барои гирифтани мукофоти давлатии Тоҷикистон сарфароз гардид // Тоҷикистони советӣ. – 1976. – 3 октябр.
Андарзҳо дар «Ҷони ширин»: Аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода // Бадахшони советӣ. – 1981. – 19 июл.
Баракати ранҷ ва истеъдод: Аз фаъолияти эҷодии олими пухтакор фолклоршиноси тоҷик Бозор Тилавов //Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 2 март.
Омўзгор шоир ва олим: Бахшида ба 70 солагии рўзи таваллуди Тилло Пулодӣ // Газетаи муаллимон. – 1982. – 4 май.
«Гуруғлӣ» аз назари Миршакар //Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 23 июл.
Китоби наву гапҳои кўҳна: Мулоҳизаҳо доир ба нуқтаҳои баҳсталаби соҳаи фолклоршиносӣ, ки дар асарҳои фолклоршинос дотсент А. Суфиев баён шудаанд // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 6 феврал.
«Даргилмодик» ва баъзе масъалаҳои марбути он: Дар бораи қадимтарин навъи назми халқӣ дар районҳои Шуғнон ва Рўшон // Садои Шарқ. – 1986. – № 11. – С. 122 -128.
Бо истифода аз Интернет таҳияи Сайдамирова Дилороҳ
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.