“Нақши забони миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон»
Нашр шуд 2017-10-04 18:00
Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки баъд аз зуҳри имрӯз бо талоши Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон баргузор гардид.
Профессор Абдусалом Мирализода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар суханони муқаддамотии худ роҷеъ ба таърихи мухтасар ва зарурати мақоми давлатӣ дарёфт кардани замони тоҷикӣ ҳарф зад. Ҳамчунин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди забон ва таҳкими пояҳои қонунии он сутуд.
Профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дар мавзуъи “Нақши Ибни Сино дар таҳаввули замони илмии тоҷик” суханронӣ кард. Вай аз ҷумла гуфт, ки Абӯалӣ ибни Сино на танҳо як табиби маъруф, файласуф, муаррик, риёзидон, ситорашинос буд, балки як забондони беҳамто ба шумор мерафт ва таълифоти зиёде дар ин мавзуъ дорад.
Сайфиддин Мирзоев – мудири Шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуъи “Осебпазирии забони тоҷикӣ дар марҳилаи муосир” маърӯза кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ мавзуъи “Рушди забони тоҷикӣ дар шароити истиқлолият”-ро мавриди суҳбат қарор дод.
Дар поёни нишаст миёни иштирокчиён табодули афкор дар атрофи мавзуъҳои баррасишуда ҷараён гирифт.
Дар мизи мудаввар донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Суратгир Хусрави Милод