Муаррифӣ:Мирзо Ҳасани Султон. Куҳантарин дастури забони форси тоҷикӣ дар сарзамини Чин

Дар рисолаи мазкур, ки соли 2018 чоп шудааст, дар заминаи яке аз куҳантарин дастурҳои забони форси тоҷикӣ, ки дар сазамини Чин аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном як донишманди самарқандиасл бо номи «Минхоҷу – т – талаб» дар соли 1660 таълиф шудааст, таҳқиқи муқаддамотӣ анҷом пазируфта, зимнан худи дастур ба забони тоҷикӣ таҳия шудааст. Рисола барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷўёни макотиби олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Дар сарсухани китоб мехонем:

Равобити гуногунҷабҳаи тоҷикон бо мардумони Чин таърихи қадима дорад ва аз умқи асарҳои пешин, аз рўзгори давлатдории Ашкониёну Сосониён ва шояд ҳатто пештар аз замони ҳукумати ин сулолаҳои ориёӣ ибтидо мегирад. Ин равобит барои пайрезии «Роҳи абрешим» - и машҳур, ки тавассути шоҳроҳи бузурги корвонгузар аз марзи Эронзамини таърихӣ сарзаминҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам пайванд медод, замина фароҳам овард ва ба таъбире марзу буми аҷдодии мо ҳалқаи васли кишвари Чин бо ҷаҳони Ғарб гардид.

Бо шарофати ҳамин «Роҳи абрешим» молу колои чинӣ, аз ҷумла абрешиму ҳарир, косаву дигар зарфҳои нафиси наққошишуда ба сарзаминҳои дигар интиқол ёфтанд ва шуҳрати ҳунару санъати камназири Чинро дар саросари олам бар сари забонҳо андохтанд.

Вожаи Чин ҳам барои ифодаи номи ин кишвар, бори нахуст дар забони ниёгони мо истифода шуда, баъдан ҳамин тарзи ифода бо андак дигаргунӣ ба шакли «China» ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои Аврупо, аз ҷумла инглисӣ («China»), итолиёӣ («Cina»), олмонӣ(«China»), фаронсавӣ  («Chinе») ва ғ. мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин вожжа дар забони модарии мо ҳамчунин дорои муродифи Хитой (бо гунаҳои Хито ва Хато) мебошад, ки дар адабиёти классики мо доираи истифода ва корбуди зиёд дорад.

Авҷи равобити сиёсию тиҷоратӣ ва фарҳангии мардуми мо бо Чин дар рўзгори густариши тамаддуни исломӣ ба замони давлатдории Сомониён, бахусус давраи подшоҳии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ(914 – 943) мутобиқ меояд. Ин амири фозили сомонӣ ҳамчунин ба хотири бештар пайванд додани робитаҳои дуҷониба байни ин ду мардуми тамаддунофар бо хонадони императори Чин робитаи хешовандӣ барқарор намуда, духтари императорро барои писари худ ба Бухоро арўс овард. Ин ҳақиқатро шоир ва ҷаҳонгарди араб Абудулаф Мисъар ибни Муҳалҳил ал – Ҳазраҷӣ, ки дар маросими ақди никоҳ дар Чин ба сифати фиристода ва намояндаи амири сомонӣ ширкат варзидааст, таъйид менамояд. Абубакри Наршахӣ низ, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар «Таърихи Бухоро» ёдовар мешавад, ки дар ҷиҳози арўс бутхонае ҳам оварданд ва онро дар Ромитан гузоштанд. Ин падида ҳамчунин аз таҳаммулпазирӣ ва озодандешии Сомониён дар баробари динҳои дигар, ки боиси шукўҳу азамат ва шукуфоии ин давлат гардид, гувоҳӣ медиҳад,

Сиёсати ҳамзистии мусолиматомези Сомониён бо кишвари Чин имкон дод, ки рафту омад ба ин кишвар бештар гардад ва забони форси тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалии «Роҳи абрешим» дар Чин нуфузу эътибори фаровон пайдо намояд. То ҷойе, ки дар асрҳои баъдӣ барои сайёҳону ҷаҳонгардони маъруф, аз қабили Марко Поло (1254 – 1324) ва Ибни Баттута (1304 – 1377) донистани ин забон барои ошноии бештар пайдо кардани онҳо бо мардуми Чин заминаи созгор муҳайё намудааст.

Доираи васеи корбурди забони форсии тоҷикӣ дар ин кишвар сабаб гардид, ки дар Чин, дар асрҳои миёна аз ҷониби Муҳаммад ибни Ҳаким ном донишманди самарқандӣ яке аз куҳантарин дастурҳо ба ин забон бо номи «Минҳоҷу –т- талаб» таълиф карда шавад.

Ин нуқта ҳам гуфтанист, ки яке аз ҷанбаҳои заъфи забоншиносии мо кам будани таълифи дастури забон аст. Донишмандони гузаштаи мо бо вуҷуди таълифу тадвини даҳҳо асари хуби дастури забони арабӣ ба таълифи дастури забони модарӣ камтар ҳиммат гузоштаанд.

Аз ин рў ҳар маълумот  ва манбаи тоза дар ин мавзўъ, аз ҷумла дастрас ва мавриди таҳияву таҳқиқ қарор гирифтани «Минҳоҷу –т- талаб» - и Муҳаммад ибни Ҳаким, ки дар асрҳои миёна дар сарзамини Чин таълиф шудааст, барои забони мо бисёр аҳамият ва арзиш дорад.

Шоистаи зикр аст, ки ҳангоми як сафари хидматии мо ҳамроҳи устод Ғиёсиддин Қодиров моҳи майи соли 2010 ба шаҳри Теҳрон дар як маҳфили унс бо устод Сайид Абутолиби Миробидинӣ, ки солҳои тўлонӣ дар Чин ба таълиму тадриси забони форсӣ машғул будааст, мулоқот иттифоқ афтод.

Ин марди соҳибдил дар рафти суҳбати кўтоҳ, ки ба қавли маъруф:

                                        Чун субҳ файзи суҳбати соҳибдилон дамест,

                                         Аммо даме, ки боиси эҳёи оламест,

 - нахуст аз иқдомҳои неки Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бобати арҷ гузоштан ба забону адаб ва расму ойинҳои аҷдодӣ изҳори суруру шодмонӣ кард ва баъдан дар хусуси пешинаву имрўзаи вазъи забони мо дар кишвари Чин, аз ҷумла китоби «Минҳоҷу –т- талаб» дар Чин сухан гуфт ва як нусха аз ин китобро, ки ба ҳиммати эшон ба нашр омода шудааст, ба ихтиёри мо вогузор кард.

Азбаски ин китоби дастури забон аз назари таърихи таълиф ва мазмуну муҳтавои худ дорои аҳамияти баланди илмию таърихист, ҳамчунин бо вуҷуди бархе печидагиҳо дар баёни матлаб, ба гўйиши тоҷикии он рўзгор дар кишвари Чин таълиф шудааст, мувофиқи мақсад дониста  шуд, ки китоби мазкур ба хатти сирилик баргардон ва бо таҳриру тасҳеҳ ва муқаддимаву таълиқот ба дастраси алоқамандону дўстдорони забон қарор дода шавад.

Чун асли китоб ба гўйиши самарқандии тоҷикист ва забони баёни нусхаи хаттии асли китоб то андозае душвору печида аст, чунин ба назар мерасад, ки устод Миробидинӣ дар тавзеҳи баъзе вожагон дучори иштибоҳ шудааст. Бино бар ин, ҳангоми таҳияи матни китоб бо мадади дўстон, ба хусус устодони арҷманд Ғиёсиддин Қодиров ва Аскар Саломов кўшиш ба харҷ дода шуд, ки то ҳадди имкон вежагиҳои луғавии гўйиши тоҷикӣ тасҳеҳ карда шавад.

Бо вуҷуди ин, азбаски забони баёни матолиб марбут ба асрҳои миёна аст, имкон дорад ҳангоми таҳияи матн иштибоҳу лағжишҳо роҳ ёфта бошад. Аз ин рў ба ҳамаи донишмандону алоқамандони забон, ки бар рафъи ин норасоиҳо умед аст моро кўмак ва раҳнамоӣ хоҳад кард, қаблан арзи сипос мекунем.

Ёдоварӣ мебояд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳрифу суитафоҳум ҳангоми хондани матни асл, зимни таҳия асолати навишти бархе калимаҳои арабиасл, ба хусус калимаҳое, ки ҳарфи решагии «ъайн» доранд, дар байни вожаҳо ва пеш аз изофат нигоҳ дошта шуд.

Китоби мазкур ҳоло дар Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва хонандагон ба роҳатӣ онро метавонанд мутолиа намоянд.

Таҳияи Мавзуна Назарова     

Барчаспҳо: