Шарҳи байти нахустини Девони Бедил

Чанд сол қабл бар асоси дархости магистрантони кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин байт шарҳ дода шуда буд.  Ҳоло бо дархости бархе аз дӯстон бо таҷдиди назар шаҳри мазкур манзур мегардад.

Ба авҷи кибриё к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо,

Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.

АВҶИ КИБРИЁ – мақоми қурб, боргоҳи Худовандӣ.

АЗ ПАҲЛӮИ АҶЗ - аз роҳ, аз тариқи, тавассути аҷзу нотавонӣ. Дар ин маврид ба маънии дарку маърифати аҷзи хеш дар баробари азамату рифъати Худованд ва ҳам ба маънии бурун рафтан аз дунёи тааллуқҳо бо мақсади маърифати моҳияту асолати ҳастӣ. Аслан вожаи аҷз дар луғот ба маънии нотавонӣ, дармондагӣ, сустӣ тафсир ёфта. Дар шеъри Бедил бошад, ин вожа бештар ҷиҳати ифодаи маонии шинохти тақсири хеш дар баробари азамати Зулҷалол, ки асли маърифат дониста мешавад, ҳамчунин хоксорӣ, фурӯтанӣ, фақр ва монанди ин корбандӣ шуда, ба қавли доктор Абдулғанӣ аз зумраи вожаҳои «нозпарвард»-и Бедил маҳсуб мешавад.

Ба таъбири дигар Аҷзи манзури Бедил фаротар аз аз ҳама аҷзҳои дигар аст, ки ба таъбири худи ӯ ошёнаш баландтар аз ҳама чиз аст. Ҷое дигар Абулмаъонӣ мегӯяд:

              Баланд аст он қадарҳо ошёни аҷзи мо Бедил

              Ки бе саъйи шикасти болу пар натвон расид он ҷо.

Пас, аҷзи Бедил ҳамон мартабаи фано дар худ ва расидан ба мақоми шинохти нуқтаи атфи азамати инсон, ки дар пешгоҳи Офаридгор маърифат кардани ҳеҷбуди худ бо ҳама салтанат дар ҷаҳони омадшуд аст, маҳсуб мегардад. Яъне, инсон пушти ин ҳама бузургиву хусравиҳои дунёии худ ба мақоме мерасад, ки аҷзи худро дар муқобили офаридгори хеш мешиносад. Барои ҳамин, дар шеъри Бедил, аҷз мақоми орифонаест, ки он ҷо фаное дар худи худ ва адами ҳастии ҷисмонӣ ҷой дорад ва ба ҳамин хотир аст, ки он ба вожагони хосаи шеъри Абулмаъонӣ қарор гирифтааст. Дар қаробат ба ин маънӣ мавриди дигар ҳам Бедил мегӯяд:

              Чун хати паргор агар мақсад далели аҷз нест,

              Пои оғоз аз чӣ мебӯсад сари анҷомро.

Ин аҷз ҳамон адамест, ки зиндагонӣ аз он шурӯъ мешавад ва боз ба ҳамон бармегардад. Дар заминаи ин байт ҳақиқати маънии аҷз нуҳуфта дар он аст, ки чун шурӯъи зиндагии инсон ҳамон нодориву фақру холигоҳ аз ҳама тааллуқ аст, ки маҷмӯан дар батни вожаи аҷз қарор дорад. Яъне, тааммул дар ибтидои зиндагии зоҳирии инсон ҳам ҳамин фалсафаро бозтоб мебахшад.Дар оғоз ҳатто тафаккури кӯдак холӣ  аз ҳама таалуқ аст ва ҳар чӣ дар масири зиндагонии инсон дар мавриди бори алоиқ ва муҳаббати дунёӣ ҳосил мешавад. ориятист ва мунтаҳо аз бояд раҳо шавад ва дигарбора бояд инсон ба ҳамон мақоми аввалаи худ баргардад. Рӯзгории пирии инсон ҳикоят аз ин ҳикмати зиндагӣ мекунад, ки дигарбора ба таъбири мардумӣ марди кӯҳансол ба кӯдак табдил меёбад ва андешаҳои дунёӣ аз вай раҳо шуда.бештар дар марг ё адам меандешад, ки ҳамон оғоз аст. Таъбири дигаре ҳам ҳаст, ки чун инсон ба пирӣ бирасад, ҳирси дунё ба вай бештар мешавад, аммо ин фалсафа ҳаройина диди нисбӣ аст ва моҳияти аслӣ дар фикри ҳиҷрат аз олам ва бурузи хисоли кӯдакона ё баргаштан ба махсусиятҳои ҷаҳони тифлӣ таҷассум мекунад. Ин ҳаракат ҳамон хати паргорест, ки дубора инсонро ба сӯи аҷз, яъне мақоми мекашонад. Пас, ҳар қадар инсон барвақт ба дарки ин фалсафа бирасад, бештар ба сӯи он мақоми аҷзи орифона, дар сурати фурутаниву хоксорӣ, шинохтани ҳақиқати ҳамин ҳикмати зиндагонии худ- аҷзи куллии дар пешорӯи офаридгор бо ҳама такаббур бирасад,ҳамон андоза ба сӯи кибриё, ҷаҳони бузургиву иқтидор,ки мақоми дигаре рӯёрӯи фалсафаи аҷзи Бедил қарор гирифтааст, раҳ паймуда бошад. Аслан, аҷзу иқтидори Бедил дар як нуқта қарор доранд, мисоли дар як лаҳза ҷой доштани фано ва бақо, чун дар фанои худ инсони бақои ҳақро дарёбанд. Дар фалсафаи Бедил ҳам ҳар қадар инсон тамоюл ба аҷз кунад, ба иқтидор ё боргоҳи кибриё наздик шавад ва нуқтаи авҷи ин аҷз қурбати ниҳоӣ ба кибриё ва расидани қатра ба дарёст. Ва ин маънӣ дар батни таркиби баъдии байт қарор дорад.

БА АВҶИ КИБРИЁ АЗ ПАҲЛӮИ АҶЗ РОҲ БУРДАН – ба василаи маърифати аҷз ва қарор гирифтан дар мақоми фақр ба боргоҳи Худовандӣ раҳ паймудан. Дар андешаи орифон ҳар кӣ дар хоксориву фурӯтанӣ, фақру нодории дунёӣ ва буридан аз алоиқи он, ки маҷмӯан дар шеъри Бедил дар вусъати вожаи аҷз ҷой гирифтаанд, зиндагӣ кунад, бисоти қурб барояш ба осонӣ муяссар шавад.

САРИ МӮЕ ХАМ ШУДАН - изҳори андаки фурӯтаниву хоксорӣ ва ҳам дарки аҷзи хеш бар паҳнои вусъати азамати Зулҷалол. Ибораи сари мӯ дар қисмати аввали ин ибора баёнгари воҳид ва ҳаҷми хурд, изҳори андак бошад. . Таркиби сари мӯ ба маънии андак, миқдори кам дар гӯийши мардуми тоҷик ҳам роиҷ аст.

 КУЛОҲ БИШКАСТАН - ба мақоми баланд расидан, мартабаи баланд ҳосил кардан, эътибори воло ба даст овардан. Ҳамчунин, ба маъонии кибру ғурур варзидан, такаббур варзидан низ истифода шудааст. Масалан, ҷои дигар вақте Бедил мегӯяд:

              Ҳусн кулоҳи ҳавасе, гар ба таҷаммул шиканад,

              Беҳ ки дил аз мо бубарад, бар сари кокул шиканад.

  Ин ибора дар шеъри гузаштагони Бедил низ ба ҳамин маъниҳо басомади зиёд дорад. Чунончӣ, Ҳофиз онро дар шакли «тарфи кӯлаҳ каҷ ниҳодан» истифода кардааст, ки изҳори такакаббур ва ҳам ба мақоми хусравӣ расидан бошад:

              На ҳар ки тарки кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

              Кулоҳдориву оини сарварӣ донад.

  Дар пайванд ба ҳамдигар омадани чанд вожа ва таркиби мустаъмал дар шеъри Бедил аҷз, кулоҳ шикастан, ранг шикастан,ки то ҷое аз диди ирфонӣ қаробати маънавӣ доранд, дар чанд мавриди дигар аз девони шоир ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҷое омада:

              Мешиканад сад кулоҳ бар фалаки эътибор,

              Сӯи адабгоҳи хок як мижа хам доштан.

  Маънии ин байт ба мазмуни байти матлаъи Девони Бедил. ҳамон байти мавриди назари мо хеле қариб аст ва ин пайванд то ҳаддест, ки ҳатто ифодаҳои он шабоҳати ҷолиб доранд. Масалан, ин ҷо «дар фалаки эътибор сад кулоҳ шикастан» аст, он ҷо «ба авҷи кибриё кулоҳ шикастан», ки ҳар ду ба мақоми ҳақиқии эътибор расиданро ифода мекунанд. Ҳатто агар дар байти аввал Бедил ифодаи андак, ба андозаи камеро тариқи таркиби маъмулии «сари мӯ хам шудан» баён карда бошад, дар ин байт таркибе тоза ба ҳамин маънӣ худ месозад,яъне як мижа хам доштан. Пас, ин ҷо ҳам маънии байт ҳамон аст, ки ба андозаи андак сӯи хоксориву фурӯтанӣ, адаму аҷзи худ тамоюл доштан,  инсонро метавонад ҷониби эътибори воқеӣ раҳнаму гардонад. Таркиби пайванд ба ин вожаву тарокиб шикастани ранг аст, ки баъдтар дар ташреҳи вожаи ранг ва ҷойгоҳи он дар шеъри Бедил хоҳад рафт.

  Дар байтҳои дигар  таркибҳои «кулоҳорои аҷз будан», «кулоҳгӯшаи парвоз осмонороӣ доштан», «дар шикаст кулоҳороӣ доштане хаме»,ки ин таркиб ҳам наздик ба «сари мӯе хам шудан» ва кулоҳ бишкастан дорад, «кулоҳи шикасторо доштан» ва монанди инро метавон дучор омад, ки моҳиятан ҳаммаъно ҳастанд ва танҳо ба асари ҳунари шоирии Бедил бо шеваҳои шево ва корбандии тарокиби шоиронаи якмаънӣ ва суратан мухталиф зуҳур кардаанд:

                          Шукӯҳи ноз меболад зи паҳлӯи ниёз ин ҷо,

                          Кӯлоҳи ӯ шикасторост, то рангам шикан дорад.

Ба иқболи тапидан нозҳо дорад ғубори ман,

Кулоҳорои аҷзам , бар шикасти хеш маъзурам.

 

Бо камоли аҷз Бедил бениёзи ҷавҳарем,

Дар шикасти мо кулоҳороие дорад хаме.

 Ҳамин гуна, ҳосили маънии байти Бедил он аст, ки барои расидан ба бисоти қурб ва ҳулулу пайвастагӣ бо дарёи асолат, яъне ворастан аз ғайриҳақ ва расидан ба ҳақ, ки ҷавҳари таълимоти куллияи тариқаҳои ирфониро ба вуҷуд овардааст,  танҳо аз раҳгузори аҷз раҳ бурдан имкон дорад. Аз ин рӯ, ҳар кӣ дар ин ҷаҳон ба изҳори андаки хоксориву шинохти аҷз дар баробари азамату иқтидори зоти беҳамто зиндагӣ кунад, такаббур, ғурур ва ҳар чӣ ғайриҳақ бошад, барканор гузорад, он сӯи зиндагии дунёвӣ шаҳомату азамат ва иқтидори афзуни маънавӣ ва ухравӣ насибаи ӯ гардад. Дар ин байт таркибҳои «ин ҷо» ва «он ҷо» ба ду маънӣ корбандӣ шудаанд:

Аввал,  ба иқтизои таълимоти тасаввуфи «ин ҷо» олами тааллуқ ва дунёи паст аст, ки он ҷо инсон дар гирдоби ҳавас ва найрангҳои нафси аммора подаргил бимонад. Он ҷо бошад, олами ғайри ин олам аст, ки он ҷо сӯфӣ дар кӯи мурод орӣ аз ҳама бандҳои алоиқ ва вораста аз ҷамъи тааллуқҳо, ҳиҷобу саддҳои олами ормонӣ зиндагӣ кунад. Ба таъбири дигар, имкон дорад, ки ин ҷоро олами моддӣ ва он ҷоро олами маънавӣ тафсир кунем, ки ҳарду мутазоди ҳамдигаранд.

Дувум, «ин ҷо» баёнгари маънии дунёи моддӣ, олами инкон аст ва он ҷо олами дигар, ки ухро, охират, олами боло, малакут ва амсоли ин ҳам гӯянд.

Нуралӣ Нурзод

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

 
Барчаспҳо: