Гурӯҳи муҳаррирону хабарнигорони маъруфи Воситаи ахбори оммаи чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи ошёнаи дуюм аҳли роҳбарияти Китобхонаи миллӣ пешвоз гирифтанд.
Рӯзноманигорон аз шаҳрҳои бузурги давлати щамсоя - Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Намангон, Ҷиззах ва Термиз омада буданд.
Онҳо сараввал аз мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюми Китобхона ҷойгир аст, дидан намуданд. Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.
Баъдан, меҳмонон аз осорхонаи китоб, ки онҷо дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешавад, дидан намуданд. Дар осорхонаи китоб зиёда аз 100 нусха дастхатҳои нодир, ки аз ҳама қадимтаринаш асрҳои 13 -14 маҳсуб меёбад, нигаҳдорӣ мешаванд. Ин дастхатҳои нодир “Таърихи табарӣ”-и Абуҷафъар Муҳаммад ат –Табарӣ, “Дувалронӣ ва Хизрхон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Девон”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ ва ғайра мебошанд.
Ҳамзамон, рӯзноманигорони ӯзбекистонӣ аз толори китобҳои тозанашри даврони Истиқлолият дидан намуданд. Дар толори китобҳои тозанашр зиёда аз 800 нусха адабиёти нав ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ аз 3 қисмат иборат мебошад.
Ҳамчунин, хабарнигорони маъруфи Воситаи ахбори оммаи чопӣ ва электронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз толори хониш ва толори хониши электронии Китобхона дидан намуда, ба шароиту имконоти хониш ва омаду рафти хонанда дар Китобхона баҳои баланд доданд.
Меҳмонон бо таассуроти нек аз Китобхонаи миллӣ рафтанд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод