Ва боз омад моҳи сентябр ва моҳи оғози фасли дониш. Донишгоҳҳо, мактабҳо баъди танаффузи семоҳа дарҳои худро ба рӯйи донишомӯзон боз карданд. Ва имрӯз дар сар то сари кишвар аввалин рӯзи оғози соли нави хониш буд. Омадани ин рӯз ба ҳамагон хуҷаста бод!
Мебояд дар ситоиши ин рӯз зиёд ҳарф зад, чун рӯзи вуруд ба остонаи боргоҳҳои дониш аст, аз ин вуруд хирад меафзояд, дониш бой мешавад.
Дар ин рӯз ҳазорон нафар бори аввал по ба остонаи мактаб мениҳанд ва бори аввал китоби Алифбо ба даст мегиранд. Салом: ин аст Алифбо! Алифбои савод, Алифбои дониш!
Дар ин рӯз дар чандин нукоти кишвар мактабҳои нав ифтитоҳ шуданд, синфхонаҳои ҷадид сохта шуданд, дар донишгоҳҳо факултаву гуруҳҳои нав созмон ёфтанд.
Дар ин рӯз сарвари давлатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ соатҳоеро бо донишомӯзон пушти сар кард. Ин ҳам барои Сарвари маҳбуби мо як анъанаест. Ҳар сол дар ин рӯз дар як боргоҳи донишу маърифат бо донишомӯзону устодон ҳамсуҳбат мешавад, онҳоро ба омӯзиши илм даъват мекунад, чун кишвар ба доноёну донишмандон ниёз дорад.
Ва имрӯз ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара суханронӣ кард ва аз ҷумла гуфт: “Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар зарфи 25 соли истиқлолият тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонидем”.
Сарвари давлат боз гуфт: “Бо туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуданд. Ҳоло донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо 17 ҳазор компютер таъмин буда, ба 7 нафар донишҷӯ як компютер рост меояд, ки ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи мактабҳои миёна қариб ду баробар зиёд мебошад. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар зарфи бисту панҷ соли охир 7 баробар зиёд гардида, аз 32 миллион сомонии соли 2011 ба 296 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст”.
Оре, ғамхории пайваста аз дигарон, аз донишомӯзон, аз хонандагон, омӯзгорон масъулияти дигар мехоҳад. Бояд ба қадри ин ҳама меҳрубониҳо расид ва бояд аз пайи омӯзиши илм шуд.
Ва дар ҳамин рӯз чун рӯзи донишу китоб аст, Китобхонаи миллӣ низ анъанаи дерини худро дубора эҳё кард. Аз имрӯз шуруъ шуд “Рӯзи дарҳои боз” ва аз субҳ гуруҳ-гуруҳ хонандагон ба Китобхона омаданд ва бо шароити он аз наздик ошно шуданд.
Шуруъ аз даромадгоҳ ва дар ҳама ошёнаҳову толорҳои хониш намоишҳои мавзуъии китоб ташкил шуданд. Аз ин намоишҳо хонандагон бо адабиёти наву куҳан ошно мешаванд, аз мутасаддиён суол мекунанд, якҷо бо онҳо сайри Китобхона мераванд.
“Рӯзи дарҳои боз” идома дорад. Марҳамат, ба Китобхонаи миллӣ!
Аз идомаи он гузоришҳо хоҳем дошт.