Таърихи Систон

 Китоби «Таърихи Систон» аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ чун тарљумаи «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Ҳудуд-ул-олам мин ал-Машриқ илал Мағриб»-и муаллифи номаълум, «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ва амсоли онҳо ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ таълиф гардидаанд. Дар масъалаи ном ва муаллиф ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мављуд аст. Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар љои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин
яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб «Систоннома»,
«Ахбори Систон» ё Таърихи Систон» буда бошад.

Дар ҳар ҳол, ин китоб пас аз он ки бори нахуст дар тўли солҳои 1881-1885 дар поварақи рўзномаи «Эрони қадим» бо саъйи Абдулазимхони Гургонӣ ва бо номи «Таърихи Систон» ба табъ расид, минбаъд бо ҳамин ном шуҳрат пайдо намуд. Баъд аз он Маликушшуаро Баҳор аз рўи яке аз нусхаҳои қадимии ин асар матни интиқодии онро бо тасҳеҳоти худ соли 1936 бо бо њамон номи «Таърихи Систон» ба чоп расонд. Минбаъд аз рўи матни интиқодӣ ва
тасҳеҳшудаи Маликушшуаро Баҳор «Таърихи Систон» ду
маротиба, яъне солҳои 2004 ва 2009 ба табъ расонида шуд.

Китоб аз силсилаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” соли 2014 дар таҳияи матн ва муқаддимаву тавзеҳоти Муҳаммадюсуф Имомов ва Абдушукури Абдусаттор ба чоп расид.

Дарёфти китоб: “Таърихи Систон”

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: