Абдусалом Мирализода: Миллате, ки китоб намехонад, оянда надорад
Профессор Абдусалом Мирализода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар як Рӯзи китоб роҳандозии таблиғи китобу китобхонӣ кам аст. Таблиғи китобу китобхона бояд ҳамарӯзӣ бошад, зеро имрӯз ҷомеаи кишвар ба буҳрони маънавӣ ҳам гирифтор аст. Дурии мардум аз китоб таъсири амиқ ба ахлоқи ҷомеа дорад. Вай боз гуфт:
- Ба назари ман муҳитарин масъалае, ки ба китоб ва китобхона иртибот дорад, ин баргардонидани хонанда ба мутолиа аст. Шумо медонед, ки бар асари рӯйдодҳои маълуми солҳои аввали Истиқлолият, буҳронҳои ҷаҳониву минтақавии иқтисодӣ мардум аз китобу китобхона низ ду шуданд. Имрӯз ҳама бонги изтироб мезананд, ки миллати соҳибтамаддун ва соҳибкитоб аз мутолиа дур шудааст.
Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои қобили мулоҳизаеро рӯйи даст дорад, ки ба рушди илму маърифат равона шудааст. Худи бунёди ҳамин китобхонаи боазамат, ки назираш дар минтақа вуҷуд надорад, баёнгари он нукта аст, ки ҳукумати мо ва пеш аз ҳамаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд. Ин китобхона ҳама шароитҳоро барои ҷалби хонанда дорад ва толорҳои мукаммалу муҷҷаҳаззи он метавонанд ниёзҳои хонандаро бароварда созанд. Садҳо ҳазор адад китоб дорад, садҳо китобҳо дар шакли электронӣ омода шудаанд, ки хонанда метавонад онро дар толорои китобҳои электронӣ мутолиа намояд.
- Рӯзе, ки Пешвои миллат санги асос барои бунёди ин китобхонаи бузургро гузоштанд, иддае бар ин назар буданд, ки замони чунин китобхонаи боазамат пушти сар шудааст, чун Интернет тадриҷан ҷойи китобхонаҳоро мегирад ва дигар эҳтиёҷи он намемонад, ки хонанда вақт сарф кунад ва ба китобхона равад. Чун дар хона ҳам нишаста метавонад бо истифода аз Интернет ташнагии маънавӣ бишканад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
- Албатта, дар атрофи ояндаи китобхонаҳо гуфтугӯҳо хеле зиёданд. Зумрае бар ин назаранд, ки тадриҷан китобҳои электронӣ ҷойи китобҳои коғазиро мегиранд ва китобхонаҳо низ дар ин сурат нодаркор мешаванд. Агар воқеъбинона назар андозем, пас мебинем, ки дар ҳақиқат баъди ворид шудани шакли элекронии хониши китоб, пайдо шудани дискҳое, ки китобҳоро копӣ ва пешниҳод мекунанд, як навъ миёни коршиносон ҳам ин ақида инкишоф ёфт, ки китобҳои электронӣ ҷойгузини китобхонаҳо мешаванд. Ва худи гузориши масъала баҳсталаб аст. Ҳоло ҳам арзёбии дақиқе вуҷуд надорад, ки то кадом андоза Интернет қодир хоҳад буд ҷойи китобҳои коғазиву нашрияҳои ҳамарӯзиро гирад. Ҳарчанд мо мушоҳида мекунем, ки дар ҷомеаи имрӯза аллакай сомонаҳои интернетӣ ҷойи рӯзномаҳро мегиранд ва мавқеъи онҳоро танг мекунанд. Имрӯз хонанда иттилоъи аввалияро аз Интернет мегирад ва ҳоҷат ба он намемонад, ки рӯзнома хонад. Ва рӯзномаҳо низ бо дарки ҳамин нукта дар шабакаи ҷаҳонии Интернет фаъолона нашрияҳои худро таблиғ мекунанд. Ин рақобат ҳоло вуҷуд дорад. Вале боз ҳам аз назари ман ҳаддиақал муддати ду-се даҳсолаи дигар пешбинӣ намешавад, ки китобҳои электронӣ ҷойи китобхонаҳоро бигиранд.
Мо ҳоло ҳам шоҳидем, ки имрӯз китобхонаҳо беҳтарин макони мутолиа барои донишомӯзонанд. Бойгонии китобхонаҳоро намешавад ба китобҳои электронӣ қиёс кард. Ҳоло ҳам ҳамарӯза садҳо нафар ба китобхона меоянд. Бахусус, донишомӯзони макотиби олӣ зиёд меоянд ва баъзан онҳо дар толорҳо ҷойи холӣ намеёбанд. Китобхона зиёда аз 130 ҳазор аъзо дорад. Албатта, ҳамаи онҳо аъзои фаъол нестанд, вале аъзоёни фаъолаш ҳам кам наянд.
Аммо ба андешаи ман интернет ҳоло ҳам наметавонад ҷойи китобҳои илмӣ ва мутолиаи он дар китобхонаро гирад. Хеле зиёданд одамоне, ки хониши коғазиро хубтар аз электронӣ медонанд.
- Вале дақиқан ин ҳам як майдони рақобат аст. Китобхонаҳо чӣ бояд кунанд, ки дар рақобат бо китобҳои электронӣ тоб оранд?
- Дуруст. Ман гумон мекунам китобхонаҳо бояд дар ин ҳол рақобатпазир бошанд. Бояд тавони онро дошта бошанд, ки эҳтиёҷоти мизоҷонашонро бароварда созанд. Китобхонаи миллӣ солона даҳҳо ҳазор сомониро сарфи он мекунад, ки китоби нав харад, аз мардум китобҳоеро харидорӣ кунад, ки дар бойгонӣ надорад. Даҳҳо нусха дастнавис, нусхаҳои қаламӣ ва чопи сангии асрҳои куҳан, ки харидорӣ шудаанд, гувоҳи онанд, ки эҳтиёҷ ба китобҳои қадим зиёд аст. Инҳо китобобҳое мебошанд, ки ҳоло электронӣ нашудаанд.
Аз ҷониби дигар мутахассисон ҳам бояд ҷӯё бошанд. Дигар шеваҳои қадимии хизматрасонӣ ба кор намераванд. Имрӯз китобдор наметавонад китобдори ҳаддиақал даҳ соли пеш бошад. Бояд донишҳои худро пайваста такмил диҳанд ва барои ҳамин Китобхонаи миллӣ Маркази такмили ихтисос дорад, ки пайваста дар мавриди боло бардоштани донишҳои китобдорон ва ошноии онҳо бо шеваҳои нави кори китобдорӣ кор мекунад. Ҳоло омӯзиши барномаи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ шуруъ шудааст, курсҳои компутерӣ ва ғайра роҳандозӣ шудааст, ки тозатарин ва навтарин шеваҳои корбурди китобҳо мутобиқ ба мизони замон оӯзонда мешавад, барномаҳои ҷолибу муосири кор бо китобҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ва мо ният дорем ин равишро минбаъд низ густариш диҳем, то китобдори мо дониши баробар ба замон дошта бошад. Ахиран 25 нафар кормандони китобхона бо ширкат дар дарсҳои “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” мутобиқ ба тақсимоти даҳгона омўзиши рақамҳои таснифотӣ дар масъалаҳои умумии илмҳои табиӣ, риёзӣ, ахтаршиносӣ, геодезия, физика, кимиё, маъданшиносӣ, геологияро омӯхтанд. Дар бораи илмҳои геологӣ ва геофизикӣ, полеанталогия, илмҳои биологӣ, ботаника, зоология маълумоти муфассал дарёфт карданд. Ин танҳо як давраи омӯзишист, ки Маркази такмили ихтисос роҳандозӣ кардааст.
- Баъзан хонандагон шиква аз он доранд, ки китобҳои давомдорро аз китобхона пайдо намекунанд ва ин боис мешавад, ки ба интернет рӯ оранд.
- Яке аз толорҳои калонтарини китобхона толори китобҳои элекронист. Ҳамаи компутерҳои он ба шабакаи интернет васл аст. Мо мебинем, ки пурхонандатарин толор ҳам ҳамин толор аст. Танҳо дар ҳафт моҳи сипаришуда 75 ҳазору 918 нафар вориди толори хониши электронии Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 21 ҳазору 724 нафар зиёд аст.
Яъне, Китобхонаи миллӣ ҳамқадами замон аст. Ҳар касе мехоҳад китоби электронӣ хонад, истифода озоду ройгон аст. Ҳар касе китоб мехоҳад бихонад, дари толорҳои дигар ба рӯяш боз аст. Аммо он ки шумо мегӯед идомаи як романро, ки дар китоби дигар аст, пайдо намекунад, ин ҳам дуруст аст. Вале бештар ба китобҳои то замони истиқлол рост меояд. Адибони муосир романҳои давомдор камтар менависанд ва гумон мекунад ин мушкил ба китобҳои имрӯз дахл надорад.
- Вале як нуктаи дигарро ҳам набояд фаромӯш кард, ки китоб дар мағоза гарон аст ва хонандаи имрӯз имкони харидан надорад. Ин ҳам метавонад омили рӯ овардан ба китобхона шавад?
- Ман болотар ишора кардам, ки солона мо даҳҳо номгӯ китобҳои навро харидорӣ мекунем ва ифтихороти Китобхонаи миллӣ танҳо дар бойгонии пуразамати он нест. Мо ҳамаи нашрияҳои чопи имрӯзро дастрас мекунем ва толори вижаи рӯзномаву маҷаллаҳо дар хизмати хонандагонанд. Илова бар ин чопхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ тибқи шартнома китобҳои тозанашри худро пешкаш мекунанд ва китобхона онҳоро мехарад, қисматеро худи муаллифон туҳфа мекунанд.
- Эҳтиёҷи хонанда ба китоб чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?
- Тибқи барномаи хариди китоб. Масалан, бо назардошти он ки донишомӯзони Донишгоҳи тиббӣ дархостҳое аз китобҳои нав мекарданд, моҳи июни соли равон Китобхонаи миллӣ 319 адад китоби тиббиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 29 ҳазору 505 сомонӣ харидорӣ кард. Ин китобҳо ҳоло барои истифода дар толори тиб ва табатшиносии Китобхона гузошта шудаанд.
Дар гузашта миллати мо бофарҳангтарин миллати минтақа буд. Мо саъю талош меварзем, ки ҷомеаи мо, махсусан насли ҷавон китобхон бошад, зеро маҳз ҷомеаи китобхон метавонад дар рушду такомули доимӣ бошад, маҳз миллати китобхон соҳибмаърифату соҳибнусрат аст. Миллати бомаърифат ватандўст ва бунёдкор аст. Мо бояд миллатро ба мутолиа баргардонем. Ин аст ҳадафи асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Барои ин аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарем. 4-уми сентябр Рӯзи китоб буд. Ба ин муносибат Рӯзи дарҳои кушод эълон кардем, ки садҳо нафар вориди толорҳои хониш шуданд ва бо шароити китобхона аз наздик ошно гаштанд.
Китобхона ҳоло танҳо ҷойе нест, ки китоб хонанад. Даҳҳо номгӯ маҳфилҳо амал мекунанд, ки ҳар шуъба ва ҳар толор вобаста ба вижагии худ роҳандозӣ мекунад. Маҳфилҳои эҷодӣ дорад, ки эҷодкорони ҷаврону наврас истеъдоди худро месанҷанд ва онҳоро устодони варзида раҳнамоӣ мекунанд. Кӯдакон маҳфили созандагӣ доранд, ки мавзуъи амал мекунад ва теъдоде аз ин маҳофил аз тариқи телевизиони “Баҳористон” намоиш дода мешавад.
Дарсҳои омӯзишии забонҳои русӣ, олмонӣ, инглисӣ, чинӣ, арабӣ амал мекунанд, ки даҳҳо нафар хатмкунандагонаш соҳиби шаҳодатнома мешаванд. Ва ин дарсҳои омӯзишӣ бо мусоидати Вазорати мавориф ва илми кишвар роҳандозӣ мешавад.
Хулоса хеле гуфтаниҳое ҳастанд, ки намешавад дар як суҳбати кутоҳ гуфт. Аз ин рӯ аз хонандагон даъват мекунем, ки узви китобхона бошанд, то ин ҳамаро бо чашмони худ бинанд. м, ки
Суҳбати Абдуқодири Раҳим
Боҷони Шафеъ