Зарфи нуҳ моҳ 299 нафар дар маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ омӯзиш диданд
Нашр шуд 2018-10-22 17:53
Зарфи нӯҳ моҳи охир дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ 299 нафар маҳорати касбии худро такмил додаанд, ки аксари онҳо донишҷўёни макотиби олӣ, коллеҷу литсейҳои пойтахт мебошанд. Ба курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос мутобиқи дархости МС «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» (7 нафар), Донишкадаи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон (3 нафар) ва аз Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ (7 нафар) ба омӯзиш ҷалб карда шуданд.
Ба курси такмили ихтисос 15 нафар кормандони КМТ тибқи барномаи «Асосҳои лоиҳасозӣ» ва 28 нафар мувофиқи барномаи «Феҳристнигорӣ» ҷалб ва баъди анҷоми омӯзиш соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.
Барномаи бозомўзии такмили ихтисоси «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» барои кормандони китобхонаҳои донишкадаҳои олӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар ҳаҷми 56 соат роҳандозӣ шуд, кии дома дорад.
Дар ин нӯҳ моҳ ду нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи миллӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳрҳои Остона ва Алмаато) дар курси «Барои таъмир ва тармими ҳуҷатҳо» ва дар конгресси байналмилалии хониши «Фарҳанги хониш дар дунёи муосир» ширкат карданд.
Як нафар дар конфронси байналмилалии «Китобдорони Авру Осиё», ки дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва 1 нафар дар 8-умин семинари байналмилалии «Технологияи нави ҳифзи осори чопии таърихӣ» дар Ҷумҳурии Арманистон ширкат намуданд.
Ғайр аз ин ба конфронси баналмиллалии «Осиёи марказӣ 2018: «Захираҳои иттилоотии китобхонавӣ дар илм, маориф ва тиҷорат» Ҷумҳурии Узбекистон (1 нафар) ва дар семинари илмӣ-амалии «Навовариҳо дар китобхонаҳои миллӣ ҳамчун асос барои тағйироти мусбат ва гарави рушди муваффақ» ба муносибати 95- солагии Китобхони миллии Озорбойҷон (шаҳри Боку, 1 нафар) ширкат намуданд.