Австрия аз Тоҷикистон феҳристи «Хазинаи тиллоии тоҷикон»-ро дархост кард
Нашр шуд 2017-03-18 16:29
Китобхонаи миллии Австрия тавассути маркази иттилоотии Абонементи байни китобхонаҳои Русия феҳристи «Хазинаи тиллоии тоҷикон»-ро дархост кард.
Тибқи муқарарот бо дархости китобхонаҳои калонтарини ИДМ ҳар сол тавассути Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳои Китобхонаи миллӣ феҳристи адабиёти нодиртарини тоҷикон бо китобҳои тозанашри нашриётҳои ватанӣ ба таври электронӣ пешниҳод мегардад. Боиси ифтихор аст, ки бисьёр осори пурғановати классикон ва олимони муосири тоҷик мавриди қабули ҷаҳониён шуда, бо чандин забонҳо тарҷума мегарданд.
Соли 2017 Китобхонаи миллии Австрия тавассути маркази иттилоотии МБА ( АБК) -и Русия феҳристи «Хазинаи тиллоии тоҷикон» ро дархост намуд
Маврид ба ёдоварист, ки 15 –уми апрели соли 2016 дар Китобхонаи миллии Австрия мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА, СММ ва дигар созмонҳои бйналмилалӣ дар Вена бо сардори Департаменти рушд ва муносибатҳои байналмилалии Китобхонаи Австрия хонум Элизабет М.Эдхофер баргузор гардида буд. Зимни вохўрӣ ба Китобхонаи миллии Австрия нусхаҳои китоби «Хазинаи тиллоии тоҷикон» ба мақсади дастрас гардидани онҳо на танҳо ба хонандагони австрёӣ, балки барои мардуми кишварҳои дигари Аврупо тақдим шуданд. Акнун дўстдорони таърихи китоб ва санъати тоҷикон метавонанд ин китобро мутоила намоянд.
Китобхонаи миллии Австрия таърихи 300-сола дошта, дар яке аз толорҳои қасри қадимтарини шаҳри Вена «Хофбург» ҷойгир аст. Он дорои тамоми китобҳои нашрияҳои Австрия, асарҳои адибону олимони ин кишвар, инчунин китобҳое, ки дар хориҷа нашр гардидаанд, мебошад.
Дар хазинаи китобхонаи мазкур зиёда аз 7,5 млн. нусха китоб, 180 ҳазор папирус, ки қадимтарини он муталлиқ ба асри 15 мебошад, мавҷуданд.
Ғайр аз ин дар бойгонии китобхона дастнависҳо, китобҳои қадим (аз асри 6), харитаҳо, глобусҳо ва расмҳои нодир ҷой дода шудаанд.
Моҳира Бахшова
Сардори шуъбаи
абонементи байни китобхонаҳо