Оғози давраи нави омӯзишӣ дар Маркази такмили ихтисос
Нашр шуд 2020-01-28 15:33
17 нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи илмӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба як давраи нави омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Субҳи имрӯз бо ҳузури ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ин давраи омӯзишӣ оғоз шуд ва қарор аст то 31-уми январи соли равон идома кунад.
Дар ин давраи омӯзишӣ шунавандагон дар бораи фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва марказу шуъбаҳои он маълумот хоҳанд гирифт. Бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи реклама», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи нусхаи ҳатмӣ» «Дар бораи дастрасӣ ва иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ба фаъолияти китобхона вобаста буда ошно хоҳанд шуд.
Ба таърих ва сохтори китоб, дастгоҳи маълумотдиҳандаи китоб, тавлиди китоб, тарзи интихоби китоб шинос мешаванд, системаи феҳристу картотекаҳоро меомӯзанд. Дар бораи ҷадвалҳои ТДУ (УДК) ва Таснифи китобдорӣ библиографӣ ТКБ (ББК) иттило дарёфт мекуннад.
Ҳамчунин мавзуъҳои зиёди дигаре ҳам дар доираи ин давраи омӯзишӣ омӯхта хоҳанд шуд.
Юлчибой Мӯсоев