Оғози даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-12-07 10:26
Субҳи имӯз дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии муқаддамотии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода даври ниҳоии дуюмин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз шуд. Абдуҷаббор Раҳмонзода баргузории озмунро аз ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонд ва иброз дошт, ки ин боз як гоми муҳими дигар дар роҳи ҷалби омма ба китобу китобхона ва илму дониш аст.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии озмун ҳамчунин Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, Президети АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва дигарон суханронӣ карданд.
Озмун дар ҳамаи номинатсияҳо баробар оғоз гардид.
Барои баргузории озмун 110 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ҷалб шудаанд, ки вазифаи онҳо асосан раҳнамоӣ, кумак ба корҳои ташкилӣ ва риояи назму низом ва қоидаҳои беҳдоштӣ дар толорҳоест, ки озмун баргузор мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки 267 нафар довталаб аз рӯйи 5 номинатсияи озмун ширкат меварзанд. Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеъи марказ ва 56 нафар аз шаҳри Душанбе.
Теъдоди довталабон дар муқоиса бо соли гузашта 130 нафар зиёдтар аст.
Фарзонаи Мирзо
МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР БОРАИ БОРАИ ОЗМУН:
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»