Боздиди Сафири Куба аз Китобхонаи миллӣ

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куба дар Осиёи Марказӣ  (Сафорат дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон) ҷаноби  Карлос Валдес де ла Консепсион дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Китобхонаи миллӣ дидан кард ва бо роҳбарону кормандони он ҳамсуҳбат шуд.
Ҷаноби Сафир зимни ин боздид ба Китобхона 6 адад китобҳои тозанашри ноширони кишварашро тақдим кард.
Ин аввалин дидори дипломати баландпояи Куба аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.