Профессор С.Сулаймонӣ: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши 2

Китобҳое, ки хаттотони номӣ рўнавис мекарданд ва ё китобҳои дастнавишти худи муаллифон хеле гарон буд, ки ба ҷуз сарватманд тавони хариди онҳоро надошт. Барои мисол, қимати китоби Табарӣ (839-923) –ро ёд мекунем, ки ба гуфтаи муқарризе баҳои он ба сад динор мерасид ва ин маблағ дар он замон хеле гарон буд. Як китоби оддӣ ба як ё ду динор фурўхта мешуд ва агар дар назар дошта бошем, ки маблағи солонаи як қаҳвахона аз як динор фаротар намерафтааст, мебинем, ки ҳатто ҳамин қимати охир низ зиёд будааст.

Китобхона

Луғати арабии «китобхона» «мактубат» аст, ки аз калимаи «кутуб» яъне «навиштан» ва ё аз луғати «китоб» гирифта шудааст. Барои эҷод ва ихтисор ба китобхонаҳои мусалмонон «хазина» низ мегуфтанд, ки калимаи кўтоҳшудаи «хазинаи китоб» аст. Ин истилоҳ, он гуна, ки дар адабиёти араб омадааст, ба маънои «ганҷ» ё ба маънии «сандуқ» ва маҳфузае аст, ки дар он китобҳоро барои беҳтар ҳифз кардан нигоҳдорӣ мекардаанд. Номи дигари ин муассиса «китобхона» аст, ки дар забон ва фарҳанги тоҷикӣ ба хубӣ ҷойгир шудааст.

Мусалмонон, махсусан онҳое, ки дар сарзаминҳои таҳти назорати Аббосиён мезистанд, аз калимаи »китобхона» ё «кутубхона» истифода мекардаанд. Ба таври куллӣ, манобеъ ва матолибе, ки дар бораи китобхонаҳои мусалмонон навишта  шудаанд, бо таваҷҷуҳ ба назари мо онҳоро ба се гурўҳ китобхонаҳои умумӣ, китобхонаҳои шахсӣ ва китобхонаи нимаумумӣ ё нимашахсӣ тақсим намудаем.

                                            Низоми навиштори арабӣ

Ишқи арабҳо ба сухани навишта, ки дар сарзаминҳои фатҳ шуда, ба сурат онро нишон доданд, ҷуз бо ишқи онҳо ба худи хатти арабӣ қобили санҷиш нест. Зеро барои онон хат сирфан як низоми истифодаи ҳарфҳо, ки афкорро баён мекунад нест, балки чизе ба маротиб фаротар аз он аст. Хатти арабӣ, ки китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон ва дигар китобҳо ба василаи он навишта шуда, ба худи худ муқаддас ва аз дарунмояи динӣ бархўрдор аст. Аз хатти арабӣ ҳамзамон барои наққошӣ, зиннат ва баёни афкор истифода мешавад. Аз ин рў, арабӣ бо эҳсосоти исломӣ ва ҳунари исломӣ меомузад. Нусхабардорӣ аз Қуръон яке анъаноти динӣ аст. Аз ҳамин рў мусалмонон барои наздик шудан ба Худованд ё касби раҳмати илоҳӣ ва ҷалби хушнудии ў ин китоби муқаддасро рўйнависӣ мекунанд. Дар ҷаҳони ислом шакл ва забони ҳуруфи арабӣ мафҳуми сеҳрнок ба худ мегирад. Ин аст, ки навиштани чунин китоб як кори муққаддас ба шумор меравад. Бинобар ин шигифтӣ надорад, ки арабҳо ва ба таври куллӣ мусалмонон даст ба чунон фаъолияте бизананд. Ин падидаест, ки монанди онро дар таърихи китоби хаттӣ намеёбем.

Хатти арабӣ аз хатти набатӣ, ки аз оғози садаи нахустини милодӣ дар шарқӣ Урдун буд, баромад ва такомул ёфт. Пеш аз зуҳури ислом ин хат барои мақсадҳои  идорӣ ба кор мерафт, аммо аз замоне, ки арабҳо китоби динии худро бо ин хат навиштанд, ранги муқаддасӣ ба худ гирифт.

                                             Тавлиди қоғаз ва китоб

То қарни VIII мусалмонон мисли қавмҳои дигари он рўзгор асосан аз пўст ҳамчун моддаи навишторӣ истифода мекарданд, аммо пас аз фатҳи Миср ба қоғази папирусӣ рўй оварданд. Ҷаҳише, ки баъдҳо дар заминаи тавлиди китоб ба миён омад ба пайдоиши моддаи ҷадид ва арзони навиштанӣ, яъне қоғаз муяссар шуд.

Пиромуни ин мавзўъ, муаррихони араб рўйдодеро бозгў мекунанд, ки манобеи чинӣ низ аз он таъйид мекунад. Ин рўйдод ба оғози тавлиди қоғаз дар ҷаҳони ислом марбут мешавад. Ба ривояти ин таърихнигорjy дар тобистони соли 751 миёни ду қабилаи турк дар Осиёи Марказӣ ситезе даргирифт ва ҳар кадоми онҳо аз ҳамсоягони хеш ёрӣ хостанд.

Яке аз он ду қабила аз мусалмонон кўмак хост ва дигаре аз чиниён. Дар он ҳангом набард миёни ин ду қабила ба пирўзии қабилае анҷомид, ки мусалмонон аз он пуштибонӣ мекарданд. Дар натиҷа, чанде аз чинӣ, ки рози қоғазгариро медонист? ба асорати мусалмонон даромаданд. Мусалмонон ин бандиёнро ба Самарқанд бурданд ва ба кўмаки онҳо дар ин шаҳр нахустин коргоҳи қоғазиро доир карданд. Дере нагузашт, ки Самарқанд ба сабаби қоғази марғуби худ, ки ба бисёре аз сарзаминҳои исломӣ содир мекард, шўҳрат пайдо намуд. Дар поёнии садаи VIII бо ёрии чиниён тавлиди қоғаз дар Бағдод оғоз гашт ва Димишқ низ ба суръат ба унвони маркази шинохташудаи қоғазгарӣ шўҳрат ёфт. Рўзгори дароз Димишқ тавлидкунандаи қоғази навъи беҳтарин буд ва қоғази худро ба чандин кишварҳои аврупоӣ содир мекард ва ба номи шаҳри тавлидкунандаи он машҳур буд »қоғази димишқӣ».

Баъдҳо коргоҳҳои қоғазсозӣ дар Миср низ пйдо шуданд, ки қоғаз тадриҷан ҷои папирусро гирифт. Тавлиди қоғаз, саранҷом аз тариқи Мағриб ва Аврупо ва мушаххасан ба Испания роҳ ёфт.

Албатта, дар ҷаҳони ислом қоғаз ҳамчун маводи навишт ба ҳаёти пўст хотима набахшид. Муддати муайяне барои нигори Қуръон ҳам пўст ва ҳам папирус истифода мешуд. Масалан, дар Бағдод, ки бузургтарин қонуни тавлиди китоб дар ҷаҳони он рўзи ислом буд, нахустин китоби қоғазӣ дар соли 870 пайдо шуд. Рақобат байни қоғази папирусӣ ва ҷадид пирўз шуд ва ба корбурди папирус, ба унвони моддаи нигориш поён дод.

Дар садаи Х111 саранҷом қоғаз дар берун аз дунёи ислом, дар Аврупо ривоҷ ва ба ин гуна қоғазгарӣ ва тиҷорати қоғаз, ки ҳудуди 500 сол дар дасти мусалмонон буд, аз дасти онон берун рафт.

                                                 Тавлиди китоб

То қарни VIII, яъне то замоне, ки мусалмонон тавлиди қоғазро оғоз карданд, бештар байтҳои шеърӣ, достонҳо ва ҳатто корҳои илмӣ аз тариқи шифоҳӣ миёни мардум раду бадал мешуд. Бо ин ҳол дар худи Қуръон ба андозаи кофӣ иттилооте  дорад, ки арабҳо пеш аз зуҳури ислом барои таҳияи матнҳои тиҷоратӣ, идорӣ ва ғайра аз пўст ва дигар маводи навишторӣ истифода мекарданд.

Ба тавлиди қоғаз авроқи заррини китоби исломӣ оғоз шуд. Миқдори китобҳои хаттӣ афзоиш ёфт ва рақобат барои ба даст овардани китобҳои гаронқимат, халифаҳо,  вазирон ва сарватмандонро фаро гирифт. Хаттотон дар ҳама ҷо ҷустуҷў ва қадрдонӣ мешуданд. Бисёре аз онҳо дар китобхонаҳо кор мекарданд ва китобҳоро рўйнавис мекарданд. Хушнависони бузург дар кохҳои халифаҳо зиндагӣ доштанд, барои китобхонаҳои шахсии онҳо нусхаҳои қиматбаҳоро рўйнавис мекарданд. Дар канори онҳо, хушнависоне буданд, ки аз ин роҳ зиндагии худро мегузарониданд. Ба иборати дигар, дар асоси фармоишҳо кор мекарданд, шўҳрат доштанд.

Дар кулли шаҳрҳои исломӣ тиҷорати китоб бисёр фаъол буд. Варроқон маъмулан мағозаҳои худро дар назди масҷидҳои ҷомеъ ва мадрасаҳо боз мекарданд. Бештар ин мағозаҳо дар хиёбонҳо, хусусан маконҳои серодам ҷой доштанд, албатта ин дўконҳо танҳо барои фурўши китоб набуд, балки донишмандон ва донишҷўён низ дар онҳо гирд меомаданд. Мавзўоти гуногуне мавриди баҳс ва гуфтугў қарор мегирифт, шеър хонда мешуд ва бо вуҷуди ин нақши муҳими ин мағозаҳо асосан фурўши китоб нашрва пахши иттилоот пиромуни китобҳои ҷадид буд.

Дар асри Аббосӣ Бағдод маркази аслии тавлид ва тиҷорати китоб буд. Дар даврони шукуфоии азими тавлиди китоб дар ин шаҳр шумораи мағозаҳои варроқон ба сад адад расидааст.  Аз Бағдод китоб бо суръат ба дуртарин шаҳрҳои ҷаҳони ислом роҳ меёфт. Корвонҳои китобро ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро оварда аз он ҷо боз китобҳои дигар ба Бағдод мебурдаанд.

Китобҳое, ки хаттотони номӣ рўнавис мекарданд ва ё китобҳои дастнавишти худи муаллифон хеле гарон буд, ки ба ҷуз сарватманд тавони хариди онҳоро надошт. Барои мисол, қимати китоби Табарӣ (839-923) –ро ёд мекунем, ки ба гуфтаи муқарризе баҳои он ба сад динор мерасид ва ин маблағ дар он замон хеле гарон буд. Як китоби оддӣ ба як ё ду динор фурўхта мешуд ва агар дар назар дошта бошем, ки маблағи солонаи як қаҳвахона аз як динор фаротар намерафтааст, мебинем, ки ҳатто ҳамин қимати охир низ зиёд будааст.  Касоне, ки чунин тавоноӣ надоштанд, шахсан ба нусхабардории китобҳо мепардохтанд ва ин корро ба хушнависони гумном месупориданд.

(Давом дорад)

Бознашр аз китоби «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Китоби 4). Душанбе, 2013.

Таҳияи Мавзуна Назарова

сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.

ВА БОЗ:

Аввали матлаб:  Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши аввал

Барчаспҳо: