Китоби нав: “Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”
Нашр шуд 2019-11-13 15:45
Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои пасошўравӣ аз ҷониби рохбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд. Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.
Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти хуқуқи байналмилалӣ ва ҳаконияти геополитикӣ мавҷудияти худро ба итмом расонид.
Китоби нави пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Иттиходи Давлатҳои Мустақил Институти Омўзиши масъалахои давлатҳои Осиё ва Аврупо АИ ҶТ Маҳмадамин Оймахмадов таърихи таъсис ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба риштаи тасвир кашидааст.
Дар ин китоб муаллиф ҳодисаҳои солхои охири асри XX ва аввали асри XXI-ро қаламдод намуда, сабабҳо ва зарурияти бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ошкор менамояд. Дар китоб, дар шакли мухтасар робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хамаи кишварҳои ИДМ, аъзо ва намояндагони ин созмон баён гардидааст.
Китоб зери назари Президенти АИ Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст.
Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Моҳира Муродова