Оғози дарсҳои забони куриёӣ баъди танаффуси семоҳа
Нашр шуд 2017-10-04 11:56
Баъди се моҳи таътил давраи нави омӯзишии забони куриёӣ оғоз гардид. Ташаббускори азсаргирии дарсҳо ин бор Гӯшаи фарҳангии куриёи Ҷанубӣ аз тариқи Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллӣ буд.
Дар маросими шуруъи аввалин дарс дар мавсими нави таълим Директори маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонг, омӯзгорон Чой Миҳӣ, Ши Накюн муаллимони марказ ва сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов иштирок доштанд.
Абубакр Аминнов зимни суханронӣ дар ин маросим ба сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, ки омӯзиши ҳама забонҳоро ба миллат муфид ва саривақтӣ медонад. Ҳамин сиёсат буд, ки ҳоло дар Китобхонаи миллӣ дар радифи забони куриёӣ, дарсҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, инглисӣ, русӣ, чинӣ ва арабӣ низ ба роҳ монда шудаанд.