Тавсифи мухтасари қисме аз дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон

«Таърихи Табарӣ» аслан бо забони арабӣ таълиф шудааст. Санаи  таълифоташ маълум нест. Онро соли 963 вазири давлати Сомониён Мир Абўалӣ бинни Муҳаммад Балъамӣ ба забони тоҷикӣ гардонида, ба асар иловаҳо дохил кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат таҳқиқотчиён «Таърихи Табарӣ»-ро ба Балъамӣ ҳам нисбат медиҳанд. Садаи ХV1 Ваҳидӣ Балхӣ «Тарихи Табарӣ»-ро бо забони ӯзбекӣ тарҷума карда буд.

Тарҷумаи франсавии «Таърихи Табарӣ» дар ҳаҷми чаҳор ҷилд солҳои 1867-1874 дар Порис, матни арабиаш дар ҳаҷми понздаҳ ҷилд солҳои 1879-1901 дар Лондон (Англия) интишор гардидааст. Янчанд чопи сангии «Таърихи Табарӣ» солҳои 1879 ва 1916 дар Ҳиндустон ба табъ расида буданд.

Нусхаи «Таърихи Табарӣ», ки дар захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, аз рўи хату навъи коғаз ва нусхабардориаш ба садаи  ХVI тахмин шудааст. Ин нусха бо хатти насх нусхабардор шуда, сарлавҳаҳои матн бо хатти сулс навишта шудааст.

«Таърихи Табарӣ» дар бораи таърихи улуми Осиёи Миёна-давраҳои пеш аз исломӣ ва  баъди он маълумот медиҳад.

«Муаллифи «Таърихи Табарӣ» Абуҷаъфар Муҳаммад бинни Xарир ат-Табарӣ (соли таваллудаш 838, вафоташ 922), қонуншинос, донишманди «Қуръон» ва муаррихи барҷастаи замони худ буд. Ӯ асарҳои «Тафсиф - ул - Қуръон», «Тазҳаб - ул-асрор», «Ихтилоф-ул-фиқҳо», «Аква «Хамса»-ро низ таълиф кардааст.

Фирдавсии бузург барои эҷоди «Шоҳнома» беш аз ними умри худро масраф намуд. Ӯ ба навиштани «Шоҳнома» тақрибан солҳои 975-976 шурўъ карда, таълифи онро соли 994 анҷом додааст. «Шоҳнома»- Абулқосими Фирдавсӣ аз чаҳор қисмат - муқаддима, мифология, васфи корнамоии паҳлавонон ва воқеаҳои таърихӣ иборат мебошад.

Ба гуфтаи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» дорои 60 ҳазор байт буда, 120 ҳазор мисраъро дар бар мегирад. Бо ривояти муҳаққиқон адади нусхаҳои  каламии достон зиёд ва аз ҷиҳати миқдори байт гуногунанд. Баъзе агар 40  ҳазор байт дошта бошанд, қисме аз нусхаҳо то 80 хазор  байт, яъне 160 ҳазор мираъро дар бар мегиранд. Агар баъзе нусхаҳо кўтоҳ бошанд, гоҳе ба матни аслӣ байтҳои илҳокӣ ба теъдоди то 20 ҳазор байт илова шудааст.

Нусхаи «Шоҳнома» -и Абулқосим Фирдавсӣ аз рўи хату коғазаш нимаҳои дуввуми садаи  ХVI  ва ибтидои  садаи ХVII нусхабардорӣ   шудааст. Хаташ настаълиқи зебо. Сарлавҳаҳои матн бо санъаткориҳои нафис оро ёфтаанд. Бисёр саҳфаҳои минотурҳои дилчасп доранд.

***   ***   ***

«Сияри Шариф» дастхатест, ки аз тараккуфи Одам то Ҳотам, сабабҳои пайдоиши одам ва сифатҳои хоси ў, ба ҳаёт омадани Муҳаммад ва хислатҳои хоси ў, даъвати хилофати Муҳаммад барои тарафдории дини ислом, тохтутозҳо ба Мовароҳуннаҳр ва дигар кишварҳо ҳикоят мекунад. «Сияри Шариф» бо ҳусни хатти зебои настаълиқ соли 1872 нусхабардорӣ шудааст. Перомуни матн бо зарҳал ҷадвалбандӣ шудааст. Оғози ҳар қисм (шаш қисм) лавҳаҳо бо зарраҳои тилло афшон ёфтаанд. Муаллифи «Сирияи Шариф» Мавлоно Муиниддини Ҳиравӣ (соли таваллудаш 1486, вафоташ 1556) мебошад.

Профессори донишгоҳи Рум Анджело Пемонтезе аз захираи китобии китобхонаи миллии Флоренсия нусхаи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро дарёфт мекунад, ки он санаи 12-уми апрели соли 2012 нусхабардорӣ шудааст. Андозаи дастхат 47,5 х 30,5 сантиметр мебошад. Чи тавре, ки ў муқаррар кардааст, «Шоҳнома» 400 сол қабл дар дасти хонанда будааст.

***   ***   ***

Соли 833-ҳиҷрӣ (барорбар ба солҳои 1429-1430 милодӣ)  китобхонаи Бойсангур Мирзо нусхаи нодира «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро дастрас карда буд. Нусхаи мазкур намоёнтарин санъати баландтарини ҳунари ороиши китоб аст. Ин нусха дар замони мо дар китобхонаи салтанати собиқи Эрон дар ҷузъи «Нафоӣ ва Заҳоир»  (таҳти рақами 4752) нигоҳ дошта мешавад.

***   ***   ***

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.