Ин китоб ҳамин рӯзҳо аз силсилаи “Достони донишварон”, зери назари академик Муҳаммадюсуф Имомзода чоп шудааст ва ба қалами Шодӣ Шокирзода навишта шудааст. Тавре аз номаш ҳам пайдост, китоб ба фаъолияту кору талошҳои Пешвои хирадманди миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст.
Дар муаррифии китоби мазкур омадааст, ки дар дарозои таърих суннати хирадгароӣ сиришти азалии миллати моро ташкил дода, дар сиёсати давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мақоми асосӣ дорад. Сарвари кишвар сиёсатро аз аркони
маънавият ҳисобида, дар раванди давлатдорӣ сабақҳои таърихро аз сарнавишти пуршебу фарози миллат, фаъолияти сиёсию адабӣ ва илмии ашхоси бузурги таърихӣ сармашқи кори худ қарор додааст.
Омӯзиши таърих ва забони миллат, зиндагиномаи фарзандони фарзона ва кору пайкори онон дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, осори илмию адабии олимону адибон, андешаҳои хирадгароӣ ва созандагии онҳо барои Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон чун чароғи раҳнамо ва дастурамали сиёсию ахлоқӣ хидмат менамоянд.
Китоби мазкур аз бобҳои “Шахсияти бузурги таърихсоз”, “Масъулият барои фардои миллат”, “Ҳадиси дӯстӣ поён надорад” ва дигар бобҳо иборат аст ва барои доираи васеи хонандагон тавсия дода шудааст.
Бунафша Раҳмонова