Се барги сабз
Нашр шуд 2020-01-14 13:47
Хонандагон бо осори се тан адиби роҳафтода – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, ки имрӯз дар майдони насри тоҷик дар Ӯзбекистон корнамоӣ мекунанд, аз наздик ошноянд. Ин эҷодкорон ба унвони муаррифгари адабиёти насрии тоҷик дар Варорӯд бештар бо ҳикояҳо, қиссаҳо, ҳикояҳои ҳаҷвӣ, ҳикоёти хурд, новеллаҳо ва осори публитсистии худ шинохта шудаанд.
Китоби мазкур низ аз намунаҳои эҷодии ин нигорандагони каломи бадеъ, ки ахиран ба нӯги хома омода ва аҳёнан дар рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд, фароҳам омадааст.
Мавзӯъ асосии ҳикояҳои гирдомада давутози бемайлони инсонҳо дар чорсӯи зиндагӣ, саъю талошҳои одамон барои дарёфтани асолати башарӣ ва умеду орзуҳои нек, даргирӣ ва даъвоҳои дохилии афроди ҷудогона, тарғиби беҳтарину шоистатарин одобу русум ва одоти боварбахши ҳаётиро фаро мегирад. Ин китоб бо муҳтавои рангину дилписанди худ, ки бо бадеияти ҷолибу ҷаззоб нигорида шудааст, ба хонандагони синну соли гуногун пешниҳод шудааст.
Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
Мутахассиси Марказ такмили ихтисос