«Забон донӣ - ҷаҳон донӣ»
Нашр шуд 2018-12-25 12:48
Таҳти ҳамин ном дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию маърифатӣ бо Гўшаи фарҳангии Чин, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии фарҳангию маърифатиро оғоз намуда, дар бораи ҳамкориҳои Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо Институти Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар Китобхона толори худро дорад, суханронӣ намуданд.
Директори Китобхонаи миллӣ ба фаъолияти Гўшаи Чин баҳои баланд дод ва таъкид намуд, ки Институти Конфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва толори он дар Китобхонаи миллӣ дар таълими забони чинӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Ҳусайн Асозода – устоди Институти Конфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти таълимии соли 2018 ва нақшаҳои таълимӣ дар соли 2019 суханронӣ кард.
Дар қисмати фарҳангии ин чорабинӣ хонандагони фаъол ва забономўзони Гўшаи фарҳангии Чин Ваҳобиддин Нурмаҳмадов, Муҳаммад Аминов, Земфира Аҳророва, Сумая Нормаҳмадова бо забонҳои чинӣ ва тоҷикӣ сурудхонӣ карданд, Ақлимо Паноева бошад рақси бадахшонӣ иҷро кард.
Дар қисмати хотимавӣ аз тарафи Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ва намояндаи Толори Чин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хонум Чин Ванг Хуей Ҷуван ба хонандагони фаъоли забономўз тўҳфаҳо тақдид карданд.