Зарфи як сол шумораи хонандагони Китобхонаи миллӣ афзуд ё кам шуд? Сифати хизматрасонӣ ба муштариён чӣ гуна буд? Онҳо аз чӣ шикоят доштанд ва барои ислоҳи камбудиҳо чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
Барои посух ба ин суолҳо суҳбати кутоҳе доштем бо Сардори шуъбаи хизматрасони ба муштариёни Китобхонаи миллӣ Некрӯз Мансуров ва суоли нахустини мо низ дар бораи омадурафти хонандагон ба толори хониш ва сатҳи хизматрасонӣ ба онҳо буд.
- Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён яке аз калонтарин шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб рафта, соли равон ба 156528 нафар хонанда хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 22938 нафар зиёд мебошад. Кормандони шуъба оиди дархости хонандагон 184361 нусха адабиёт пешниҳод намуданд, ин миқдор адабиёти пешниҳодшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52117 нусха зиёд мебошад.
- Метавонем теъдоди аъзоёни нави китобхона дар соли ҷориро бо соли гузашта қиёс кунем?
- Бале. Шумори аъзои нави китобхона низ дар циёс ба як соли пеш бештар аст. Соли ҷорӣ назар ба соли 2016 16 ҳазору 119 нафар зиёдтар ба узвияти китобхона пазируфта шудаанд.
- Шуъба дар бойгонии худ чӣ миқдор китоб дорад?
- То ба имрўз фонди шуъба зиёда аз 68609 нусха китоб иборат аст, ки аз инҳо зиёда аз 11862 нусха китоб бо забони тоҷикӣ ва боқимондааш бо забони русӣ мебошанд. Соли равон барои пурра гардонидани фонди шуъба аз шуъбаи такмили адабиёт 1637 нусха адабиёти нав қабул намудем, аз ин миқдор адабиёт 1169 нусха бо забони тоҷикӣ ва 464 нусха бо забони русӣ мебошад, ки фонди умумии шуъба ба зиёда аз 70246 нусха расид. Аз ин шумора 13031 нусха бо забони тоҷикӣ ва 57215 нусха бо забонҳои русӣ ва инглисӣ мебошад.
- Хизматрасонӣ ба муштариён дар кадом сатҳ аст? Хонандагон адабиёти дархостшударо сари вақт дастрас мекунанд ва ё мушкилоте вуҷуд дорад?
- Дар мавриди таъмин намудани дархости хонандагон бо адабиёти лозима чунин гуфтан мумкин аст, ки кормандони шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён бо кормандони шуъбаи нигаҳдории китоб ҳамеша аз паи иҷрои саривақтии дархости хонандагон буда, дар лаҳзаҳои пайдо накардани дархостҳо аз дигар манбаъҳо истифода менамоянд. Мо хеле кам шикоят аз нарасидани китоб дорем. Аз рӯйи дархости хонанда барои таъмини адабиёт кормандони шуъба бо мувофиқа ба роҳбарияти китобхона як қатор адабиёти лозимие, ки аз ҷониби хонандагон бисёр дархост карда мешавад, ба қадри имкон харидорӣ намуда истодаем, ки то ба имрӯз аз китобҳои тиббӣ сар карда, то китобҳои дарсии макотиби миёна харидорӣ шудаанд.
- Соли 2018 дар самти хизматрасонӣ ба хонандагон чиро метавон интизор буд?
- Соли 2018 дар самтҳои зерин фаъолиятамонро ба роҳ монданӣ ҳастем:
а) Ташкили ҷойҳои нишасти иловагӣ барои хонандагон
б) Мусоидат дар ворид гардидани адабиёти тозанашр
в) Зиёд намудани теъдоди адабиёте, ки аз тарафи хонандагон бештар дархост карда мешаванд
г) Дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва қабул намудани дархости хонанда дар шакли электронӣ.
Ташаккур барои сӯҳбат!
Суҳбати Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод