Куҷо, охир, барам ман арзи шабҳои фироқамро...?
Ғазале аз Аминҷон Шукуҳӣ – шоири маҳбуб ва яке аз таронасароёни муҳаббат бо ҳамин мисраъ шуруъ мешавад. Ғазале, ки агар устод Мирзо Турсунзода намебуд, ба сари муаллифаш фоҷеаро метавонист орад. Шоири ошиқ мисраи дуюми ғазалро ин гуна суруда: Ки бар дилдодагон ғайр аз дили ҷонон вазорат нест. Аҷаб ҳарфе. Дилдодагон вазорате надоранд, ки аз бемеҳриву хиёнату дигару дигар ба он шикоят баранд. Он замон надоштанд, ҳоло ҳам надоранд. Аммо Шукуҳиро барои ин як мисраъ сарзаниш карданд. Аз нақли Ҳакимҷон Ҳоҷибоев-писари донишманди шоир дар радиои “Озодӣ”:
“Падар ин шеърро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп карданд ва дар аввали он эпиграф ҳам навиштанд, ки ба ҳалли ҳама мушкилоти одамон вазоратхонаҳо ҳастанд, ба ҷуз душвориҳои ишқ, ки дар ҳалли он ғайри дили ҷонон ҳар вазорат оҷиз аст. Баъд аз 3 рӯз падарамро мақомот сарзаниш мекунанд, ки «барои дилдодагон вазорат нест» гуфтанашон аз ҷиҳати сиёсӣ нодуруст аст. Дар сохтори шӯравӣ вазорату сохторҳое ҳастанд, ки бо пойдории оилаву ишқу муҳаббат дар байни одамон сари кор доранд. Ин гуна ба хатои сиёсӣ айбдор намудани як адиб замони шӯравӣ барои ҳаёту эҷодиёти вай оқибатҳои хеле бад дошт. Падарам ба хона озурдаву ғамгин баргаштанд. Он мақомҳо ба ин ҳам қаноат накарда, ба раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки он рӯзҳо дар сафари корӣ дар Маскав ё кишвари дигар будаанд, телефонӣ шикоят мебаранд, ки бубинед, шогирдатон чӣ гуна шеъри аз нигоҳи сиёсӣ хато мегӯяд. Устод Турсунзода он шеърро бодиққат мешунаванд, пас ба даъвогарон мегӯянд, ки он шеъри бисёр хуб аст, ба Шукуҳӣ кордор набошед. Ҳамин тавр, он балои замона аз сари падарам дафъ мегардад.»
Моҳи июни соли 2019 ба таваллуди шоири маъруфи тоҷик , журналист, тарҷумон, дорандаи мукофоти Давлатии РСС Тоҷикистон ба номи А.Рудакӣ, коркуни Хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ 95 сол пур шуд. Дар сомона матлаби муфассале дар бораи шоир дорем, ки поёнтар ба он ишора мекунем.
А.Шукўҳӣ ба майдони адабиёт ҳамчун шоир қадам ниҳода, дар баробари он асарҳои насрӣ: очерку ҳикоя, повесту роман, песаю кинодрама эҷод кардааст.
Аминҷон Шукўҳӣ ҳамчун шоири лирик дар адабиёти тоҷик мавқеъи намоён дорад. Бисёр бастакорони тоҷик ба эҷодиёти А,Шукўҳӣ муроҷиат намуда, ба бештар аз 100 шеъри ў оҳанг сохтаанд. Шоир барои матни сурудҳои дар васфи Ватан, дўстӣ ва ишқу муҳаббат эҷод кардааш соли 1965 ба гирифтани ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ мушарраф гардида буд.
Он нафосату дилчаспиеро, ки дар шеърҳои шоир дидан мумкин аст, хонанда низ дар ҳикояҳои лирики пайдо карда метавонад. Онҳо бо завқи баланди шоирона навишта шудаанд ва аз маҳорати баланди эҷодкорашон гувоҳи медиҳад. Публистистика ва очеркҳои ў ба пешрафту тараққии давлатамон ва корнамоиҳои азими меҳнаткашон бахшида шудааст. Масъалаҳои муҳими доир ба обу замин бардоштаи муаллиф яке аз ниятҳои нағзи ў мебошад, ки ўро дар байни хонандагонаш азизу соҳиби обруй мегардонад.
А. Шукўҳӣ адиби бачагона низ ҳаст. Вай барои онҳо шеъру тарона, ҳикояю повестҳо эҷод кардааст. Маҷмўаҳои «Баррачаи гурезпо», «Ил -18 омад» , «Заврақи шиновар», «Асад ва Самад», «Об аз куҷо меояд ?» ва ғайраҳо асарҳои дўстдоштаи бачагон аст.
Шоир образҳои мувофиқ, мавзўҳои конкретии ба ҳисси ақли бача таъсиркунанда, ашьёҳои реалии тасвирро ба чашмони бачаҳо дида, ба завқи онҳо мувофиқ кунонида ба қалам дода тавонистааст. А.Шукўҳӣ бо шеърҳои бачагонаи худ дар тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузоштааст.
Дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ин китобҳо аз Аминҷон Шукуҳӣ дастрасанд:
Шукўҳӣ А. «Баррачаи гурезпо» Шеърҳо барои бачагон Душанбе-1964с
Шукўҳӣ А. «Ил-18 омад” Душанбе-1969с «Ирфон»
Шукўҳӣ А. «Заврақи шиновар» Душанбе-1977с
Шукўҳӣ А. «Асад ва Самад» Душанбе-1973с
Шукўҳӣ А. «Об аз куҷо меояд?» Душанбе- 1969с
Шукўҳӣ А. «Боғи шакарханд» Душанбе- 1977с.
«Баргҳои тиллоӣ» гулчине аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукўҳӣ буда , ба ифтихори 90 –умин солгарди мавлудаш нашр гардидааст. Ҳар шеър барге аз дарахти шеъри шоиранд, ки сабзу устувор мондаанд. Умедворем , ки ин дарахт боз солҳои зиёд барҷо мемонад ва мевааш коми шуморо ширин мекунад. Ин шеър аз ҳамин маҷмуа аст:
Сафар кардам,ҷаҳон дидам
Сафар кардам, ҷаҳон дидам,
Руҳи пиру ҷавон дидам,
Гаҳе фасли хазон дидам,
Гаҳе оби равон дидам.
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам,
Ки ман аз Шарқи озодам.
Нигоҳеро нафаҳмидам,
Сурудеро писандидам,
Гаҳе аз ғусса бигристам
Гаҳе бо дўст хандидам,
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам,
Ба сад кас ҳамқадаҳ гардам,
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам.
Ки ман аз Шарқи озодам.
Таҳияи Фирӯза Аҳророва,
мутахассиси пешбари шуъбаи кӯдакон ва наврасон.
Ёфтаҳои дигар дар бораи Аминҷон Шукуҳӣ:
"Таронасози муҳаббат": дар Хуҷанд Аминҷон Шукӯҳиро ёд карданд