Некрӯз Мансуров: Тибқи меъёрҳои китобдорӣ як нафар набояд беш аз 10 - 15 дақиқа интизори китоб бошад
Нашр шуд 2017-10-12 15:00
Омилҳои афзоиши теъдоди хонандагон дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва узвият дар китобхона. Ин буд мухтасари суҳбати мо сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллӣ Некрӯз Мансуров
- Дар мавриди омадурафти хонандагон ба Китобхонаи миллӣ, хусусан аз шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён чӣ гуфта метавонед?
- Бояд гӯем, ки дар қиёс моҳи сентябри соли гузашта вуруди хонандагон ба толорҳои хониш бештар аст. Ҳамарӯза бештар ва гоҳо каме камтар аз ҳазор нафар ба толори хониши Шуъбаи хизматрасонӣ ба мушктриён қадам ранҷа медоранд. Ва ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се маротиба зиёд аст. Бештар аз 65 дарсади хонандагони мо таваҷҷуҳ ба адабиёти соҳавӣ дорад. Як теъдодашон меоянд, то китобҳои бадеӣ бихонанд.
Гузашта аз ин шумори касоне, ки ба тозагӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта мешаванд, низ дар муқоиса ба моҳи сентябри соли гузашта бештар аст. Ба ҳисоби миёна мо ҳар рӯз аз 250 то 400 нафарро ба узвият қабул мекунем.
- Бештар донишҷӯёни кадом муассисаҳои олӣ ба узвияти Китобхонаи миллӣ қабул шудаанд? Яъне, зиёдтар кадом донишгоҳҳо аз Китобхона истифода мебаранд?
- То охири моҳи сентябр 6072 хонандаи нав аллакай аъзо шудааст. Бештар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ва ғайра. Умуман солҳои охир таваҷҷуҳи донишомӯзони қариб ҳамаи донишгоҳҳои пойтахт ба Китобхонаи миллӣ афзудааст ва онҳо бештар аз пештар меоянд ва китобҳои дарсии худро аз китобхона суроғ мекунанд. Масалан соли гузашта бештар аз ҳама донишҷӯёни факултаҳои мухталифи Донишгоҳи тиббӣ меомаданд, ҳарчанд ин боргоҳи илм худ китобхонаи калон дорад. Ҳоло имсол мебинем, ки донишҷӯёни Донишгоҳи милливу Донишгоҳи тиббӣ ҳарду назар ба дигар муасисаҳои олӣ бештар ба китобхона меоянд.
Тибқи меъёрҳои китобдорӣ як нафар донишҷӯ бояд чӣ қадар вақт барои китобашро гирифтан масраф намояд?
Оё шумо ҳамавақт дархости хонандаро қонеъ карда метавонед? Яъне китобҳои меҷустаи хонанда имрӯз ҳамааш пайдо мешавад?
Шарҳи мо: Теъдоди хонандагон ба Китобхонаи миллӣ зарфи нуҳ моҳи соли 2017 нисбат ба нуҳ моҳи соли 2016 13 ҳазору 114 нафар афзудааст.
Яъне, дар нуҳ моҳи соли 2017, аниқтараш то 28-уми сентябри соли 2017 ба узвияти Китобхонаи миллӣ 27176 нафар хонандаи нав пазируфта шуд.
Аз моҳи январи соли 2017 то 28-уми сентябри соли 2017 ба шуъбаву толорҳои Китобхонаи миллӣ 355 ҳазору 318 нафар хонандагон ташриф оварданд, ки ба ҳисоби миёна дар як моҳ 39 ҳазору 480 нафар мебошад.
Нисбат ба нуҳ моҳи соли 2016 теъдоди омаду рафти хонандагон 116655 нафар зиёд аст.
Сӯҳбаторо: Фарзонаи МИРЗО