Сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ба нахустин китоби Аниса
Нашр шуд 2020-07-21 09:02
Гоҳе мебинам, ки қалам дар дасти навомўзи Аниса мелағжад ва ў аз вазн берун меравад мисли дарёчаи шодоби баҳорӣ, ки соҳилҳоро ғабс кардааст. Гоҳо ў аз қолабу қавоиди шеър хориҷ мешавад, аммо муҳаббаташ лағжанда нест, андешаҳояш бемаҷрову камрабту сустмантиқ нестанд, пиндору ормонаш чун мусавараи комили зебост, ки нуқсе натавон ёфт. Ў ҷое мегўяд, ки:
Баҳри навори хати филми ҳаёт
Нақши ҳунарпешаи қурбониям.
Фарзона – Шоири Халқии Тоҷикистон.
Ҷондоруи Ҷон
Анисаро ба як бор дўст доштам. Шояд барои он ки вақти дафтари шеърашро боз кардан, чашмам ба навиштае афтод, ки ба модараш руҷўъ мекунад: « Ту ҳама чиро ба ман омўхтӣ, модарҷон, аммо бе ту зистанро ёд надодӣ.» Аз ин шоиронатар, аз ин ҷонсозтару ҷонсўзтар, аз ин гармтару доғтар, аз ин поктару мубарротар, аз ин содатару беғубортар чӣ метавон гуфт. Ва дарёфтам, ки дар баробари як ҷаҳони тоза қарор дорам: ҷаҳоне пуропур аз утуфату зебоӣ, лаболаб аз сўзҳои нотамому дардҳои ҳамешақиём, навонав аз садои сухани ишқ -аз танини ин зангўлаи куҳане, ки дар андаруни ҳар дили дигар зарбу оҳангу навине мезанад, аз муждаи маъсуми як фариштаи кўчак – Аниса. Вақте ў нидо мекунад, ки :
Гуфтам шиканам нўки қалам, хома бисўзам ,
Аз олами асрор нависам, нанависам.
Бемодариву бепадарӣ сахт гарон аст,
Аз сўги аламдор нависам, нанависам?
Ман ба ў посух медиҳам, ки бинавис, ҳатман бинавис, Анисаҷони азизи мо!
Бинавис, ки ба қавли ҳаким Низомӣ: «Сухан доруву ҷондоруи ҷон аст», бинавис, ки ба решҳои дили худу сўгҳои дили дигарон бо решҳаи қалам марҳам гузорӣ, бинавис, ки ба рашҳаи қалам марҳам гузорӣ, бинавис , ки пешорўи тў ҳаёти дигаре боз шавад бо саодатҳои афиф, бо ҳузури инсонҳои ҳабибе, ки бо пайки исавӣ меоянду дардҳоро аз дилу ҷони ту бармечинанд, бо ҷилваҳои нишотбахши фасли шабоб бо муждаи муҳаббат, бо ҳама хубӣ, бо ҳама некӣ, бо ҳама некӣ, бо Шеър – бо ин анису мунису, бо ҳама некӣ, бо Шеър – бо ин анису мўнису дамсози ҷовидони ту !
Бинавис, ки Худованд туро қуввату қудрати дўст доштан додааст: ту ҷаҳонрову инсонҳоро дўст медорӣ, ту Ватанро дар пештоқи муҳаббат менишонӣ, чароғи ёди падару модарро ҷовидон меафрўзӣ, бо ин ки дар ин тоҷавонӣ басе шикастаҳо дидӣ, зиндагиро дуруд мегўӣ, дилро бо мадори дўст доштан тапиш мебахшӣ. Бинавис, ки иксири наҷоти ту ҳамин навиштан аст!
Гоҳе мебинам, ки қалам дар дасти навомўзи Аниса мелағжад ва ў аз вазн берун меравад мисли дарёчаи шодоби баҳорӣ, ки соҳилҳоро ғабс кардааст. Гоҳо ў аз қолабу қавоиди шеър хориҷ мешавад, аммо муҳаббаташ лағжанда нест, андешаҳояш бемаҷрову камрабту сустмантиқ нестанд, пиндору ормонаш чун мусавараи комили зебост, ки нуқсе натавон ёфт. Ў ҷое мегўяд, ки:
Баҳри навори хати филми ҳаёт
Нақши ҳунарпешаи қурбониям.
Ман таманно меварзам, ки дар филми ҳаёт Анисаи мо нақши муаззамро офарад, нақши Инсонеро, ки бо паёми мунири субҳворааш ба сарнавишти худ ва ба рўҳҳову ҷонҳои ҳамагон офтобро даъват мекунад, аз шикваҳову нолишҳову бечорагиҳо раҳо мешаваду дари саодатро тақ- тақ мезанад, дар аввали роҳ таваққуф намекунаду ба тадриҷ худро ба ҷодаҳои азими сухан мебарад: ба сўи таҷрибаҳои тоза, ба самти худсозиву худофариниву худифшоиҳо, ба сарзамини ҷовидонаи ишқ!
**** **** ****
Гуфтанист, ки маҷмўаи ашъори шоираи ҷавони соҳибистеъдод Аниса Маннонова бо номи “Аниси дилҳо” ба тозагӣ нашр шудааст ва хонандагон онро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Меҳрангез Муҳаббатова,
мутахасиси пешбари Маркази такмили ихтисос.