Шарҳи байти панҷум аз ғазали аввали Девони Бедил...

Шояд дӯстон боз ҳам дар мавриди шеваи гузиниши изҳори назарҳо дошта бошанд, аммо чун мо нусхаи хаттии маҳфуз дар китобхонаи Ризо Ромпурро, ки аз нусахи боэътибор ва дар замони Бедил китобатшуда дониста мешавад, ба асос гирифтаем, тартиби шарҳи абёт мутобиқи он сурат хоҳад гирифт.

Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ,

Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо.

БАЗМИ ВАФО – маҳфили вафову сидқ ва муҳаббати асил, маҷлиси унс. Дар нусхаи хаттии шарҳи Девони Бедил, ки муаллифаш номаълум буда, дар китобхонаи Ганҷбахш маҳфуз аст ва танҳо шуруҳи ғазалиёти радифи алифи девонро фарогир мебошад, ибораи мазкур ба маънии аҳди аласт тафсир гардида, аз ҷумла омадааст: “Яъне бисёр хушвахтӣ (ҳамин гуна навишта шудааст – Н.Н.) ва муборак бод мар он маҷлиси аҳди аласту бираббикумро, ки вафо ба он аҳд дар зиндагии бадан даромад, ки он қобилияти юсуфї нидо дардод, ки Бале Ё Раб. Пас хушӣ бод мар ин маҷлиси вафоро аз ҷиҳати ин ки зоҳир ва ҳувайдо шуд, хиҷлат ва шармандагии навмедӣ аз вафо. Яъне навмедӣ аз вафо маъдум шуд. (саҳ. 8). Дар бораи ин шарҳ мақолаи муаллиф таҳти унвони “БАРРАСИИ НУСХАИ НОДИРИ ШАРҲИ ДЕВОНИ БЕДИЛ ВА ШЕВАҲОИ ШАРҲНАВИСӢ” (Нусхаи хаттии маҳфуз дар Китобхонаи ганҷбахши Покистон таҳти шумораи 8717. 259 с.) аз санаи 7 май дар сафҳаи Шаби ошиқони Бедил” ба нашр расидааст.

ХИҶЛАТИ ИЗҲОРИ НАВМЕДӢ – инфиоли ноумедӣ, шарм доштан аз зоҳир кардани ноумедии хеш адами яъс, шудани ноумедиву ҳирмон. Ин ҳолатест, ки аслан дар маҳфили вафо ва мақоми унс ҷараён бигирад.

ШАРАР ДАР САНГ ДОШТАН – оташи даруни санг, ки ноаён аст. Оташе, ки як бор ҷилва кунаду зуд хомўш гардад. Зеро оташи вуҷуди санг, ки ҳамон шарар аст, ки дар натиҷаи бархўрд як бор ҷилва кунаду зуд аз миён равад. Ба иртиботи матлаби шоир зудмиранда, бебақо ва ноустувор. Ибораи шарар дар санг ба маънии оташи даруни санг ва киноя аз чизе ноаён дар вуҷуд доштан ва ё ба таъбири мардумии “оташ дар вуҷуд доштан” низ дар шеъри Бедил истифода мешавад. Он ҷо ки мефармояд:

Шарар дар санг мерақсад, май андар ток меҷӯшад,

Таҳайюр риштаи соз асту хомӯшӣ садо дорад.

ШАРАР ДАР САНГ ДОШТАНИ ПАРФИШОНИҲОИ ОҲ - зуд аз миён рафтани оҳ, дар ин мақом ҷой надоштани яъсу навмедӣ. Яъне агар яъс бошад, мисоли шараре ҳаст, ки андаруни санг ҷо дорад. Шарари санг дар ҳолати оромиву сукут рунамо намегардад ва дар кутоҳтарин фурсат ҳангоми ҷилва кардан аз миён равад, ки ин киноя аз бебақоӣ низ бошад.

ПАРФИШОНИҲОИ ОҲ - ҷилва ё зуҳури оҳ, оҳ кашидан, афсус хўрдан, дар ин байт барои таъкиди изҳори ноумедӣ ва таассуф низ ба кор рафтааст.

Байт бо вожаи нидоии хушо шурўъ мешавад, ки маънии хуш бошад, чӣ хуб астро дорад ва ҳосили маънӣ он бошад хуш бод базми вафо, ки дар мақоми он аз шарм ноумедӣ ба суръат аз миён равад ва ҳама умеду бовар тантана кунад. Бедил бо таъкид бар ин матлаб изҳор медорад, ки дар мақоме, ки вафодориву садоқат зуҳур мекунад, ноумедиву яъс мисли оташи даруни санг зуд аз миён меравад. Ба таъбири дигар, парфишонињои оҳ, яъне афсӯсу надомат дар ин мақом ҷой надорад. Аммо ин шарар танҳо зимни бархўрди сахт ҷилва кунад ва зуд мирад, ки барои базми вафо чунин тазод бегона бошад. Оҳ дар мисраъи дувум ифодакунандаи ҳамон маънии ноумедиву яъс аст. Ба ин хотир Бедил изҳор мекунад, ки дар базми вафо зуҳури оҳ шарар дар санг дорад, яъне мисли ҳамон шарар, ки аз санг ҷаҳида зуд аз миён равад, навмедиву яъс низ дар мақоми вафодорӣ ба зудӣ аз миён равад ва умеду бовар тантана намояд. Ба таъбири дигар, танҳо маҳфили вафост, ки он ҷо яъс ва ноумедӣ ҷой надорад ва ҳар ҷо ки вафо ҳаст, эътимод ва бовар афзуда, ноумедӣ аз миён биравад.

Нуралӣ НУРЗОД

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук: 

               ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ.

Бо м атолиби ин саҳифа ин ҷо метавонед ошно шуд: ШАБИ ОШИҚОНИ БЕДИЛ  

 Бахшҳои аввали шарҳ:

Шарҳи байти нахустини Девони Бедил

Шарҳи байти дуюми нахустин ғазали Девони Бедил

 Шарҳи байти савуми ғазали аввали девони Бедил

Шарҳи байти чоруми ғазали аввали девони Бедил

 

Барчаспҳо: