“Пешвои миллат бо ҷавонон”

 Шумо – ҷавонон – умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва армонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаланона иҷро намоед.

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Дар давраи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ омаданд – пастию ноумедӣ, рўҳафтодагӣ, гаронӣ ва роҳҳои бисёри ноҳамвори зиндагӣ онҳоро дучор омад, ки ҳар қадам, давра ба давра ва дар ҳалли ҳар як мушкилот Сарвари мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҷавонон буданд ва онҳоро дастгирӣ ва пешвоӣ мекарданд: дар пастиҳо падарвор дастгири ҷавонон буданд; ҷавонони ноумеду рўҳафтодаро ҳамчун намуна бо ёдоварӣ аз тазодҳои ҳаётӣ ва қарорҳои созгори хеш умед мебахшиданд; гаронии рўзмараи шахсони ҷавонро ҳамчун бародар ва роҳбар сабук ва ҳал менамуданд; ҷавононро дар роҳҳои ноҳамвори зиндагӣ ҳамчун дўст, рафиқ ва пешво ҳамроҳӣ ва ҳидоят мекарданд, ба онҳо роҳ мекушоданд. Хулоса, Пешвои миллат бо ҷавонон буданд ва ҳастанд.

    Нахустин иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷавонон, ба воситаи заминагузорӣ ба ташаккул ёфтани сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» арзёбӣ мегардад, ки ин амал ҳанўз соли 1992, ҳангоми вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани ў, ба вуқуъ мепазирад.

   Маротиби аввал, ҳамчун Сарвари ҷумҳурӣ мулоқоти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат, ҳангоми роҳбарии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштани ў, ҳамагӣ пас аз 70 рўзи сарварии кишвар – 2 феврали соли 1993 баргузор мегардад. Ин ҳамоиш дар шароите доир карда мешавад, ки мамлакат дар оғуши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт ва ҳадафи асосӣ барои  аксари ҷомеа «зинда мондан» ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, новобаста аз таҳдидҳо, тангдастиҳо, нооромиҳо ва тазодҳои гуногуни дар шароити гузариш ва ҷараёнҳои ташаккули муносибатҳои нави давлатдорӣ дучор омада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, 7 маротиба бо ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқоти расмӣ баргузор менамоянд: 2 феврали соли  1993; 17 марти соли 1994; 23 майи соли 1997; 16 майи соли 1998; 21 майи соли 2005; 23 майи соли 2013; 23 майи соли 2017.

    Дар натиҷаи ин мулоқотҳо, таваҷҷўҳу дастгирии пайваста ва ғамхории падаронаю ҳамроҳии доимӣ ва дўстонаи  Пешвои миллат ба ҷавонон, дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ, дастовардҳои хеле зиёд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба бор оварда мешаванд. Дар баробари ин, ҳамчун нишони боварӣ, эътимод, эҳтиром ва рафоқат ба ҷавонон соли 2017 – ро Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон менамоянд ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани он, инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар выа таҳким бахшидани мавқеи ҷавонон дар ҷомеа аз 13 январи соли 2017, «№ 812 Фармони дахлдорро ба тасвиб мерасонад.

    Ҳамин тариқ, маводе ки дар даст доред ба «Соли ҷавонон» бахшида шуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, фаро мегирад.

    Китоб барои истифода ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла ҷавонон, олимон, сиёсатмадорон ва гурўҳҳои дигари алоқаманд тавсия дода мешавад. Таркиби сохтории мавод аз рўи соҳаҳо ва ё бахшҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва нишондиҳандаҳои асосии Индекси рушди ҷавонон (меъёри байналмилалӣ: www.youthpolicy.org) тартиб дода шудааст, ки кулли тадбирҳои андешида ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии рушди устувор нисбат ба ҷавонон инъикос менамояд.

Китобро шумо дар ҳама толорҳои Китобхонаи миллӣ метавонед мутолиа намоед.

Фирўза Маҳмадҷонова,

мутахассиси Маркази такмили ихтисос.