Китоби дарсии “Табиатшиносӣ” барои синфҳои сеюм
Нашр шуд 2019-04-11 16:09
Китобе, ки дар борааш нақл карданием, “Табиатшиносӣ” ном дорад. Ва чуноне аз номаш пайдост, китобест дар бораи табиат. Мураттибон дар сарсухани он навиштаанд: Агар шумо ба китоб дуруст муносибат кунед, мавзўъҳои онро бо диққат хонед, аз бисёр ҳодисаҳои олами атроф бохабар мешавед. Инчунин китоб барои бехатарии ҳаёт ба шумо маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Омўзиши олами атроф барои ҳар як шахс зарур аст. Муҳите, ки моро иҳота кардааст, пур аз ашё ва ҳодисаву воқеа мебошад. Ҳар як ҳодисаи атроф ба одам таъсире мерасонад. Донистани ашё ва ҳодисаҳои табиӣ муносибати одамро бо олами атроф беҳтар мегардонад.
Китоб бахшҳое дорад, ки аз шумо иҷрои фаъолиятҳои гуногуни таълимиро талаб мекунад. Онҳо шуморо ба фикр кардан,иҷрои ягон фаъолияти амалӣ,бо маълумоти аҷибу шавқовар кор кардан ва ғайра водор менамояд.
Ин китоби хонданӣ ва ҷолиб аз панҷ боб иборат буда, онро Қодиров Н.,Абдуллоев И.,Исоев К.,Давлатзода С. мураттаб кардаанд. Китоб дарсист ва барои хонандагони синфҳои сеюм птавсия шудааст.
Ин китобро хонандагони азиз метавонанд аз толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намоянд.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
корманди шуъбаи кӯдакон ва наврасон