Китоби нав: Менеҷменти сифат
Нашр шуд 2020-07-02 11:28
“Менеҷменти сифат” воситаи таълимӣ барои донишҷуёни ихтисосҳои факултетҳои иқтисодӣ буда, мувофиқ ба стандарти давлатӣ ва нақшаи таълимии амалкунанда барои ихтисосҳои иқтисодӣ таҳия гардидааст. Муаллифон талош кардаанд 16 мавзӯъи дар доираи менеҷменти сифат бо ҳам иртиботдоштаро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳанд. Дар сарсухан мехонем:
Системаи менеҷменти сифат – як ҷузъи идоракунии системаи идоракунии ташкилот мебошад. Сифат – ин категорияи васеъ, мураккаб ва универсалӣ буда, паҳлуҳои зиёди махсус ва гуногун мебошад. Дар вобастагӣ аз мақсади истифодабарӣ ва муоинаи сифат ба ҷанбаҳои асосии вай дохил мешавад: фалсафа, иҷтимоӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ.
Низоми менеҷменти сифати муосир дар асоси принсипҳои TOM (Total Ouality Management) - Идоракунии умумии сифат ба роҳ монда мешавад. Паҳлуҳои гуногуни системаи менеҷменти идоракунии ташкилот бо истифода аз элементҳои умумӣ дар якҷоягӣ бо системаи менеҷменти сифат дар як системаи идоракунӣ ҳамгироӣ карда шавад. Ин амал натиҷаҳои банақшагирӣ, самаранокии истифодабарии захираҳоро баланд бардошта, барои ноил гаштан ба бизнес – мақсадҳои ташкилот самаранокии синергетикиро таъмин месозад.
Низоми менеҷменти сифат талаботҳои истеъмолкунандагони ташкилотро ба ҳаракат медарорад. Ба истеъмолкунандагон молу хизматрасониҳое лозим аст, ки талабот ва интизориҳои онҳоро қонеъ карда тавонад. Талабот ва интизориҳои истеъмолкунандагон мунтазам тағйир меёбад, вобаста ба ин ташкилотҳо дар худ вобаста ба таъсири муҳити рақобатнокӣ ва прогрессии техникӣ «фишор» ҳис мекунанд. Барои нигоҳдории қонеъшавии истеъмолкунандагон ташкилотҳо бояд ҷараёни истеҳсолӣ ва маҳсулоти худро такмил диҳанд. Вай натиҷаҳои банақшагирӣ, самаранокии истифодабарии захираҳоро баланд бардошта, барои ноил гардидан ба бизнес-идеяҳои ташкиллот натиҷаҳои самаранокро ба вуҷуд меорад.
Принсипҳои менеҷменти сифатро ба се сатҳ ҷудо намудан мумкин аст:
1.Идеологӣ;
2. Психологӣ;
3. Воситаҳо.
Масалан, ба корманди ширкат беҳтарин техникаю таҷҳизотро додан мумкин аст, лекин агар корманди Шумо сифатнок кор кардан нахоҳад, ҳама кўшишҳои Шумо хароҷоти беҳудаи маблағ ва вақт аст.
Идеология барои ташаккули ақидаи ҷамъиятӣ зарур аст. Масалан, дар Япония чунин принсипро тарғиб менамоянд «Айб аст, ки одами хуб бад кор кунад».
Дар ИМА бошад, сифтаро бо дину мазҳаб ташбеҳ медиҳанд ва чунин меҳисобанд, ки одамонро барои эътиқод намудан ба Худованд маҷбур карда намешавад. Инчунин ба сифат низ, яъне маҷбур кардан нашояд, балки вайро бовар кунонида, созмон додани муҳити муносиб барои чунин руҳия дар доираи як лоиҳа, ширкат ва ё ҷомеа.
Фаҳмиши психологияи корманд барои он зарур аст, то ин ки принсипҳои асосии сифат ба корманд расонида шавад. Воситаҳо барои дар таҷриба амалӣ намудани принсипҳои сифат ёри мерасонанд.
Менеҷменти сифат- соҳаест чун соҳаи идоракунӣ, истеҳсолот, молия, ҳайати кормандон. Ҳамзамон вай комплексӣ буда, дар ҳама паҳлуҳои кору фаъолияти ширкат ва корхонаҳо таъсир расонида, дар зери назорати роҳбарияти болоӣ меистад. Ва сар карда аз ширкатҳои муваффақи ҷаҳон то ширкатҳои хурд дар соҳаҳои гуногун ба масъалаи менеҷменти сифат сару кор доранд.
Фирӯза Маҳмадҷонова ,
мтахассиси Маркази такмили ихтисос.