Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши чорум
Он чӣ дар боло баён намудем, ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ мурод аз он майи хушгувор, ки шоир маънии оби зиндагияш медонаду аз бўйи он дили мурда ҷон мегирад, ишқ аст. Танҳо ишқ аст, ки ба инсон умри ҷовидонагӣ мебахшад ва шоир ин маъниро ҷойи дигар бидуни рамзу киноя ба таври возеҳ мегўяд
5. Бода – ҳаётбахш
Ин мутифро метавон идомаи мутифи «Ситоиши бода» номид, зеро ҳаётбахшӣ яке аз сифатҳои бода аст. Бино ба гуфтаи Ҳофиз он оби зиндагӣ, ки Искандар ҷусту наёфт ва Хизр нўшиду умри ҷовидонӣ ёфт, ҳамин майи хушгувор асту он боғи Ирам, ки рашки биҳишт будааст, ҷуз тарфи ҷўйбор чизи дигаре нест:
Маънии оби зиндагии равзаи Ирам
Ҷуз тарфи ҷўйбору майи хушгувор чист? (29,91)
Май дар тасвири шоир чун дами Исо хосияти эҳёгарӣ дорад ва агар аз насими он бўйе ба дили мурда расад, зи нав зинда мегардад:
Дилро, ки мурда буд, ҳаёте ба ҷон расид,
То бўйе аз насими маяш дар машом рафт. (29,115)
Он оби зиндагӣ, Хизр дар зулмоташ ҷуст, ҷой дар майкада дорад:
Обе, ки Хизир ҳаёт аз ў ёфт,
Дар майкада ҷў, ки ҷом дорад. (29, 158)
Шоир маслиҳат медиҳад, ки ихтиёри ҷонро ба ҷом бигзоред, яъне бода бинўшед, зеро оростагии ҷон аз ҷоми бода аст:
Сарриштаи ҷон ба ҷом бигзор,
К-ин ришта аз ў низом дорад. (29, 115)
Шоир пайванди ҷону ҷомро азалӣ медонад ва бар он андеша аст, ки дар рагу майи мо хуни ҷом (киноя аз май)
Наҷўяд ҷом аз он қолаб ҷудойӣ,
Ки бошад хуни ҷомаш дар рагу пай. (29,586)
Аз ин ҷост, ки Ҳофиз «аз лаби хандони қадаҳ» «бўйи ҷон», яъне ҳаёт мешунавад:
Бўйи ҷон аз лаби хандони қадаҳ мешунавам.
Бишнав , эй хоҷа, агар он ки машоме дорӣ. (29, 608)
Он чӣ дар боло баён намудем, ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ мурод аз он майи хушгувор, ки шоир маънии оби зиндагияш медонаду аз бўйи он дили мурда ҷон мегирад, ишқ аст. Танҳо ишқ аст, ки ба инсон умри ҷовидонагӣ мебахшад ва шоир ин маъниро ҷойи дигар бидуни рамзу киноя ба таври возеҳ мегўяд:
Ҳаргиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст дар ҷаридаи олам давоми мо. (29,17)
Муроди шоир аз майкаде, ки макони оби зиндагонист, «олами лоҳут ва мақоми муноҷотест», ки сармастии ошиқон он ҷо ба зуҳур мерасад. Он ҷо, ки шоир саришта, яъне ихтиёри ҷонро ба ҷон бигзор мегўяд, ғаразаш аз ҷом «таҷаллии Илоҳӣ» аст ва гуфтанист, ки ихтиёри ҷонро ба муҷаллои таҷаллиёти Илоҳӣ бигзор, зеро оростагии ҷон аз ўст. Дар байте, ки шоир ҷонро аз қолабе, ки хуни ҷом, яъне май дар рагу паяш ҷорист, ҷудо намедонад, муродаш аз хуни ҷом майе аст, ки рўҳи одам қабл аз вуруд ба ҷаҳони ҳастӣ аз дасти соқии аҳди аласт накарда буд, яъне ҳамон ишқи азалист. Май ба ин маъност, шоир онро «иксири ҳаёт»-у «оби зиндагӣ» медонад ва бо он тани хокии худро айни бақо мегардонад:
Соқиё, бода, ки иксири ҳаётаст, биёр.
То тани хокии ман айни бақо гардонад. (29,238)
Бода – розкушой
Ҳофиз ҳангоме ки дар ҳушёрӣ наметавонад рози даҳрро ҳал намояд, ба май рў меоварад ва дар партави майи софӣ ин муамморо мекушояд:
Биё, то дар майи софит рози даҳр бинмоям,
Ба шарти он ки нанмойӣ ба каҷтаъбони дилкўраш.(29,376)
Шоир аз аҳди азал, сирри қазо, асрори ду ҷаҳон, рози рўзгор вақте метавонад сухан бигўяд, ки ду паймона даркашида бошад:
Гуфтӣ: «Зи сарри аҳди азал як сухан бигў»,
Он гоҳ бигўямат, ки ду паймона даркашам. (29,458)
Ҷойи дигар гўяд:
Май бидеҳ, то диҳамат огаҳӣ аз сири қазо,
Ки ба рўйи кӣ шудам ошиқу аз бўйи кӣ маст.(29,38)
Аз ин рў барои сипосгузорӣ лаби ҷомро мебўсад (мурод нўшидани шароб), ки ўро аз рози рўзгор огаҳ сохтааст:
Бад-ин шукрона мебўсам лаби ҷом,
Ки кард огаҳ зи рози рўзгорам. (29, 437)
Ва барои ҳаққи неъмат дуои майфурўшон мекунад:
Агар гуфтам дуои майфурўшон,
Чи бошад, ҳаққи неъмат мегузорам. (29, 437)
Аз нигоҳи зебописандии Ҳофиз май ҳунарҳои зиёде дорад: фароғат меовараду андешаи хато мебарад, ғубори зарқро фурў менишонад ва ҳунари волояш пок намудани айбҳост:
Маям деҳ, магар гардам аз айб пок,
Барорам ба ишрат саре з-ин мағок. (32,377)
Он ки баён шуда ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд, вале дар соҳати дарунмаънӣ муроди шоир аз маю шароб ва ҷому майфурўш комилан чизи дигар аст. Он майи софӣ, ки шоир бо он рози даҳрро кашф менамояд, ба ҷуз ишқ чизи дигар буда наметавонад. Ишқ аст, ки соликро ба мақсуд мерасонад ва ҳамон ғалаботи ишқ аст, ки розҳои макшуфро барои толиби мақсуд боз менамояд. Зеро «ба ҳикмат (яъне бо ақл, фалсафа) ин муамморо» наметавон ҳал кард Аз сирри аҳди азал касе сухан гуфта метавонад, ки масту бехуд аз майи ишқ бошад. Аз рози рўзгор танҳо метавон бо дили ойинасон пок (ҷом) ва бо роҳнамоии пири тариқат (пири майфурўш) огоҳ гардид. Ва ин ишқ аст ошиқро аз кули айбҳо пок мегардонад, чуноне ки Мавлавӣ мегўяд:
Ҳар киро ҷоми зи ишқе чок шуд,
Ў зи ҳирсу ҷумла айбе пок шуд. (239, 124)
Бо ин сабабҳост, ки шоир лаби ҷом мебўсад (яъне ишқ меварзад) ва дуои майфурўшон (пири тариқат) мекунад.
(Идома дорад)
Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010
Рӯйнависи Замира Давлатова