Театр саҳнаи зиндагист
Дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ матни зиёда аз 3000 пйеса ва намоишномаҳои дар солҳои гуногун навиштаи драматургони тоҷик маҳфуз аст. Умри баъзе аз ин пйесаҳо бештар аз 60 сол мебошад.
Санъати театр аз ҳунарҳои зебоест ҳамчун шодӣ, хушбахтии бебозгашт, хандаи дар лаб шикаста, насими форами даргузар, ки дар қалбҳо ҳаяҷони ширине бедор мекунад. Санъаткори ҳақиқӣ бо нишон додани ҳунари асили худ таваҷҷуҳ ва ҳисси инсонро барои дарки олами ҳастӣ, моҳияти зиндагӣ ва нигоҳи нав ба табиату инсонҳо бедор месозад. Тамошобин бошад, пас аз тамошои намоиш ба саволҳои худ посух меёбад, нигоҳ ва тафаккураш тағйир ва рушд мекунад.
Аммо суҳбат ҳоло аз рушди театр нест ва мавзуъ ҳам дигар аст. Суҳбат аз асарҳои драмавист, ки матни комилашон дар бойгонии Китобхонаи миллӣ маҳфуз аст. Баъзе аз ин нусхаҳо нодиранд. Аксари муаллифони ин асарҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Вале асарҳои онҳо чун хонотарин китоб барои ояндагон хизмат мекунанд.
Дар толори аудио-видеоӣ (маводи мусаббати) шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар матни зиёда аз 3000 намоишномаҳо маҳфузанд, ки хоҳишмандон метавонанд аз он озодона истифода баранд. Мо низ тасмим гирифтем, ки минбаъд оид ба мазмун ва муҳтавои қисме аз ин намоишномаҳо маводи ҷолибро пешниҳоди хонандагон гардонем.
Дар намоишномаи «Ҳукми модар» (Ф. Ансорӣ), муҳимтарин мавзўъ пайгирӣ шуда, муаллиф дар он зиндагиро мураккаб ва муносибати калонсолон бо хурдсолон ва муносибати хурдсолон бо волидонро хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашидааст.
Намоишнома аз аввали сужет бошиддат, тундутез ва инкишофи амалиётро ба бинандаи худ аз задухўрдҳои ботинӣ нишон дода, торафт равнақ меёбад. Ҳунармандон ҳақиқати бадеиро зарра ба зарра гирдоварда мекушанд, ки тамошобин ҳаётро ба тамоми пастию баландӣ, печухамӣ ва ҷузъиёти назарногиру лаҳзаҳои муҳимаш бинад, ҳис кунад ва баробари каҳрамонони асар ба ҳаяҷон ояд.
Ҳамин аст, ки мегўем театр оинаи зиндагист, яъне бояд тамошобин дарк кунад он чӣ дар саҳна мебинад ва ба зиндагии худ муқоиса карда хулоса барорад, ҳамин аст бузургии театр.
Мазмуни мухтасари ин намоишнома ин гуна аст: Дар як оила яъне оилаи муаллимаи калонсол Сарвар муҳити хело хуб ҳукмфармо буд. Дар ин оилаи зебо ва хурд миёни фарзандон ва модар меҳру муҳаббат, якдигарфаҳмию якдилӣ, дўстию садоқат ва танҳо ва танҳо ширинии зиндагӣ дида мешуд, аммо чӣ тавре ки мегўянд зиндагӣ якранг нест ва зуд-зуд дар тағйиру дигаргуншавист. Писари хона Масрур ба зани шавҳардоре дил баста, аз паси вай мешавад, аниқтараш фикру хаёлаш ва зиндагиаш каме дигаргун шуда, духтари муаллима Малоҳат бошад ба беморие мубтало мешавад ва дар ин асно модар дар такопу меафтад, даме бо духтараш машғул мешаваду дами дигар бо писараш, духтарашро нигоҳубин ва писарашро насиҳат мекунад, ки аз зани шавҳардор даст кашад. Хушбахтона, дар охири хати сужаи намоишнома модарро боз тамошобинон бо лаби пурханда мебинанд. Писараш кори бади худро фаҳмида, аз роҳаш мегардаду духтараш шифо меёбад.
Ин асар соли 1962 дар театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳуотӣ ба саҳна гузошта шуда буд.
Дар намоишномаи «Ҳаёт ва ишқ» бошад, мавзўи некбинона дарк намудани ҳаёт таҷассум ёфтааст. Фирўз каҳрамони асосӣ духтур асту ба бемор, яъне духтараки деҳоти Ҳанифа, барои рушди ҳаёти ояндааш кўмак мерасонад. Ҳанифа дар вақти табобат ба Фирўз дил баста, худ ба худ ошиқ мешавад. Фирўз аз пайи ишқи Ҳанифа шуда, вале он ишқро пазируфта наметавонад. Зеро вай дўстдоштае дошт, бо номи Баҳор. Фирўз дар фикре меафтад, ки чи гуна ба Ҳанифа фаҳмонад, ки вай арўс дорад ба ин хотир як хоби дурўғ мебофад ва он хоб сабаб мешавад, ки ишқи навшукуфтаи Ҳанифа пажмурда шавад. Баъдан Ҳанифа ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешаваду дўсти Фирўз Хуршед ба ў дил мебандад ва дар охир лаҳзаи риққатовар он аст, ки Фирўз ба дўстдоштаи худ мерасаду Ҳанифа ва Хуршед бо ҳам аҳду паймон мебандад.
Дар намоишномаи «Гуфтугў бо худ» бошад, шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ин намоишномаро ба ашъори шоири бузурги асрҳои ХI-ХII Умари Хайём бахшидааст. Вай тавассути ашъори ҷовидонаи ин нобиға хост аз саҳна дар бораи инсон ҳарф занад.
«Ҳар як инсон дар дил дарду доғе дорад...» Одамон бо дарду ранҷу шодиву афкорашон ба ҳам монанданд. Хайём аз тамоми донишмандон донотар аст, равшан ва оммафаҳмтар ҳарф мезанад. «Гуфтугў бо худ» гуфтугўи инсони рўзгордида ва ранҷбурда аст. Муаммои зиндагӣ аст. Ҳар сари савдозада ба ин бо чашми худ назар мекунад. Шахсе, ки гуфтугўяшро, андешаву муборизаҳояшро шунидану дидан мехоҳем инсони башардўсту адолатпарвар аст.
Дар ин намоишнома ҳунарманд тарбия намудани тамошобинро тавассути мероси адабӣ-миллӣ, ки бисёриҳо аз он дурр буданд аз вазифаҳои муқаддаси худ шуморида мекушад, ки чизе ба бинандааш диҳад. Намоиши «Гуфтугў бо худ» фарҳанги куҳанро зинда намуд, ки он чун бахши басо муҳими маданияти маънавии инсони муосир дарк гардид.
Хулоса, театр бо пешниҳоди силсилаи намоишномаҳо зеҳни инсонро барои рушди афкори инсондўстиву инсонпарастӣ, омилҳои гуногуни ахлоқӣ, зиндагиву ҳаёт равшану бедор месозад. Драматургон асарҳои худро дар заминаи мушоҳидаҳои воқеҳои рўзгору зиндагӣ бо завқи табиӣ ва хоси худ дар рўҳияи тарбиявӣ эҷод намуда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум нақши бориз мебозанд.
Нигина Маҳмудова,
мутахассиси шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар