Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши шашум.

Бояд зикр кард,ки дар назари орифон ақл дар шинохти маърифати Ҳақ оҷиз буда, бо ишқ ҳамеша дар ҷидол аст. Ҳофиз низ монанди дигар урафо ақли маъошро дар ҳарими ҳарами маърифат ва ё ваҳдат номаҳрам медонад. Нигоранда дар мақолаи «Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз» дар ин масъала ба тафсил маълумот додаст (220). Ақли маслиҳатандеш мехост, ки аз ин фурўғи эзадӣ касби камол куна два суд ҷўяд, вале барқи ғайрати илоҳӣ дурахшиду ҷаҳонро пурошўб кард.

Бодаи аласт ва ишқи азалӣ

 Чуноне, ки  дар ибтидо зикр намудем, мавзўи ишқи азалӣ ва бодаи аласт пеш аз пайдоиши шеъри сўфиёна дар тасаввуф   роиҷ буд ва бо  зуҳури шеъри сўфиёна вориди забони шеър гардид. Дар мавриди азалият ишқ аксари шуарои сўфӣ ва ориф ва ҳатто шоирони мутаасири шеъри сўфия қоиланд.

   Ҳофиз дар сурудани ин мавзўъ иртиботе бо шуарои пешин дорад. Ў низ монанди Аттору Мавлавӣ ва Ироқию Саъдӣ мўъақид ба азалияти ишқ аст ва ҳангоми тасвири мавзўи мазкур, агар аз як сў он мазомину таъбироти шоирони пешинро ривоҷ дода, аз сўи дигар, чӣ дар тарзи тасвир ва чӣ бо овардани ташбеҳоту киноёт ва истиороту иҳомоти ҷадид ба он навоварӣ дохил намудааст. Нигоранда дар мақолаи «Мафҳуми бодаи аласт дар шеъри Ҳофиз» дар ин мавзўъ ба тафсил сухан гуфтааст.

       Ишқ аз назари шоир пеш аз пайдоиши олами ҳастӣ бо таҷаллии маъшуқи азалӣ зуҳур намуда ва рўҳи Одам низ бо мушоҳидаи ҷамоли маъшуқ ошиқ шудааст. Ғазали зерин комилан ба ин мавзўъ бахшида шудааст:

                   Дар азал партави ҳуснат зи таҷаллӣ дам зад,

                   Ишқ пайдо шуду оташ ба ҳама олам зад.

 

        Яъне дар азал – рўзи мисоқ нахустин рўзи офариниш  фурўғи ҳусни маъшуқи азалӣ оҳанги зуҳур ва ҷилвагарӣ кард ва аз ин намоиши ҷамол ишқ падид омад. Чун ишқ зодаи ҳусн аст, ҷаҳонро дар шўр афканд ва ҳамаро дар оташи худ сўхт.

                     Ҷилвае кард рухат, дид малак ишқ надошт,

                     Айни оташ шуд аз ин ғайрату бар одам зад.

       Бояд зикр кард, ки ҳофизшиносон дар шарҳи ин байт ихитилофи назар доранд. Масалан, Халил Хатибраҳбар муроди шоирро аз «малак» танҳо Иблис медонад.  Агар малакро танҳо иблис қабул кунем, байтро чунин маънӣ кардан мумкин аст: вақте ҷамоли маъшуқи азалӣ намоён шуд, Иблис, ки дар фитраташ ишқ набуд, то маъшуқро ошиқона парастад, аз шидати рашку ҳасад чун оташи сўзон шуду роҳ бар дили Одам зад ва ба гумроҳ кардани ў пардохт. Чуноне  ки дар ояҳои 16 ва 17 Сураи «Аъроф» омадааст: « (Иблис) Гуфт: пас аз он рўй, ки маро гумроҳ кардӣ, албатта, менишинам барои (гумроҳ кардан) одамиён ба роҳи рости ту (яъне то аз он манъ кунам). Пас, албатта ба сўйи эшон аз пеши эшон ва аз паси пушти эшон ва аз ҷониби рости эшон ва аз ҷониби чапи эшон биёям ва аксар эшонро шукргузор наёбӣ» (45, 152). Вале  аксари ҳофизшиносон, монанди Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Мухаммадризо Барзгари Холиқӣ малакро ба маънии ҷомеъи фариштагон медонанд ва байтро чунин маънӣ кардаанд: «Ҳусни илоҳӣ чун ба ҷилва даромад, бар малоик нагирифт , чаро ки инояти азалӣ ононро барои амонати ишқ шоиста надида буд, лизо оташи ғайрат, ки ғайратсўз аст, фариштагонро нодида гирифт, забона кашид ва ба хирмани Одам зад» (111, 605). Ва «ғайрат»-ро ғайрати илоҳӣ дониста, такя бар ояи 72 Сураи «Аҳзоб» мекунанд: «Мо ин амонатро бар осмонҳо ва замину кўҳҳо арза доштем. Аз таҳаммули он сар боз заданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дўш гирифт, ки ў ситамкора ва нодон буд» (45, 386).

              Ақл мехост, к-аз ин шўъла чароғ афрўзад,

              Барқи ғайрат бидурахшиду ҷаҳон барҳам зад.

 Бояд зикр кард,ки дар назари орифон ақл дар шинохти маърифати Ҳақ оҷиз буда, бо ишқ ҳамеша дар ҷидол аст. Ҳофиз низ монанди дигар урафо ақли маъошро дар ҳарими ҳарами маърифат ва ё ваҳдат номаҳрам медонад. Нигоранда дар мақолаи «Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз» дар ин масъала ба тафсил маълумот додаст (220). Ақли маслиҳатандеш мехост, ки аз ин фурўғи эзадӣ касби камол куна два суд ҷўяд, вале барқи ғайрати илоҳӣ дурахшиду ҷаҳонро пурошўб кард.

              Мудаъӣ хост, ки ояд ба тамошогаҳи роз,

              Дасти ғайб омаду бар синаи номаҳрам зад.

       Ақл даъвии шинохти хусн кард ва мехост ба маърази асрори ғайб қадам ниҳад ва чун бегонаву номаҳрам буд, дасти ғайб – ҳамон ғайрати илоҳӣ омаду хиради булфузул ва номаҳрамро берун ронд. Хатибраҳбар муддаъиро киноя аз Иблис медонад (29, 206).

                Дигарон қуръаи қисмат ҳама бар айш заданд,

                Дили ғамдидаи мо буд, ки ҳам бар ғам зад.

     

 Дигарон (манзур фариштагон), ки аз дарди ишқ бебаҳраанд, насибаашон шодиву хурсандӣ шуд, вале дили мехнаткашидаи мо ғами ишқро ихтиёр кард.

                Ҷони улвӣ ҳаваси чоҳи занахдони ту дошт,

                Даст дар ҳалқаи он зулфи хам андар хам зад.

      Роҳи пок, ки ватани аслияшон олами боло – олами илоҳӣ буд ва чун ҷамоли туро диду ошиқ гашт, барои расидан ба висоли ту ба олами хокӣ афтод. Зеро ҷонро дар қолаби тан барои ишқварзӣ бо ту офариданд.

                 Ҳофиз он рўз тарабномаи ишқи ту навишт,

                  Ки қалам бар сари асбоби дили хуррам зад.

       Ҳофиз (мурод рўҳи одам) аз он замон, ки номаи шодиафзойи ишқи туро ба нигориш овард, яъне ошиқ шуд, тамоми хушиҳои зиндагиро аз дили худ берун кард ва бо ғами ту дил хуш кард.

       Бояд зикр кард, ки мавзўи азалияти ишқ дар шеъри Ҳофиз бештар бо корбурди алфози хамрӣ тасвир ёфтааст. Масалан, дар байти зер мурод аз «ҷуръаи ҷом» ишқе аст, ки дар азал падид омадааст:

                  Дар азал додаст моро соқии лаъли лабат

                   Ҷуръаи ҷоме, ки ман мадҳуши он ҷомам ҳанўз.

     Дар байти дигар мурод аз «акси май» ҷилва ва таҷаллиёти маъшуқи азалӣ ва аз «соқӣ» худи маъшуқи азалист:

                    Ин ҳама акси маю нақши нигорин, ки намуд,

                    Як фурўғи рухи соқист, ки дар ҷом афтод.

        Яъне,  «ин ҳама ҷилва ва таҷаллиёти Ҳақ ва тасвирҳову нақшҳои рангоранг ва мухталифе, ки дар офариниш ба вуҷуд омада, ҳама аз партави чеҳраи зебои соқии азалӣ аст, ки дар ҷоми мунъакист».

       Бар байти дигар «соғари май» киноя аз шароб ва шароб истиора аз ишқ аст, хоса ишқӣ азалӣ ва Ҳофиз худро аз азал ошиқ медонад, яъне аз ҳамон рўзи нахуст, ки маъшуқи азалӣ ҷилва намуду рўҳи Одам бо мушоҳидаи он ошиқ гашт:

                   Он рўз  шавқи соғари май хирманам бисўхт.

                   Оташ зи акси орази соқӣ дар он гирифт.

       Хамин маъниро дар байти дигар бо корбурди алфози хамрии «пиёла ва шуроби мудом» баён намудааст:

                    Мо дар пиёла акси рухи ёр дидем,

                     Эй бехабар зи лаззати шурби мудоми мо.

          Ишқи Ҳофиз сарчашма аз рўзи азал дорад ва аз ин рў ҳама умр масти бодаи аласт аст:

                      Ба ҳеҷ давр нахоҳанд ёфт ҳушёраш,

                       Чунон ки Ҳофизи мо масти бодаи азал аст.  

      Ва ин мастии ў то рўзи растохез идома меёбад ва мафҳумҳои «мастӣ», «ҷуръа» ва «ҷоми дўст» дар байти зер ишора ба ишқи азалиянд:

                     Бар нигарад сар зи мастӣ то ба субҳи рўзи ҳашр,

                      Ҳар ки чун ман дар азал як ҷуръа хурд аз ҷоми дўст.  

     Ибораи «майи аласт» низ ифодагари ишқи азалист:

                      Хуррам дили он ки ҳамчу Ҳофиз

                       Ҷоме зи майи аласт гирад.  

      Ҷойи дигар мафҳуми «паймона»-ро ба кор бурдааст:

                      Маталаб тоату паймону салоҳ аз мани маст,

                       Ки ба паймонакашӣ шўҳра шудам рўзи аласт.

 

    Дар байти зер ишора ба офариниши инсон дорад:

                        Душ дидам, ки малоик дари майхона заданд,

                         Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.  

    Яъне «шаби гузашта, ки мушоҳида даст дода буд, кору бори офариниши инсонро дар олами шуҳуд дарёфтам ва пай бурдам, ки ҳамирмояи аслии инсон ишқ аст (омехтагии гили одам бо шароб – ба қаринаи майхонаву паймона ва шароб муҳимтарин истиораи ирфонӣ аз ишқ аст)».

      Ҳофиз ба гурўҳи он шоироне шомил аст, ки ишқро танҳо хоси инсон медонад ва бартарии инсонро аз кули мавҷудот, аз ҷумла аз малоик маҳз дар ишқ мебинад:

                     Осмон бори амонат натавонист кашид,

                      Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.  

  Ҷойи дигар гўяд:

                         Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ,

                          Бихоҳ ҷому гулобе ба хоки Одам рез.  

       Илова бар ин Ҳофиз борҳо аз аҳди аласту рўзи мисоқ ёд кардааст:

                         Мақоми айш муяссар намешавад бе ранҷ,

                        Бале, ба ҳукми «бало» бастаанд аҳди аласт.  

 Ва:

                         Бирав, эй зоҳиду бар дардкашон хурда магир,

                          Ки надоданд ҷуз ин тўҳфа ба мо рўзи аласт.  

   Ва:

                        Аз дами субҳи азал то охари шоми абад,

                        Дўстию меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.

(Идома дорад)

Бознашр аз китоби Шарифмурод Исрофилниё “Хамриёти Ҳофиз”, Душанбе, 2010

Рӯйнависи Замира Давлатова