“Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ

Китоби XIII-умин аз сислислаи “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири тамаддун” “Зайну-л-ахбор”-и Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ буд, ки соли 2014 мунташир шуд.  Китоб ба хатти кирилӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Қодири Рустам дар асоси матни «Зайну-л-ахбор» ба иҳтимоми дуктур Раҳим Ризозода Малик, чопи Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, Теҳрон, 1387 баргардон шуд.

«Зайну-л-ахбор» танҳо китобест, ки аз Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ боқӣ мондааст. Ин ки Гардезӣ китоби дигаре таълиф карда ё не, маълум нест. Муҳаққиқон аз баъзе қаринаҳо ба натиҷа расидаанд, ки ин китоб дар васати асри XI мелодӣ, байни солҳои 1050-1052 ва дар замони ҳукумати Абумансур Абдуррашид ибни Маҳмуд таълиф шуда ва ба ин амири ғазнавӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқон номи китобро низ баргирифта аз лақаби ин подшоҳ, ки «Зайну-л-милла» будааст, медонанд.

Абусаъид Абдулҳай ибни Заҳҳок ибни Маҳмуди Гардезӣ,чунонки аз нисбааш пайдост дар шаҳри Гардез, ки дар фосилаи роҳи якрўза аз Ғазна ба Ҳинд воқеъ буд ва ба ҳадси муҳаққиқи афғонистонӣ Абдулҳайи Ҳабибӣ тақрибан дар соли 400 ҳиҷрӣ, баробар бо 1008-1009 милодӣ зода шудааст. Вай аз ҷавонӣ ба хидмати дарбори султон Маҳмуд ҷалб мешавад ва чунонки дар китоби хеш ишора мекунад, дар чандин сафару ҳамлаҳои ў ба Ҳинд, Нимрўз, Ироқ, Хоразм иштирок карда будааст. Ҳамчунин аз матни китоб маълум мешавад, ки Гардезӣ бо донишманди бузурги ҳамзамони хеш Абурайҳони Берунӣ, ки низ ба хидмати дарбори Ғазнавиён ҷалб шуда буд, робитаи дўстӣ ва ҳамнишинӣ доштааст.

 

Дарёфти китоб: “Зайну-л-ахбор”.

 
Дарёфти мавод: 
Барчаспҳо: