Китоби нав: “Девон”-и Калими Кошонӣ

Лавҳи мазори хеш зи девони худ кунам,

Яъне, маро ба ғайри сухан ёдгор нест!

Абўтолиб Калими Кошонӣ, ки бо ному тахаллуси Толибои Калим низ шуҳрат дорад, аз бузургтарин суханварони асри XVII-и Эрон буда, дар Ҳиндустон то ба мартабаи Маликушшуарои дарбори Шоҳиҷаҳон (1627-1658) расидааст. Ўро муаллифони сарчашмаҳо ва осори илмӣ  “Халлоқулмаонии сонӣ ”ва “Фанни охирин саҳфаи китоби шоирӣ ” донистаанд.

Калим тақрибан соли 990/1582 дар Эрон ба дунё омадааст. Аз ҷамъбасти андешаҳои муҳаққиқин ва абёти зерин бармеояд, ки шоир зодаи Кошону парвардаи Ҳамадон аст.

Калими Кошонӣ дар радифи бузургтарин соҳибмартабони равиши тозаэҷоди ба ном “сабки ҳиндӣ ” дар таърихи адабиёти тоҷику форс нақши шоистае дошта, тавассути маъниофаринию хаёлбандиҳои тоза, андешаҳои баланди инсондўстӣ, ахлоқию иҷтимоӣ  ҳанўз дар замони зиндагиаш ба унвони “Халлоқулмаъонии сонӣ ” мушарраф гардидааст, ки осори арзишманди ў барои хонандаи имрўз низ азизу гиромӣ  ва маҳфилорою мавриди таваҷҷуҳ мебошад:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда бар онем, ки ором нагирем!

Абўтолиб Калими Кошонӣ, ки ба хонандаи арҷманди ашъори шоир пешкаш мегардад, дар асоси нашрҳои партави Байзоӣ (Теҳрон, 1958), Муҳаммади Қаҳрамон (Машҳад 19989) ва нусхаҳои хаттии таҳти рақами 1953 ва 620-и захираи дастнависҳои Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Ин чанд сатр аз сарсухани Шамсуддин Нуриддинов ба китоби “Девон”-и Калими Кошонӣ, ки нашриёти Дониш соли ҷорӣ чоп кардаву ҳоло чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ низ ворид шудааст, иқтибос шуд.

Дилноза Ғаниева, мутахассиси пешбари

маркази такмили ихтисос.

Барчаспҳо: