Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ

Аз рўзе, ки китоб пайдо шуд, дар ҳаёти маънавии инсон хело нақши бузург бозидааст. Барои қадру қимати баланд доштан ва аз як насл ба насли дигар расондан китоб дар китобхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Захираи китобхонаҳо моликияти давлатӣ ва ё худ ҷаъиятӣ буда, ҳар китоб қатъи назар аз ҳаҷм, мазмуну нарх гаронбаҳост. Аз ҳамин ҷиҳат доду гирифт ва муносибат ба китоб эҳтиёткорию ғамхории хосро аз ҳар корманди китобхонаю  хонанда тақозо  мекунад.  Китоб офаридаи инсон аст ва он барои инсонҳои имрўзу фардо таҳия мешавад. Онро ҳар яки мо бояд ҳифзу истифода намоем ва тавассути он бо гузаштаю имрўзи мардуми тоҷик ошно шавему барои ояндагон мерос гузорем, то ки дигарон аз он истифода намоянд.

Дар кишвари мо, хушбахтона имрўз, нисбати китоб эҳтироми хоса ва муҳаббати баланд доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бинои боҳашамат барои нигоҳдории зиёда аз 10 миллион китоб бо тарҳи наву техникаи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин дастгириҳои Пешвои миллат моро бештар водор месозад, ки барои беҳбуду пешбурди  соҳаи китобдорӣ саъю талош намоем.

 Мо тасмим гирифтем, ки барои таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳои китобхонаҳо як дастуре омада намоем, то кормандони китобхонаҳо бо истифода аз он китобҳои фарсудаю таъмирталабро  бо роҳи осон таъмир намоянд,тоинкикитоббарои наслҳои оянда садсолаҳо боқӣ бимонад.

То кунун маълумотнома ё дастурамале, ки тарзи таъмиру тармими китобро бо таври мухтасар тавсиф карда бошад, таҳия нашудааст. Инак, кўшиши аввалин ба харҷ дода шуд, то барои нигоҳ доштани китоб ва нишон додани роҳи таъмиру тармим дастури ёрирасонеро омода намоем.

Дар ин дастур бо расмҳо тарзу усулҳои дўхтани муқоваи китоб, барқароркунии варақҳои зарардида, пурра кардани қисмҳои гумшудаи варақҳои китоб ва ширешкунӣ нишон дода шудааст. Инчунин дар дастур унсурҳои китоб ва мавод барои корҳои муқовабандӣ, луғати истиҳлоҳоти русӣ ба тоҷикӣ дарҷ шудааст.

Дастури омоданамудаи мо барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ пешниҳод мегардад. Умедворем дар самти ҳифзу нигаҳдории китоб  ба кормандони китобхонаҳо кўмак мерасонад.

Китоб (калимаи арабӣ “کتاب” буда, маънояш-навиштаҷоти варақҳои  муҷаллад), воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории иттилоот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Дар омори байналхалқӣ мувофиқи тавсияи ЮНЕСКО асари ҳаҷман беш аз 3 ҷузъи чопӣ, яъне аз 48 саҳифаи чопӣ кам набударо шартан китоб гуфтан мумкин аст. Китоб василаи муҳими ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзўри паҳнкунӣ ва таблиғи дониш, иттилоот ва тарбия ба шумор меравад.

Мақсади ин дастур баланд бардоштани фарҳанги нигоҳдории китоб ваҳифзи он бо тарзи таъмиру барқарорсозӣ мебошад. Дар ин дастур мо ба Шумо баъзе аз асбобоҳои муфиде, ки барои барқароркунии китоб лозим аст, нишон медиҳем, ки истифодаи он ногузир аст.

 

Барчаспҳо: