Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ: ҚАЛЪАИ ҶИР-ҶИРАК
Нашр шуд 2018-12-20 15:31
Чаро Чир-Чирак? Бино ба гуфтаи мардуми маҳал ин қалъа ва ин мавзеъ пештар ба унвони «Ҷилдара» машҳур будааст. Баъдан бо мурури замон ва лашкаркашиҳои саркардаҳои муғулу турк ба худ номи Қалъаи «Ҷир-Ҷирак»-ро гирифтааст. Аммо ин фарзияи мардум аст, то ҳол ковишҳои илмӣ дар бораи таърихи номи қалъа чизеро пайдо накардаанд.
«Таърих бузургтарин устод, одилтарин ҳакам, холистарин воқеанигор ва корозмудатарин роҳбалад буда, моро аз гузаштаҳои дурр ба сўи қарнҳои оянда ҳидоят менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
Қалъаи қадимае ёфт шудааст, ки то тадқиқоти бостоншиносон ҳам ин ҷоро Қалъаи Ҷир-Ҷирак мегуфтанд. Қалъа дар тарафи рости соҳили дарёи Вахш, дар домани кўҳи Хоҷамастон дар ҷойи ба ҳам омадани дара ва теппае сохта шудааст. Назди Қалъа аз давраҳои қадим қабристони куҳнае ҷой доштааст (таърихи ин мавзеи қадима дар ковишҳои соли 2006, ки аз ҷониби бостоншиносони Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии ходими калони илмӣ Т. Флимонова сурат гирифта буд, оварда шудааст).
Ин қалъа 3 км дуртар аз дарғот ҷойгир буда, дар баландии 50 метр аз сатҳи дарё сохта шуда, ба се қисм тақсим шудааст. Дар қисми якум дидбонгоҳ сохта шуда будааст. Маркази Қалъа чоркунҷашакл буда, гирдогирд бо девори сангини паҳноияш 1,5м. иҳота карда шудааст. Хонаҳои истиқоматӣ гирдогирд сохта шуда, дар марказ майдонча будааст. Дар қисми ақибгоҳи қалъа ҷое ёфт гардид бо паҳнои 20х10 м. ва чуқурии 1,5 метр. Дар қисми дигари ҳавлӣ қисми асосии қалъа ёфт гардид, ки тарҳи хонаҳо тамоман фарқ мекарданд. Хонаҳо росткунҷа буда, зинаҳо низ доштанд.
Ҳамаи хонаҳо аз похсадевор иборат буда, бо сангмайдаҳои калон ва реги сурх омехта карда шуда буданд. Ғафсии миёнаи деворҳо 70-80 см-ро ташкил мекунад. Замини хонаҳо ҳамвор ва сахт карда шуда, аз қуму дарёи Вахш истифода карда шудааст ва борҳо аз нав тармим карда шудаанд, ки инро хоки аз қабатҳо иборат будаи фарши хонаҳо ва чакдонҳо исбот мекунанд. Чакдонҳо ҳатто се намуд будаанд: якум сандалӣ, дуюм танур ва сеюм печи дар девори сангин сохташуда.
Аз байни бозёфтҳо махсусан зарфҳои гилинро қайд кардан бо маврид аст: косаҳои бутун, пиёла, гулдон, обгирак ва коса. Товасанги гулобӣ дарёфт гардид, ки чуқуриҳои доирашакл дошт, ки он ба монанди кандгираки имрўза бо сохт ва зебогии монандӣ мекунад. Диққати моро санге ба худ ҷалб намуд, ки дар он муҳра тайёр мекардаанд. Аз ин маълум мегардад, ки дар Қалъа натанҳо мардум ба рехтагарӣ машғул будаанд, балки аз пораҳои сафоли гудохташуда маҳсулоти шишагин низ истеҳсол карда мешудааст. Аз ин миён як чанд ашиёҳои суфтаи хурд ёфт гардидааст. Буҷулҳои сангин низ пайдо шудаанд, ки бо кадом мақсаде сохта шуда будаанд. Аз байни онҳои сангҳое ёфт шудаанд, ки бо рангашон ва намудашон бо ҳамон маҳсулоти шишагин монандӣ як навъ будааст, вале нисбатан калонтар будааст. Дар маркази буҷул дажғолҳо дарёфт шудаанд.
Аз бозёфтҳои дар боло зикргардида маълум мегардад, ки Қалъаи Ҷир-Ҷирак ба асрҳои XVII-XIX таалуқ дорад.
Аммо чаро Чир-Чирак? Бино ба гуфтаи мардуми маҳал ин қалъа ва ин мавзеъ пештар ба унвони «Ҷилдара» машҳур будааст. Баъдан бо мурури замон ва лашкаркашиҳои саркардаҳои муғулу турк ба худ номи Қалъаи «Ҷир-Ҷирак»-ро гирифтааст. Аммо ин фарзияи мардум аст, то ҳол ковишҳои илмӣ дар бораи таърихи номи қалъа чизеро пайдо накардаанд.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ин қалъаи қадимӣ боз метавонед матолиби зерро бихонед:
Хатлон дар масири таърих //Хуҷанд, Ношир. – 2006 с.
Назаре ба дунёи сангтўда ва олиҳаи он – Охшо (Вахш)
//Душанбе, 2008. – 307 с.
Нуру нории Вахшрўд //Душанбе, 2006 с.
Ҷустуҷўи санъатшиносон [Экспидитсияи таърихӣ ба номи А.Дониш дар деҳаҳои н.Н.] //Тоҷикистон. – 1966. - 18 январ.
Абдуғаюр Саломов
Шуъбаи маркетинг ва маенеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.