Номаҳои Абдусалом Деҳотӣ ба Садриддин Айнӣ

(Бахши аввал)

Ин номаҳо соли 1966 дар “Куллиёт”-и адиби маъруф Абдусалом Деҳотӣ чоп шудаанд. Хондани номаҳо ҳиссиёти аҷиберо дар хонанда бедор мекунанд. Бӯйи солҳо, солҳое, ки устод Айнӣ дар Самарқанд ва Деҳотиву даҳҳо шогирдон дар Душанбе будубош доштанд. Ва ин шогирдон ҳар иқдоме мехоҳанд анҷом бидиҳанд, ниёзе ба пири кор доранд. Дар ин номаҳо Абдусалом Деҳотӣ, ки бидуни шак яке аз донишмандони замони худ буд, ҳатто аз масофаи дур маънои луғавии калимаҳоро аз устод мепурсад. Бахусус номаи ӯ дар атрофи калимоту ибораву мафҳумҳои душворфаҳми “Ҳафт пайкар” – Низомӣ хеле ҷолибанд. Танҳо афсӯс мехӯрем, ки посухи ин номаҳо чоп нашудаанд ва намедонем устод Айнӣ дар шарҳи истилоҳот ва умуман маслиҳат ба шогирдон чиҳо гуфтаву навишта...Мураттибони Куллиёти Деҳотӣ ҳам посухҳои Айниро ба даҳҳо номаи Деҳотӣ чоп накардаанд. Аммо Абдусалом Деҳотӣ дар баъзе номаҳо ба дарёфти посухи устод ишораҳо дорад.

Аз сӯйи дигар ин номаҳо таъриханд ва муҳаққиқони осори устод Айнӣ ва кулли пажӯҳишгароне, ки вазъи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ дар он солҳоро таҳқиқ мекунанд, метавонанд матолиби ҷолибе барои худ пайдо намоянд.

Аз чопи номаҳо бештар аз ним аср (56 сол) сипарӣ шудааст. Китоб ҳам дастраси ҳамагон нест. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем онҳоро бозчоп кунем ва дар хидмати ҳамватанон, ворисони Айниву Деҳотӣ қарор диҳем.

***   ***   ***

Устоди муҳтарам!

...Мувофиқи қарори шуъбаи матбуоти КМ ПК Тоҷикистон журналҳои “Барои адабиёти социалистӣ” ва “Октябрь” ба як журнали оммавии расмдор гардонда шуданд. Шумораи якуми онро фиристодам. Ду шумораи охирини (ба як ҳисоб 4 шумора) “Барои адабиёти социалистӣ”-ро ҳам фиристодам. Шумораҳои 5 ва 6 дар архиви идора намондаанд.

Ба журнали нав материал фиристонданатонро хоҳонем. Аз идора мактуби расмӣ ҳам фиристода хоҳад шуд. Характери журнал аз шумораи  аввалинаш маълум мешавад.

Ҳамроҳи Турсунзода ду моҳ боз дар мавзӯи “Шӯриши Восеъ” пьесаи манзум навишта истодаем. Абдушукур дар мактаби ҳарбӣ (курси радиочигӣ-телеграфистӣ) хонда истодааст.

Бо салом Деҳотӣ. Сталинобод, 4 марти соли 1938.

Муҳтарам домулло!

Дар бораи ташкил кардани саҳифаи бахшида ба Навоӣ бо муҳаррири “Тоҷикистони Сурх” р.Почоҷонов (Набӣ Почоҷонов, журналист ва тарҷумони тоҷик, ҳамон вақтҳо мудири Нашриёти Давлатии Тоҷикистон) гуфтугӯ кардам. Маъқул шуд. Ба Раҳим Ҷалил супурда шуд, ки як сармақола нависад.

Аз Шумо илтимос ҳамин, ки дар баробари фиристодани мақолаатон нависед, ки ба саҳифаи ташкил мешудагӣ кадом шеърҳояш (тоҷикӣ бошад хубтар аст, мегӯянд) ва аз кадом маҷмӯа ё тазкира гирифта шавад.

Имрӯз касе аз Москва омад. Рафиқ Лоҳутӣ омаданӣ, мегӯяд. Чанд рӯз пеш аз худашон хат гирифтам. Дар охирҳои моҳ меравам, гуфта навишта буданд.

Бо салом Деҳотӣ.

29 октябри соли 1938.

Устоди муҳтарам!

Бисёр афсӯс мехӯрам, ки дар вақти бозгаштан аз Москва ба Самарқанд фаромада натавонистам, якчанд гапҳои муҳим ҳаст, ки фаҳмидани шумо ҳам зарур. Агарчи бо хат баён кардани онҳо кори душвор аст, бо вуҷуди он кӯшиш мекунам, ки ақалан яктаашро фаҳмонда тавонам.

...Дар тирамоҳи ҳамин сол ба муносибати 10-солагии Тоҷикистон  дар Москва даҳрӯзаи поэзия – назми тоҷик гузаронида мешавад. 10-15 кас аз нависандаҳо ва артистҳо бояд раванд. Дар соҳаи омӯхтани классикҳо ҳам бисёр кор кардан лозим меояд. Ҳозир аз рӯи ҳамаи ин масъалаҳо ба КМ муроҷиат кардем. Бояд рӯзҳои наздик қарори Бюрои КМ барояд.

Аз Шумо хоҳишмандем, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ ба тарзи тарҷимаи ҳол як мухтасаракак навишта фиристонед, то ки бо ҳамин барои омӯхтани эҷодиёти вай ба ҷавонон як роҳ кушода шавад. Илтимсоси дигар ҳамин, ки дар ҳамон чизи менавиштагиатон санаҳоро ба ҳисоби милодӣ нависед. Чунки фарқи байни ҳисоби ҳиҷрӣ ва милодиро фаҳмидан барои мо душворӣ карда истодааст.

“Латифаҳо” кайҳо баромада буд (Ишора ба маҷмӯае, ки соли 1936 бо ҳамин ном Деҳотӣ чоп карда буд). Аз коркунони нашриёт хоҳиш карда будам, ки барои Шумо 10 нусха фиристанд, лекин то ҳол фирситоданашонро чӯтам намегирад. Боз имрӯз мепурсам.

Шумо ба ҳисоби Союзи Тоҷикистон ҳам меистед. Албатта, ин ғайр аз хубӣ чизе надорад. Аммо ҳуҷҷатҳо нопурра будаанд. Бинобар ин мувофиқи хоҳиши правленияи Союз (Москва) ба Шумо ду нусха анкета фиристодем. Хоҳишмандем, ки пур кунонда, ҳамроҳи ду нусха тарҷумаи ҳол ва ду дона сурати хурд ба мо равон кунед.

Ҳозир дар болои чиҳо кор карда истодаед? Саломатиатон чӣ тавр аст? Дар ин хусусҳо ҳам нависед, хабардор мешудем. Ба Юсуфӣ (Ҳабиб Юсуфӣ) ва рафиқони дигар салом.

Бо салом Деҳотӣ.

Сталинобод, 10  марти соли 1939.

Муҳтарам домулло!

1. Мақолаи “Камоли Хуҷандӣ” тахмин панҷ рӯз пеш аз ин расида буд. Лекин ба сабаби ин ки баъзе коркунони нашриёт фиристодани “Латифаҳо” ва “Одина”-ро (аз чопи наваш) бо ҳар гуна баҳона ақиб андохтанд, ҷавоби ман ҳам дер монд. Ниҳоят ҳамин рӯз ба ҷонашон расонида, даҳнусхагӣ бандонда фиристодан мумкин шуд.

2. Ҳозир Союз ҳаракат дорад, ки журнали бо ҳамон номаш ва ё бо номи дигар органи худаш бошад ва аз моҳи май сар карда, аз нав барояд.

3. Достонатонро ба муҳаррири нашриёт Шарифов супурдаанд, вай хонда баҳои нағз додааст ва гӯё отзыви Миршакарро рад кардааст. Ҳозир барои дафъаи охирин дида баромадан ба Турсунзода доданд, ки вай то охири апрел дида доданӣ шуд...

Бо салом Деҳотӣ.

Сталинобод, 8 апрели соли 1939.

Муҳтарам домулло!

Масъалаи вакил фиристодан ба съезди нависандагони Ӯзбекистон ин тавр шуд. Мо баъд аз гирифтани телеграммаи Аббосов муқаррар кардем, ки Шумо ва Раҳим Ҷалил вакил бошетон. Раҳим дар Ленинобод буд, ба вай телеграмма додем. Баъд аз се рӯз, яъне 23 апрель ба мо телеграмма дод, ки “дар Ашт будам, ба Тошканд рафта наметавонам”. Дар болои ин ба Киев ҳам одам фиристодан лозим омад, ки навъе карда Раҳимро равон кардем. Худи ман ва Турсунзода бошем, ба корҳои тайёрии Съезди комсомоли Тоҷикистон, ки 10 май мешавад, машғул шуда мондем. Сабаб ин буд, ки фиристодани ҳатто як телеграммаи табрик ҳам фаромӯш шудааст. Ҳуҷҷати ваколат ба шумо 20 апрел фиристода шуда буд. Ҳайронем, ки чаро нарасидааст?

Ҳозир дар болои ҳаёт ва эҷодиёти Носири Хисрав як қадар кор бурда истодаем. Маълум мешавад, ки муаррихҳо  ва тазкиранависон дар тарҷимаи ҳоли вай ва аз ҳамон ҷумла дар бобати аз куҷо будани вай бисёр ғалат кардаанд. Худи Хисрав дар аввали “Сафарнома”-аш менависад: “Гӯянд Носири Хисрави Қабодиёнӣ ал-Марвазӣ” (чопи Берлин) ва Ғанизода мунаққиди моро, ки бо ҳамин чопи “Сафарнома”, “Рӯшноинма”, ва “Саодатнома”муқаддима навиштааст, ҷумлаи болоро тасдиқ карда мегӯяд (мазмунаш): “Носири Хисрав аз Қабодиёни Марв аст ва Қабодиён қасабаест дар Хуросон”. Ғайр аз ин Хисрав дар аввали саёҳаташ ба Марв меояд, баъд ба Нишопур меравад. Баъд аз чанд вақти дигар ба Исфаҳон. “Шаҳре ба зебоӣ надидем”. Ҳол он ки аксари тазкираҳо вайро аз Исфаҳони Эрон гуфта, даъво мекунанд.

Мирзозода (Холиқ Мирзозода-адиб ва адабиётшиноси маъруф) оид ба Носири Хисрав як мақолаи дароз навишт. Хондем. Ҳозир баъзе ҷояшро аз нав кор карда истодааст.

Ман намедонам, ки дар дасти шумо, ё умуман дар Самарқанд “Сафарнома ва “Девони Носири Хисрав” ҳаст ё не. Агар мешуд, ба ҳамин масъала машғул шуданатон ба мо фоидаи бисёр мерасонд. Ҳарчанд ҳозир, ки дар дасти мо асарҳои вай хеле каманд, лекин аз ҷиҳати қиматашон ба тамоми эҷодиёти Низомӣ ва Навоӣ барин симоҳои бузург баробар ҳастанд, ки аз онҳо кам нестанд. Хусусан ғояи иҷтимоияш хеле барҷаста ва шоёни диққат аст.

Хоҳишмандем, ки дар ин бора кор бурда, мулоҳизаҳои худатонро ақалан ба шакли як мактуб ба Союз нависед.

Бо салом Деҳотӣ.

Сталинобод, 29 апрели соли 1939.

Барчаспҳо: