Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2020-12-03 08:53
«Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - феҳристи давлатии матбуоти чопӣ буда, мақсади он сари вақт ба хонандагон расонидани иттилоот дар бораи нашри китоб ва матбуоти даврии дар ҷумҳурӣ нашргардида мебошад. «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҷеъ ба нашри китобу маҷалла, рўзнома ва дигар маводи чопие, ки дар ҷумҳурӣ ҳар семоҳа ба табъ мерасад маълумот медиҳад.
Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – хонаи китоби Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии китоб) то ин замон феҳристҳоро аз рўйи «Нақшаи ягонаи таснифи адабиёт барои нашри китоб дар ИҶШС» (М., 1977) мураттаб месохт, шуруъ аз авали соли 2016 Муассиса ба системаи ягонаи умумии байналмилалӣ – Таснифи даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) гузашт. Азбаски дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали махсуси библиографӣ вуҷуд надорад, аз ин ба баъд ҳангоми тасвири библиографии маводи чопии ба Муассиса воридшуда, дар асоси нашри сеюми Стандарти давлатии «Таснифи даҳгонаи универсалӣ» тасниф ва таҳия меёбанд. Чунки тибқи созишномаи ҳамкории тарафайн давлатҳои узви ИДМ низ чунин таснифотро қобили қабул донистаанд ва умуман тибқи пажўҳиши олимони соҳа ТДУ барои мубодилаи иттилоот байни кишварҳо васоити беҳтарин аст.
Таҳияи Фарзонаи Мирзо