Фарҳанги сухан ё одоби муошират
Адабгуфторӣ яке азфазилатҳои фарҳанги сухан аст. Риояи меъёрҳои забони адабӣ дар гуфтор на фақат аз дараҷаи таҳсилоти шахс гувоҳӣ медиҳад, балки сухани вайро ҷаззоб, ширадор ва муассир мегардонад. Мутаассифона, дар муошират, дар суҳбатҳои расмию ғайрирасмӣ бисёр вақт нисбат ба меъёрҳои забони адабӣ нописандӣ зоҳир мешавад, ҳатто дар байни зиёиён ва роҳбарон шахсоне кам нестанд, ки огоҳона бо лаҳҷаи маҳалли худ суҳбат мекунанд.
Гавҳари ҳуққаи даҳон сухан аст,
Ҷавҳари ханҷари забон сухан аст.
Гар набудӣ сухан чӣ гуфтӣ кас,
Дурри маънӣ чӣ гуна суфтӣ пас?
(Ҳилолӣ)
Халқи тоҷик аз қадимулайём миллати бофарҳанг буд. Калимаи «Фарҳанг» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба ду маънӣ эзоҳ ёфтааст: 1. ақл ва адаб; дониш, илм, маърифат. 2. китоби луғат.
Имрўзҳо маънии калимаи «фарҳанг» ба ҳадде васеъ шудааст, ки он на фақат мафҳумҳои илму дониш, балки адабиёт, ҳунар, санъат, урфу одат ва одоби муоширатро ифода менамояд. Азбаски ин падидаҳо тавассути забон зуҳур меёбанд, бинобар ин худи забон дар маҷмўъ ҳамчун яке аз рукнҳои фарҳанг эътироф гардидааст.
Хушбахтона, имрўзҳо сафи ҷавонони бофарҳанг, бомаърифат ва суханвару нуктадон афзуда истодааст. Баъзан суханрониҳои эшонро тавассути оинаи нилгун, радио ва ҷамъомадҳою чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дида ва шунида рўҳи кас болида мегардад ва беихтиёр мегўӣ «раҳмат бар волидайну устодонат». Ин гуна ҷавонон чун гули сари сабади маҳфилҳо ҷилвагарӣ менамоянд. Маҳз ҳамин қабил ҷавонон ояндаи миллати куҳантамаддуни моянд ва мо насли калонсол бо дили пур ояндаи давлату миллатамонро ба эшон вомегузорем.
Аммо мутаассифона, бархе ҷавононро дучор меоем, ки бо рафтор ва гуфтори ношоистаашон табъи атрофиёнро хира мегардонанд. Бо лаҳни пур аз фаҳш ҳарф мезананд. Кас ин гуна ҷавононро дида ангушти ҳайрат мегазад ва даст ба гиребон бурда, мегўяд, ки тавба, магар ин ҷавонон падару модар надоранд ё назди устоде таълиму тарбият нагирифтаанд, ки ин қадар дағалу фаҳшгуфторанд. Ин гуна ҷавонон доғи миллатанд.
Мо, аҳли фарҳанг ва насли калонсолро лозим аст, ки ин гуна ҷавононро тарбият намуда, ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Одоби муошират зинати инсон аст. Дар одоби муошират ҳурмату эҳтиром аз хислатҳои волотарини ҳар инсони фарҳангӣ ба шумор меравад.
Одоби муошират пеш аз ҳама аз салому алек оғоз меёбад, зеро салому алек нахуст фазилати фарҳанги сухан – одоби муошират мебошад. «Салом» калимаи арабӣ буда, маънояш «сулҳ», «оромӣ», «осоиштагӣ», «амну амонӣ» аст, яъне мо пеш аз ҳама ба ҳамсуҳбатамон оромию осоиш орзу мекунем. Дигар ин ки барои ифодаи ҳурмату эҳтиром нисбат ба шахси дуюми танҳо калимаи «шумо»-ро истифода бурдан. Баъд истифодаи вожаҳои «бубахшед», «марҳамат», «бемалол бошад», «иҷозат диҳед», «хуш бошед», «саломат бошед» ва ғайра лафзро ширину гуворо мегардонад ва шуморо бо атрофиён маҳбубу дилкаш мегардонад.
Чӣ хеле ки мегўянд: «Забони ширин морро аз хонааш мебарорад». Вақте ки ин гуна калимаю ибораҳоро дар суханатон истифода мекунед, хоҳишҳоятон аз тарафи шунаванда бароварда мегардад. Инсони хуб, бомаърифат ва маданиятнокро бо ҳамин гуна тарзи гуфтори ширинаш мешиносанд. Масалан, аз лаҳни хуши устоди зиндаёд Баҳриддин Камолиддинов, устодон Рустами Ваҳоб, Умар Сафар ва як зумра устодони дигар кас лаззат мебарад ва соатҳо эшонро истимоъ фармояд ҳам хастагиро эҳсос намекунад.
Ана ҳамин гуна шахсон бояд идеали ҷавонони имрўза бошанд. Онҳо дар суханрониашон ба эшон пайравӣ намоянд ва номбардору муаррифгари миллати бофарҳанги тоҷик бошанд.
Дар адабиёти классикии мо барои ифодаи ҳиссиёти ниҳоят баланди эҳтиром калимаҳои «аълоҳазрат», «олиҷаноб», «фазоилмаоб», «шариатпаноҳ», «ҷаҳонпаноҳ» ва ғайра низ истифода шудаанд. Ин аз он сабаб ба вуҷуд омадааст, ки баъзан ба назари гўянда барои ифодаи аз ҳад зиёд ва ё изҳори садоқат вожаҳои муқаррарии мавҷуда кифоят намекунад.
Як нақл аст, ки устод Садриддин Айнӣ ба Максим Горкий номае навишта, хостанд, ки арзи эҳтиром намоянд. Аз шахсе, ки номаро бо забони русӣ иншо мекард, мепурсанд, ки дар русӣ «муҳтарам»-ро чӣ мегўянд? Ў ҷавоб медиҳад, ки «уважаемый». Боз мепурсанд, ки «бисёр муҳтарам»-ро чӣ? Ў ҷавоб медиҳад, ки «многоуважаемый». Устод бо ин ҳам қаноат накарда боз мепурсанд, ки «аз ин ҳаи баландтар калимае ҳаст?». Котиб мегўяд, ки барои эҳтироми аз ҳад зиёд сухани «глубокоуважаемый»-ро истифода мебаранд. Устод баъди андаке тааммул гуфтаанд: «нависед: «глубокомногоуважаемый Алексей Максимович!».
Ана, бинед, ҳисси баланди эҳтироми устодро. Ҳар яки мо бояд дар иззату эҳтиромдорӣ чун устод Айнӣ бошем.
Адабгуфторӣ яке азфазилатҳои фарҳанги сухан аст. Риояи меъёрҳои забони адабӣ дар гуфтор на фақат аз дараҷаи таҳсилоти шахс гувоҳӣ медиҳад, балки сухани вайро ҷаззоб, ширадор ва муассир мегардонад.
Мутаассифона, дар муошират, дар суҳбатҳои расмию ғайрирасмӣ бисёр вақт нисбат ба меъёрҳои забони адабӣ нописандӣ зоҳир мешавад, ҳатто дар байни зиёиён ва роҳбарон шахсоне кам нестанд, ки огоҳона бо лаҳҷаи маҳалли худ суҳбат мекунанд.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суҳбати телевизионии ду нафар олиме, ки унвонҳои баланди илмӣ доранду дар гуфтор салиқаи суханвариашон паст аст, эрод гирифта буданд. Барои ҳамин ҳам Президент дар яке аз мулоқотҳояшон ба ҷавонони кишвар ба онҳо муроҷиат карда таъкид намуданд, ки меъёрҳои забони адабиро ҳар чи бештару беҳтар аз худ кунанд, бо забони адабӣ сухан гуфтанро ёд гиранд.
Дар интиҳо ба гуфтаи Унсурулмаолии Кайковус иктифо менамоем, ки гуфтааст: «Ҳар киро забон хуштар, ҳавохоҳони ў бештар».
Сайфиддин Бобоев, сармутахассиси Маркази «Конуни забони тоҷикӣ» ва омўзиши забонҳои хориҷӣ