Ба ин суол китоби “Ҳуқуқи оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде пеш нашриёти “Эр-граф” интишор додааст, посух медиҳад. Дар ин воситаи таълимӣ-методии зикршуда масъалаҳои асосии назария ва амалияи омўзиши фанни таълимии ҳуқуқи оилавӣ баррасӣ шудааст. Воситаи таълимӣ-методии мазкур дар шакли саволу ҷавоб омода гардидааст. Аксари саволҳои воситаи таълимӣ аз барномаи таълимии фанни ҳуқуқи оилавӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд. Вобаста ба саволҳо дар заминаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаҳои илмию таълимӣ ҷавоб гардонида шудааст.
Ҳамзамон барои инкишофи қобиляти фикрронии хонанда доир ба баъзе масъалаҳо таҳлили муқоисавӣ нисбат ба дигар низомҳои ҳуқуқ гузаронида шудааст.
Дар воситаи таълмии мазкур саволу ҷавобҳои тестӣ барои мукаммалгардонии дониши курсантон ва шунавандагон низ оварда шудаанд. Ҳуқуқи оилавӣ (воситаи таълимӣ -методӣ) барои курсантону шунавандагони факултетҳои дахлдори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳавӣ ва дигар шахсоне, ки хоҳиши аз худ намудани соҳаи мазкурро доранд, тавсия мешаванд.
Яке аз хусусиятии воситаи таълимӣ дар иртибот ба содагардонии омўзиши фанни ҳуқуқи оилавӣ дар он зоҳир мегардад, ки оид ба масъалаҳои ҳуқуқи оилавӣ, ки дар воситаи таълимӣ маълумоти пурра дода нашудааст, дар поварақ сарчашмаи маълумот нишон дода шудааст. Масалан: Дар мавриде, ки талаби модаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон карда мешавад, яъне шахс зани дуюм мегирад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар асоси кадом модда, Қонун ва ба кадом намуди ҷавобгарӣ кашида мешавад, дар поварақ нишон дода шудааст.
Донишҷў метавонад барои мукаммал сохтани савияи дониши худ сарчашмаи нишондодашударо истифода намояд. Чунин тартиб, яъне мушаххас намудани сарчашмаи маълумот ба донишҷў имкон медиҳад, ки бе душворӣ доир ба масъала аз сарчашмаи дахлдор маълумоти заруриро дастрас намояд.
Миҷгона Муродова