Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша...
15 июни соли равон шоираи маъруф Зулфия Атоӣ зодрӯз дорад. Зулфия Атоӣ аз ҷумлаи адибонест, ки даҳсолаҳост бо шеъри нобаш қалби хонандагонашро тасхир кардааст. Аммо роҳи расидан ба ин шуҳрат барояш осону сода набудааст.
ЗУЛФИЯ АТОӢ (Атоуллоева Зулфия) 15-июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши Назми Институти адабии ба номи М. Горкий таҳсилро оғоз намуд.
Соли 1977 баъди хатми Институти адабӣ ба шаҳри Душанбе омад ва то соли 1983 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло Ҷумҳурият) бо кори рўзноманигорӣ машғул гашт. Аз соли 1983 то соли 1985 дар маҷаллаи «Занони Тоҷикистон” (ҳоло Фирўза) ба ҳайси мудири шўъба: аз соли 1985 то соли 1990 дар ҳафтаномаи «Омўзгор» ҳамчун муовини сардабир фаъолият кардааст. Аз соли 1990 то соли 1993 дар хона машғули корҳои эҷодӣ ва тарбияти фарзандон буд. Аз соли 1993 сардабири Муассисаи давлатии маҷаллаи бонувон «Фирўза» буд.
Шеърҳои Зулфия Атоӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, арабӣ, украинӣ, руминӣ, қирғизӣ ва ғайраҳо тарҷума гашта, дар баёзу китобҳои дастҷамъӣ, рўзномаву маҷаллаҳои мухталифи кишварҳои дунё интишор гаштаанд. Аз соли 1979 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 2010 ба ифтихори комёбиҳо дар адабиёт бо унвони олии адабии Шоири халқии Тоҷикистон сазовор шудааст.
Соли 2011 барои саҳми арзанда дар густариши робитаҳои адабии Тоҷикистону Россия бо ордени «Дили Данко» сазовор донистаанд. Ҳамчунин узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург интихоб гардидааст.
Зулфия Атоӣ барандаи ҷоизаи Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ (1985) мебошад. Соли 1997 бо ордени «Шараф» мукофотонида шуд. Аълочии маориф ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2005 ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ сазовор дониста шуда буд.
Муаллифи китобҳои зерин аст: «Ҷиҳоз» (1977); «Дидор» (1980); «Меваи сабр» (1982); «Зочаи хушрўи ман» (1984); «Духтари дарё» (1986); «Ишқи як зан» (1992); «Ситораи ваҳшӣ» (бо ҳуруфи форсӣ, 1997); «Ситораи муштарӣ» (1998). Инчунин мураттиб ва муҳаррири китобҳои «Ахтари чархи адаб», «Дуруд эй ишқ» ва ғайраҳост.
Бозчоп аз китоби “Зиндагӣ дар шеър”. – Душанбе: Адиб, 2012.
Мураттиб: Ш. Комилзода.
Аз Зулфия Атоӣ ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳо ва шеърҳоро метавонед бихонед:
Дидор: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 96 с.
Зочаи хушрўи ман: Шеърҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 16 с.
Духтари дарё: Шеърҳо. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 112 с.
Меваи сабр [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1988. – 64 с.
Ишқи як зан [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе, 1992. – 160 с.
Ситораи муштарӣ [Матн]: Маҷмўаи шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 1998. – 128 с.
Зан агар ошиқ шавад... [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Сурушан, 2001. – 64 с.
Сояи зулф [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 2005. – 256 с.
Девони зулф [Матн]: Шеърҳо. – Душанбе: Адиб, 2009. – 532 с.
Суруди духтар; Хаёл [Матн]: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1970. – 13 ноябр
Ҳафт духтар [Матн]: Шеър // Маориф ва маданият. – 1973. – 8 март.
Андеша [Матн]: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод . – 1974. – 16 ноябр.
Ҳафт пайкар [Матн]: Шеърҳо // Садои Шарқ. – 1975. – №8. – С. 41.
Хоҳарон [Матн]: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1976. – 4 феврал.
Чун ёри манастӣ; Заҳри хиёнат [Матн]: Шеърҳо // Наврўз муборак. – Душанбе, 1985. – С. 96-97.
Забони оташин; Роҳи ман; Эҳсоси дил; Лабханди гул [Матн]: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 10 апрел.
Ватан [Матн]: Шеър // Молия ва ҳисобдорӣ. – 2014. – №7. – С. 4.
Садбарг аз Тоҷмаҳал [Матн]: Доир ба мақолаи «Садбарги Хайём»-и мутахассиси забон ва адабиёти англис, шодравон Алишер Убайдуллоев // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 7 апрел.
Тоҷик нашуд сархам; Тоҷикистон [Матн]: Шеърҳо // Фирўза. – 2017. – сентябр-октябр. – С. 14.
Дар бораи шоира
Мактубҳои устод М. Турсунзода [Матн]: Ба шоира Зулфия Атоуллоева // Маориф ва маданият. – 1978. – 26 сентябр.
Зиёӣ, С. «Ишқи як зан»-и рустоӣ [Матн]: Мавзўи ишқ дар ашъори шоира Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 1993. – 8 июл.
Хуросонӣ, А.М. Зиндагӣ дар шеър [Матн]: Роҷеъ ба мунтахаби «Девони зулф»-и Зулфия Атоӣ // Девони зулф. – Душанбе: Адиб, 2009. – С. 3-16.
Олимзода, Қ. Девони зулф [Матн]: Шеър ба Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 12 июн.
Набизода, С. Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша! [Матн]: Роҷеъ ба фаъолияти шоираи шинохта Зулфия Атоӣ // Адабиёт ва санъат. – 2018. – 15 март.
Фазл, С. «Занам, бигзор, бошам зан ҳамеша!» [Матн]: Порае аз эҷодиёти шоираи ширинкалом Зулфия Атоӣ // Маърифати омўзгор. – 2018. – №3. – С. 14-15.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ