1-уми декабр Рузи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД
Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...
Фалсафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО низ дар ҳамин нуҳуфта. Мубориза бо беморӣ, на ки бо муталошудагонаш. Инсоният соле як рӯз – аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн таъин кардааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО!
Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.
Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба халокат расиданд. Ва ин хеле ташвишовар аст.
Ба ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд, давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Як нишонаи беморӣ низ ноаёнии он аст. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироят то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.
Одамон ба ин беморӣ бо ин роҳҳо сироят мешаванд:
- Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Он аз мард ба зан, аз зан ба мард, аз мард ба мард гузашта метавонад.
- Ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш ин вирус вуҷуд дорад. Бештари мубталоён нашъамандонанд, бахусус истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир. Бо як сӯзандору чанд нафар мухаддирот истеъмол мекунанд ва агар дар он ҷамъ 10 нафар бошаду яке сироятшуда, пас он даҳ тан ҳатман сироят меёбанд.
- Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва шир додан аз пистон.
Бештар киҳо гирифтори ин беморӣ мегарданд?
ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки ба гурӯҳи хатар таааллук доранд, бештар дида мешавад. Инҳо бештар нашъамандонанд, ки героинро тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону мардоне, ки даст ба фоҳишагӣ мезананд, бо афроди зиёд ҳамхобагӣ мекунанд.
ВИЧ-СПИД бо ин роҳҳо сироят намешаванд;
- ба воситаи асбобҳои рӯзгор
- нафаскашӣ, сулфидан
- оғӯш гирифтан, бӯсидан
- ҳангоми неш задании хашарот ё газидан
- ҳангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД вохӯрӣ кардан
Соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба ин вирус гирифтор мешудаанд.
Масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтанд,ки аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд. Ба қавле, дигар гирифторшудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.
Ҳар инсон бояд худро аз хатарҳои сироят шудан ба ин бемориҳо ва вирусҳои ҳалокатовар ҳифз кунад!
Исроил Иброҳимов,
мутахассиси шӯъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.
Дар ин мавзуъ дар Китобхонаи миллӣ боз метавонед матолиби зеринро ҳам мутолиа намоед:
Бо забони тоҷикӣ:
Нақшаи миллии арзёбӣ ва баҳодиҳии Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010. – Душанбе, 2007. – 164 с.
Курси таълимӣ оид ба масоили ВИЧ ва СПИД барои пешвоёни мусулмон: Роҳнамо барои мураббиён. – 2008. – 132 с.
ВИЧ / СПИД аз дидгохи ислом. – Душанбе, 2009. – 72 с.
Сафар, М. Агар хомӯш бинишинӣ, гуноҳ аст: Якуми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди Вич СПИД // Ҷумҳурият. – 2008. – 2 декабр.
Абдуҳамидов, Н. ВИЧ ва ҳуқуқҳои инсон оиди ВИЧ ва СПИД // Тоҷикистон. – 2009. – 11 июн.
Воҳидов, У. Спидро пешгирӣ бояд кард: Оиди ин беморӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2011. – 30 ноябр.
Бобоев, Н. СПИД - вабои аср: Оиди роҳҳои пешгирии бемории Вич / СПИД // Хуросон. – 2017. – 9 феврал.
Замон, С. ВИЧ / СПИД - бемории марговар: Оиди мубориза бар зидди бемории ВИЧ / СПИД // Паёми донишҷӯ. – 2018. – №6. – феврал.
Сайбурҳонов, Д. Беморӣ рӯ ба коҳиш аст: Мусоҳибаи рӯзноманигор Б. Холмуродов бо муовини директори Муассиаи Давлатии "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНОМ) перомуни ВИЧ СПИД // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2018. – 12 апрел.
БПНМ –СПИД - бемории хавфнок: Омилҳои паҳншавии ВНМО // БПНМ // Ҳисори Шодмон. – 2018. – 27 апрел.
Аз Спид эҳтиёт бошед!: Маълумоти умумӣ дар бораи ВНМО / БПНМ // Гулхани Восеъ. – 2018. – 18 май.
Маҷидова, А. Сухани бемор дар дами марг: Дар бораи ВИЧ СПИД // Шуѓл ва муҳоҷират. – 2018. – 11 декабр.
Гадоев, И. Масъулиятро фаромӯш насозед: Оиди бемории сироятии ВНМО // Навиди Балх. – 2019. – 1 март.
Раупов, Ф. Ба саломатӣ муносибат набояд дуюмдараҷа бошад: Дар бораи бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) // Садои мардум. – 2019. – 5 март.
Ҳайдар, С. Табобату пешгирии сатҳи ҷаҳонии ВНМО дар Тоҷикистон: Дар бораи вируси норасоии масъунияти одам // Самак. – 2019. – 13 ноябр.
Бо забони русӣ:
Диксон, П. СПИД и ты. – Бишкек, 2006. – 144 с.
Клинические рекомендации: Вич - инфекция и СПИД. – Москва: ГЭОТАР-Медиа, 2007. – 128 с.
Вич-инфекция и СПИД. – Москва: Вич-инфекция и СПИД. – 2014. – 528 с.
Бекназаров, М. "Ежедневно 7000 людей инфицируются ВИЧ" Интервью М Очилдиева с секретарем Национального координаионного комитета по профилактика и борьбе с ВИЧ СПИДам Республика Таджикистана М.Бекназарова // ВечернийДушанбе. – 2011. – 1 июня.
Мансуров, Ш. Нравственность - главное оружие против СПИДа: Беседовала Яна Якубова с врачем - иммунологом Шахло Мансуровой // Рекламная газета. – 2018. – 4 января.
Ризвоншоева, А. СМИ играют немаловажную роль в борьбе с вирусными заболеваниями "Борьба со спидом" // Народная газета. – 2018. – 14 ноябр.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ